​Даври донишгоҳии озмуни “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавон” доир гашт

Дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даври донишгоҳии озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавон” миёни донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва омӯзгорони ҷавони то 30-сола дар самтҳои барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, сохтмон, экология, геология, энергияи барқароршаванда, таҷҳизоти мошинсозӣ, маркшейдерӣ, металлургия, кӯҳкорӣ, техникаю технология ва илмҳои табиатшиносӣ гузаронида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар озмуни мазкур 30 нафар дар бахшҳои ихтироъ ва навоварӣ, модел ва конструксияҳо ва маҳсулоти барномавии технологияҳоииттилоотӣ бо маҳсули эҷодӣ ва ихтирооти худ ширкат намуданд, ки аз ин шумора 10 нафар бо ихтироъ ва навовариҳои ҷолиб ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.

Натиҷаи даври донишгоҳии озмун аз рӯи бахшҳо:

Бахши ихтироъ ва навоварӣ

  • Каримов Комёр Каримович – донишҷӯи курси 3 - юми факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилотӣ ҷойи 1 - ум
  • Холбоев Зуҳалҷон - донишҷӯи курси 5 - уми факултети физика ва техника ҷойи 2-юм
  • Назиров Илҳом Зафарович- донишҷӯи курси 5- уми факултети санъати тасвирӣ ва дизайн ҷойи 3-юм
  • Фахриева Нигора - донишҷӯи курси 5 - уми факултети санъати тасвирӣ ва дизайн ҷойи 3-юм

Бахши модел ва конструксияҳо

  • Раҳмонов Мирзомаҳмуд - донишҷӯи курси 4- уми факултети физика ва техника
  • Назаров ҶамшедДонишҷӯи курси 3 - юми факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилотӣ
  • Отаҷонов Дилшод - донишҷӯи курси 3- юми факултети физика ва техника

Бахши маҳсулоти барномавии технологияҳои иттилоотӣ

  • Негматов Абдураззоқ - донишҷӯи курси 3-юми факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилотӣ
  • Абдуллоева Раҳимахон - донишҷӯи курси 3- юми факултети математика
  • Мамадҷонов Идрисҷон, Уразов Диёрбек - донишҷӯёни курси 4- уми факултети математика
  • Ҷӯраев Комрон - донишҷӯи курси 3-юми факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилотӣ

.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ