​Баҳри пешгирии пайомадҳои номатлуби коррупсия

Коррупсия аз зуҳуроти барои давлату ҷомеа зараррасон мебошад, ки боиси коҳиши равандҳои гуногуни тараққиёт мегардад.

Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввали муқовимат бо коррупсия қадамҳои устуворона гузошта, то имрӯз зина ба зина пояҳои арзишҳои демократиро мустаҳкам гардонида истодааст.

Ин аст, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта, бартарафсозии такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, такмили шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ, дар кишвари мо Агентии мубориза алайҳи коррупсия таъсис дода шуд.

Албатта, барои мубориза алайҳи коррупсия фаъолияти дастҷамъона муҳим аст. Имрӯз пешгирии коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар партави ин иқдом, ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми июли соли 1999 № 1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)», қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10-уми декабри соли 1999 заминаи марҳалаи сифатан нави муборизаро бо ин зуҳуроти номатлуб оғоз бахшид.

Воқеан, бар нафъи зиндагии шоистаи мардум аст, ки муқовимати шадидро дар ин самт ҳар як шаҳрванд ба роҳ монад, то дар ҳамҷоягӣ он решакан гардад.

Таваҷҷуҳи бештар нисбат ба бартарафкунии ҳолатҳои коррупсионӣ дарак аз он медиҳад, ки давлат барои беҳбудии ҳаёти мардум қадамҳои устувор дорад. Ва ҳар шахс бояд бо виҷдони пок ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар ин росто муборизаи беамон барад.

Чӣ тавре ки, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд “Мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем”.

Бинобар ин, ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, баҳри баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба давлат, афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирии пайомадҳои номатлуби он, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва устувор намудани арзишҳои демократӣ дар ҷомеа вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буда, моро зарур аст, ки дар мубориза алайҳи ин зуҳурот муттаҳид бошем.

Сурайё ҲАКИМОВА,- омӯзгори кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ