​Ҷавонони Тоҷикистон бар зидди маводи мухаддир

Перомуни ин мавзуъ дар факултети забонҳои хориҷӣ мизи мудаввар гузаронида шуд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди милли Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар доираи ин иқдом як қатор маърӯзаҳо шунида шуда, атрофи мавзӯи меҳварии ҷамъомад андешаҳо иброз гардид.

Саҳнаи тарбиявӣ, ки аз ҷониби донишҷӯён ба намоиш гузошта шуд, аз пайомад ва натиҷаҳои манфии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла маводи мухаддир таъкид дошт.

Суруди “Тоҷикистон ба пеш” дар иҷрои донишҷӯён ба ин ташаббус ҳусни анҷом бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ