​Амалҳои номатлуби замони муосир

Шукри Истиқлоли давлат – ин ибора ва ё гуфторест, ки дар тинати мардуми соҳибтабори Тоҷикистони офтобрӯя бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷой гирифтааст. Пешвои миллати мо дар ҳар Паёмҳои худ ҳамеша таъкиди амалҳои зиддикоррупсионӣ дар кишварро доранд. Ҳар як фарди соҳибҳуқуқи кишвари азизамон мекӯшад, ки ба амалҳои коррупсионӣ даст назада, ҳалолу покиза рӯзгорашро ба пеш барад.

Барои ҳифзи хотирҷамъии худҳар як ватандори тоҷик ӯҳдадор аст, ки аз чорчӯбаи қонунҳои ҷории кишвар набояд баромад. Аммо ин гуфтаҳои боло баъзан рӯйи қоғазҳои сафед сабт мемонанду ашхоси ба қадри тинҷиву амонӣ ва оромии кишвари худ намерасида, ки бо пулҳои бедардимиёни чун тӯҳфа ва пораву ришва гирифта, эҳтиёҷоти худро қонеъ менамоянд ва ба қадри на танҳо пулу молу сарват ва ҳатто ба қадри меҳнати ҷафокоронаи ҳаммиллатони худ намерасанд. Ҷиҳати манфии ин муносибат, яъне порагириву порадиҳӣ ин аст, ки фарзандони он ашхосон на қадри калон ва на қадри хурдро медонанд. Онҳо аз суханҳои болохонадор ва тавсифҳои беандоза сармаст шуда, гумон доранд, ки ҳаёти тамоми мардуме, ки дар атрофи онҳо мебошанд, ранги ҳаёти онҳост. Мафҳуми меҳнати ҷисмонӣ ва фикрии халқро фаросат намекунанд ва ҳатто сарфаҳм намераванд, ки бо рехтани арақи ҷабин ҷамъиятро ҷамъият ба номи “ҷамъият” сазовор намудааст. Ин ҷамъият, ҷамъияти Тоҷикистони соҳибтамаддуни соҳибистиқлол буданашро муаррифӣ менамоянд, вале ба худ қонуншиканиҳоро раҳо мебинанд.

Амалҳои коррупсионӣ ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар ҷамъияти мо шинохта шудааст. Ин зуҳуротест чигилу гиреҳнокушо буда,мардум ба он ғайрииихтиёр одат намудаанд. Ин масъала муаммои дунявии тамоми кишварҳои олам гардида, солҳои охир фикру ақидаи мардум ба он ҳамбастагӣ пайдо намудааст.

Мафҳуми коррупсияро қонунгузории ҳар як давлат алоҳида муқаррар мекунад. Мафҳуми коррупсия дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин оварда шудааст: “Коррупсия — кирдоре (ҳаракат ё

беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои

дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ”.

Ин сабтҳои дар нохунак қайд намударо тамоми мардуми ҷамъияти кишвари мо – Тоҷикистон хуб медонанд, зеро дар ҳар як қадам на танҳо дар коргоҳҳо, балки дар овезаву эълонҳои садову симо ва кӯчаву хиёбонҳо мехонанд ва нағз сарфаҳм мераванд. Барои ҳамин мақсади ягонаи Ҳокимияти кишвари мо дар амал татбиқ намудани гуфтаҳои дар боло зикрёфта мебошад. Агар мо, мардуми тоҷик ба он риоя намоем, кишвари мо – Тоҷикистон, аз ин ҳам бештар кишвари дар тамоми олам ба ҳақиқату адолат фарогир маҳсуб мегардад.

Кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷии факултети забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ