​Таҳкими ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии мардумии Чин

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Аюб Усмонзода як гуруҳ намояндагони музофоти Шэнсии Ҷумҳурии мардуми Чинро ба ҳузур пазируфт.

Ин гуруҳ дар ҳайати 14 нафар аз музофоти Шэнси, аз ҷумла сардори раёсати робита бо ҷомеа Сун Дагуан, сардори идораи радио, кино ва телевизиони Ву Юнчао, муовини доимии раиси ассотсиатсияи кормандони адабиёт ва санъат Чжан Лин ба донишгоҳ ташриф оварданд.

Ректори донишгоҳ меҳмононро дар факултети забонҳои шарқ қабул намуда, дар бораи таълими забони хитойӣ, ки дар се зинаи таҳсил ба роҳ монда шудааст, маълумот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар факултети забонҳои шарқи донишгоҳ кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ фаъолият дорад, ки дар он феълан аз рӯйи ихтисоси забони хитойӣ 352 нафар дар 21 гурӯҳи академӣ таҳсил мекунанд.

Гуфта шуд, ки дар кафедра ду нафар доктори илм, профессор, шаш нафар дотсент, се нафар сармуаллим, ҳафт нафар омӯзгор ва аз омӯзгорони соҳибзабон - Би Вей ва Линг Ҷиен Э фаъолияти фаъолияти илмиву педагогӣ доранд.

Профессор Аюб Усмонзода аз ҳамкориҳои судманди донишгоҳ бо муассисаҳои илмиву адабии Ҷумҳурии мардумии Чин хотиррасон намуда, дар мавриди таҳкими ин муносибатҳо изҳори омодагӣ намуд.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров танҳо давоми соли таҳсили 2023-2024 бо панҷ муассисаи Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла Донишгоҳи технологии Шанхай, Донишкадаи савдои Донишгоҳи омузгории Шинчон, Донишгоҳи педагогиии Синсзян, Донишгоҳи Лиаодонг ва Маркази таълими забон ва ҳамкорӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Ҷонибҳо дар самти таҳия ва нашри маводи илмии муштараки олимони донишгоҳ, гузаронидани конференсия ва симпозиумҳои сатҳи байналмилал, табодули таҷрибаи устодон ва донишҷуён, такмили ихисос, гузаронидани таҷрибаомӯзии магистрантон ва докторантон маслиҳат намуда, доир ба густариши равобит ҳавасмандӣ ва омодагии хешро иброз доштанд.

Дар идома ҳайати меҳмонон бо донишҷӯён сӯҳбат намуда, аз Осорхонаи донишгоҳ низ дидан намуданд.

Изҳори умед шуд, ки муносибати судманд ва самарабахши ҷонибҳо минбаъд рушд меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

и ещё 3

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ