​Дарси кушод дар раванди таҷрибаомӯзии педагогӣ

Донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси забони англисӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и шаҳри Хуҷанд таҷрибаомӯзӣ доранд.

Дар доираи ин раванд донишҷӯён дар дарсҳои омӯзгорони собиқадор иштирок намуда, маҳорати педагогии худро таҳким мебахшанд.

Ҳамзамон, таҷрибаомӯзон мустақилона дарс гузашта, донишҳои назарии худро дар амал татбиқ намуда истодаанд.

Аз ҷумла, таҷрибаомӯзони гурӯҳ Баротҷонзода дар мавзуи “The Letter Vv”, Файзиева ва Ҳамроқулова дар мавзуи “The Letter Ww” дарсҳои кушоди намунавии худро гузарониданд.

Дар дарс аёниятҳои гуногун, овеза, варақа, красворд, воситаҳои техникӣ, ва методҳои муосири таълим ба кор бурда шуд.

Дар дарси кушод маъмурияти мактаб ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ