​Аҳамияти омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ

Бо ташаббуси кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинов хониши сиёсӣ доир гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки хониши сиёсӣ ба мавзуи «Аҳамияти омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” бахшида шуда, дар доираи он ҳадаф ва мақсади эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040)» шарҳ дода шуд.

Дар рафти хониши сиёсӣ аз тарафи донишҷӯёни факултети математика маърӯзаҳо шунида шуд.

Иштирокчиён ва ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» Фозилов Умедҷон ва Раҳмонова Мақсадхон низ баромад намуда, дар мавриди омӯзиши илму дониш ибрози назар намуданд.

Фаъолон бо китобҳо сарфароз гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ