​Азроил тӯъма ёфтааст?

Нафаре, ки ба қудратҳои палидонаи худ иқрор асту вале, бо сабаби хуну зоти нопок ором ёфта наметавонад, ҳолати ноҳинҷор дорад. Доимо дар тарсу ҳарос, хавотирӣ мебошад, заррае бошад ҳам азоби виҷдон мекашад. Алалхусус, аз марг дар ҳарос аст. Зеро, худозада асту оқибати амалҳои палидонааш пештар фикр накардааст. Аз ин рӯ, гарчанде кибру мутаҳҳамӣ касби ӯст, дар ҳароси доимӣ аст, ки аҷал бехабар мерасаду молу мулкашро каси дигар соҳибӣ мекунад. Фарди мусалмон на чунин бошад. Чунки, бо дарки ягонагии Аллоҳи таъоло ҳар фард аз давраи таваллуд то марг дар андешаи номаи аъмоли пур аз савоб асту аз кардани гуноҳ худдорӣ мекунад. Вале, баъзе нафарони палиди симои инсонӣ дошта аз кӯдакӣ мутеи Иблис гардидаву то дами пирӣ ҳамаи кирдорҳояшон гуноҳкорӣ ва риёкорӣ мебошад. Чунин тоифаи малъунро наздик омадани маликулмавт – Азроил, агар каме ба худ надорад, дигар қудрате ба андеша надоранд.

Дар радифи гуфтаҳои зикргардида бо итминони комил метавон мисоли ҳаётӣ овард, ки ба тоифаи номбурдаи ҳамсафони шайтони лаин -аъзои ташкилоти террористию экстремистии мамнӯ – ҳизби наҳзати ислом бо сардории Муҳиддин Кабирии мунофиқи маккор шомиланд. Ин бадкирдорони хоину ватанфурӯш дар саҳрои олудаи ҳамҷинсгароии Аврупо ҷилва мезананду доимо сангпартоӣ ба сӯи хоки аҷдодиро шуғли доимӣ қарор додаанд. Гӯё дигар коре аз дасташон намеомада бошад? Амалҳои ифротонаашон ба авҷи аъло расидаасту ба синни калонсолӣ расидаанд ва баъзан ёде аз охирату дами марг мекунанд.

Дар байни ин афроди нопоки наҳзатӣ нафарони пир низ мавҷуданд, ки бо қавле пояшон ба лаби гӯр расидааст. Яқин аст, ки ба қарибӣ бо Азроил рӯбарӯ мешаванд. Бояд хуб донанд, ки Азроилро бо маблағ, нолаву зорӣ ё чораи дигар аз иҷрои вазифа боздошта намешавад. Азроил танҳо ба назди касе ҳозир мегардад, ки аллакай номаи аъмолаш пӯшида шудаасту аз дафтари зиндаҳо ба китоби мурдаҳо кӯчонида шудааст.

Фарорасии лаҳзаҳои омад – омади Азроил ва талвосаи ҷон барои наҳзатиёни палид, чӣ қадар боровару вазнин бошад, ҳатто ба тасаввурот намеғунҷад. Вале, итминони қавӣ дорам, ки азобу уқубати бехудоии онҳо хеле вазнин асту ҳайҳот то ҳанӯз дарк накардаанд!

Тавба кун Кабирӣ!

Аз мардуми оддии озордида бахшиш пурс!

Гумроҳсозии ҷавононро хотима деҳ, Кабирии ношуд!

Собиров М.С. – дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ