​Аблаҳони аламзада!

Дар ҷомеаи башарӣ метавон иддае нафаронеро вохӯрд, ки бо сабаби бадзотиву нопокии хун, ё худ ирсияти ноҷинсона дар тинати хеш ниятҳои палидона нисбати ҷомеа доранд. Ин тоифаи муртадон аз ҳамаи рӯйдоду воқеаҳо, ҷараёни табии зиндагӣ норозиву бо сабаби кӯтоҳақлӣ ё худ савдоӣ аз бахилӣ ҳамеша дар пайи интиқому қасоскорӣ қарор гирифтаанд. Чун, қасоскориву фитнаангезӣ, иғвогариву тафриқаандозӣ ва хислатҳои дигари ноҷинсона аз ноҷавонмардии ин тӯдаи худозада шаҳодат медиҳад, ҳоҷати сарфи вақти қиммат барои онҳо нест! Вале, ин ноҷинсони ландаҳур аз дастовардҳои шахсиятҳои муваффақ тимсоли каҳдуд месӯзанду аламашон зиёда ба амалҳои зишту қабеҳ даст мезананд?

Ҳамрадифи тӯдаи бадзотони олами муосир нафарони наҳзатиёни палид бо сардории Кабирии мунофиқу фосиқ мебошад, ки ватангадову хиёнатпешаанд ва ҳамчун зочаи хоҷагони хориҷӣ хоҳони тарҳрезии амалҳои ғайриинсонӣ мебошанд. Ин ҳаромзодагони миллату мазҳабфурӯши беандеша бори дигар ба ҷаҳониён рӯё намудаанд, ки то кадом андоза разилу палиданд. Ҳаво додани тухмҳо ба сӯи нақлиёти ҳайати расмии Ватани бемисламон ҳангоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Федералии Олмон амали аблаҳона аст, ки наҳзатиён ба анҷом расонидаанд.

Аввало ҳайратовар аст, ки ҷониби қабулкардаи ҳайати расмӣ вазифадор аст, ки меҳмонони худро аз ҳамаи зишткорони бадзаҳр ҳимоя намояд. Мутаасифона, мақомоти полиси ин давлат ӯҳдаи муҳофизаро бардошта натавонист. Баъдан, ҳаромзодагони наҳзатӣ андеша накарданд, ки чунин бадрафторӣ аз тоифаи мардуми тамаддунофару фарҳангсолори тоҷик набудани ононро исбот мекунад. Тоҷику тоҷикистониён нангу номус, орият, меҳру муҳаббати ватандӯстӣ доранду манфурони наҳзатии ифротзада ҳеҷрабте ба ҷомеаи меҳнатқарини мо надоранд. Зеро, ноҷинсони ифротӣ, аз қабили Кабириву думравони чоплусу ландаҳураш на дину мазҳаб, на Ватану миллат доранду ҳамчун зангии ғулом ихтиёри худ ба хоҷагони иблиссифаташон додаанд. Худ низ муриди иблисшудаанду рафтору кирдорашон шабеҳи шайтонбаччагон мебошад.

Амали зикргардидаи наҳзатиёни ифротзадаи палид бори дигар тинати нопокионҳоро ифшо намуд. Итминони қавӣ дорам, ки чунин бадкирдорӣ мақому манзалати ҷаҳонии давлати Тоҷикистон футуре нарасонидааст. Аммо, ҷомеаи заҳматқарини кишвари маҳбубамонро водор менамояд, ки сарҷамъу тифоқ, муттаҳид, якдилу яктан бошанду якҷоя машғули созандагиву бунёдкорӣ гардиданд, ки сипари боэътимод бар зидди душманони дохиливу хориҷӣ хоҳад буд.

Собиров М.С. - дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ