Баҳси марзӣ: Ҳақиқати таърихӣ ва адолати ҳуқуқӣ ҷониби тоҷикон аст

Чунин унвон дошт мулоқот, ки дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ ба хотири таҳкими саводи ҳуқуқӣ ва таърихӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии донишҷӯён ба роҳ монда шуд.

Дар доираи ин иқдом мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мулоқоти мазкур иҷрокунандаи вазифаи декани факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дотсент Нуруллозода Хушбахт, декани факултети таърих ва ҳуқуқ дотсент Ҷабборов Иброҳим ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Дотсент Нуруллозода Хушбахт моҳияти мақолаи мавриди назарро барои иштирокчиён шарҳ дода, таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли таърих ҳеҷ гоҳ кишвари таҷовузкор набуд ва нест.

“Ҷониби тоҷикон ҳамеша тарафдори сулҳ буд ва ҳаст. Тамоми ташаббус ва ибтикороти мардуми тоҷик ба хотири сулҳ ва оромӣ равона мешавад” – зикр дошт Нуруллозода.

Дар идома дотсент Ҷабборов Иброҳим аз иқдоми мақомоти олии мамлакат ва сиёсати Роҳбари олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳалли баҳси марзӣ ва таъмини оромӣ хотиррасон гардид.

Гуфта шуд, ки ҷониби Қирғизистон ҳамчун ҷониби ғосиб ё ғасбкунанда заминҳои қонунии Тоҷикистонро баргардондан намехоҳад, зеро мувофиқи тамоми далелҳои таърихӣ, ҳуҷҷатӣ ва мантиқӣ заминҳои баҳсӣ марбут ба Тоҷикистон аст.

“Моҳияти содаи низои печидаи марзӣ байни ду давлати ҳамсоя аз ин иборат аст, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади байни ин ду кишвар, имрӯз ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад” – зикр шуд дар мулоқот.

Ҳадаф аз мулоқоти мазкур аз нуктаи назари таърихӣ ва сиёсӣ шарҳ додани омилҳои баҳси марзӣ ва рӯшании амиқ андохтан ба масъалаи даъвои марзӣ миёни донишҷӯён унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ