Ҷакидани саг!?

Одатан, ҳамаи ҷараёнҳои ҳаётӣ дар доираи таҳаввулоти табиӣ суръат мегиранду фарди алоҳида ва ҳатто ҷамоаи алоҳида рафти онро боздошта наметавонанд. Вале, дар алоқамандӣ бо фитрату нерӯи тавонои зеҳнӣ баъзан тағйиротҳои ҷузъӣ дар таҳаввулот дида мешавад, ки боиси дигаргуншавии суръат ва ҷузъҳои сифати ҳаёти ҷомеа мегардад. Дар мисоли ин гуна тағйиротҳо инқилобҳои сиёсии давлатдорӣ,ихтирои техникаю технологияҳои прогрессивӣ, пайдоиши назарияҳои нави илмӣ ва амсоли онҳоро овардан мумкин аст.

Дар василаи андешаҳои баёнгардида пай бурдан мумкин аст, ки барои таъсир расонидан ё тағйир додани суръату сифати таҳаввулоти табиӣ ботини поки инсондӯстӣ, тафаккури солим ва ақлу тамизи заминӣ дошт. Зеро, танҳо чунин афрод ояндасози халқу миллатҳо ҳаётанд. Мутаассифона, дар ҷомеа тӯдаи тамаллуқу тақаллубкоре мавҷуданд, ки дар таасуб ба палидони кундзеҳни ифротӣ нафси худ мутеи Иблис кардаву ҳамаи аъмолашон баҳри хизмат ба хоҷагони иблиссифат равонагаштааст. Чунин нафарони худозадаро амал он аст, чун мутафаккири палид зеҳни ҷомеаро олудаи ғояҳои ифротӣ ва ноором созанд, ки “доштани моҳӣ дар оби лой қулайтар аст”.Моҳӣ шастро нодида, бо нафси ғизогирӣ дучори шаст ва бо ҳисси буйкашӣ мубталои моҳидор мешавад.

Тӯдаи ноҷинсони аъзои ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати мамнӯъ дар хоки бегона бо дастури маблағгузорониаҷнабӣ чун пашшаи хира мехоҳанд ҳаёти ҷомеаро ноором созанд. Худ палиду разил, ғуломи хоҷагони ифротӣ шудаанд, мехоҳанд ҳамсафони гумроҳзадаи худ зиёд созанд. Дар ин ҷода омодаанд ҳамаи корҳоро ба иҷро расонанд. Чанд нафаре аз наҳзатиёни палид, ки бо маккориву фиребгарӣ машҳур шудаанд, дар минбарҳои зиёд худро ғамхори инсонҳо, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ вонамуд карда майнаю қалби поки онҳоро бо ғаразҳои сиёсии худ олуда карданӣ ҳастанд.

Собиров М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ