​Дарси кушод: “Усули тайёр кардани кӯдакон ба мактаб”

Дар толори факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ аз ҷониби муаллимаи кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабӣ Юсупова Умеда дарси кушод доир гардид.

Дарси кушод аз фанни “Тайёрӣ ба саводомузӣ” ташкил шуда, ба мавзуи “Усули тайёр кардани кӯдакон ба мактаб” бахшида шуд.

Дар дарси мазкур донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ иштирок намуданд.

Ҷараёни дарс бо робитаи хуби омӯзгор ташкил шуда, дар рафти дарс донишҷӯёни гуруҳ хеле фаъол буданд.

Дар раванди дарс аз муаррифӣ (презентатсия), аёниятҳо ва воситаҳои техникии таълим истифода бурда шуд, ки сифати ҷараёни таълимро таъмин намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ