Садриддин Айнӣ – таърихнигори барҷаста

Усулҳои илмии тадқиқи бадеии таърих, ки аз тарафи устод С.Айнӣ ба сомон расидааст, мутаносибан бо эҷоди осори бадеии таърихӣ ба майдон омадааст. Устод С.Айнӣ шоҳиди воқеаҳои таърихии Бухоро буд, онро таҳқиқ намуд ва асарҳои пураҳ­амияти илмиву адабӣ офарид. Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки нависанда ва муаррихи забардаст, қабл аз ҳама, ба масъалаҳои инқилоби фикрӣ - табаддулоти азими маънавӣ дар Бухоро аҳамият додааст. Зеро дигаргуниҳои куллии ҷамъиятӣ, таҳаввулот ва рушду камоли маънавӣ, ниҳоят инқи­лобҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, ба инқилоби фикрӣ вобаста аст.

Аз тадқиқоти устод С.Айнӣ бармеояд, ки яке аз муҳимтарин масъалаҳо дар омўзиши таърихи халқи тоҷик ва тасвири вақоеи таърихӣ дар адабиёти бадеӣ муносибати холисона ба замонҳои гузашта ва руйдодҳои мухталифи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Ҳамин дастур дар эҷодиёти нависанда аз осори ў «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» ва «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» ибтидо гирифта буд. Муаллиф ҳар як воқеаро омўхтаву тадқиқ карда, ба дурустии он бовар ҳосил менамуд, сипас дар асарҳояш ба шарҳу баёни холисонаи онҳо мепардохт. Минбаъд дастури мазкур чи дар тадқиқоти илмӣ ва чи дар осори бадеии ў инкишоф ёфт ва амиқ рафт. Дар чаҳоряки аввали қарни ХХ, ки илм ва адабиёти нави тоҷикӣ арзи вуҷуд мекарданд, маҳз устод С.Айнӣ аввалин маротиба ҳусни таваҷҷуҳи мардумро ба ҳастии таърихии халқи тоҷик, забон ва адабиёти он бедор намуда, дар асари пурарзиши худ «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) иброз дошт. Дар тадқиқоти илмии устод С.Айнӣ Мовароуннаҳр ва Хуросон ҳамчун ватани аслӣ, аҷдодӣ ва таърихии тоҷикон тавсиф ёфтаанд, ки тамоми осори моддӣ ва маънавии он дар ҳамин марзу бум эҷод шуда, сипас тасхири ҷаҳон кардаанд.

Муносибати холисонаи С.Айнӣ ба таърих дар ҳамин ҳам зоҳир мешавад, ки ў аз давраҳои хеле қадим, аз вуқўи таърих чун як «қавми муаззам» вуҷуд доштани тоҷиконро таъкид менамояд. Ин дастури илмӣ дар тадқиқоти Б.Ғафуров роҷеъ ба таърихи халқи тоҷик аз дастурҳои асосии таҳқиқи таърих қарор мегирад. Ба ин хусусияти ҷустуҷўҳои илмии Б.Ғафуров аввалин маротиба устод С.Айнӣ диққати хонандаҳоро ҷалб карда буд. Ў дар тақризе, ки оид ба асари Б.Ғафуров «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» (1947) [3] навишта буд, таъкид мекунад, ки дар ривоҷи илму фарҳанг амирони сомонӣ саҳм гирифта бошанд ҳам, «лекин асосан эҷодкунандаи ин маданият ҳамон худи халқи тоҷик ва дигар мардуми ин сарзамин буданд».

Бобоҷон Ғафуров, ки он солҳо (1946-1956) котиби якуми КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд, аз таъсири идеологияи шўравӣ худро тамоман озод бар канор дошта наметавонист. Тибқи идеологияи комму­нистӣ, ки идеологияи ҳукмрони давлатӣ маҳсуб мешуд, ҳамаи намояндагони табақаи боло, ҳамаи сарварони давраи феодалӣ, бахусус шоҳон, амирон, хонҳо, ҳокимон ва дигар амалдорон ашхоси золимро ҳамчун қаҳрамони манфӣ муаррифӣ мекарданд. Дар ин замон Б.Ғафуров ҷасорати илмӣ нишон дода, баъзе амирони сомониро ҳомиён ва сарпарастони адабиёт ва фарҳанг мешуморад, ки ҳақ асту рост. Ҳамзамон нақши халқро дар эҷоди маданияти моддӣ ва маънавӣ таъкид менамояд. Устод Айнӣ маҳз ҳамин объективизми илмии муаллифи «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-ро тасдиқ ва ҷонибдорӣ намуда, нависандагони тоҷикро маслиҳат медиҳад, ки асарро омўзанд ва дар эҷодиёти худ аз он манфиат бардоранд. «Хулоса, дар ҳашт боби гузаштаи «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» мо он қадар маълумоти муҳимеро мехонем, ки - менависад муқарризи донишманд, - хабардор шудан аз он ҳама маълумот на танҳо ба оммаи халқи тоҷик, ҳатто ба муаллимон ва нависандагони тоҷикзабон ҳам муяссар намешуд, ки ба воситаи ин китоб ин маълумот дастраси мо гардид. Ин яке аз хизматҳои муҳими ин китоб аст»

Ин пешниҳоди С.Айнӣ на танҳо барои он аст, ки бидуни донишҳои амиқи таърихӣ осори бадеии таърихиро офаридан муҳол аст, балки бо ин мақсад ҳам мебошад, ки аҳли адаб низ монанди олимони варзида воқеаҳои таърихиро холисона ба риштаи тасвир бикашанд ва дар тадқиқи бадеии давраҳои таърихии ҳаёти халқ ба ифроту тафрит роҳ надиҳанд. Тасвири воқеъгароёнаи ҳақиқати таърихӣ на танҳо барои дарки холисонаи падидаҳо ва вақоеъи ҳаёти гузашта, балки барои хубтар фаҳмидани масоили давраи ҳозира ва муайян кардани роҳи ояндаи ҷомеа аҳамияти фавқулодда бузург доштааст.

Муҳокимарониҳои холисона ва баҳои бетарафона ба таърих, ки яке аз шартҳои асосии бунёдӣ ва методологии тасвир ба шумор меояд, заминаи қаробат ва наздикии фикру ақидаи устод С.Айнӣ ва академик Б.Ғафу­ров гардидааст. Ҳам С.Айнӣ, ҳам Б.Ғафуров таърихи халқи тоҷикро на танҳо аз ин лиҳоз баррасӣ намудаанд, ки роҳи талоши қаҳрамононаи аҷдоди худро аз давраҳои пайдоиши «як қавми бузург ба номи тоҷик» то ба замони мо муайян бикунанд ва саҳми шоистаи онро дар тараққиёти илм ва адабиёту фарҳанги ҷаҳонӣ ба исбот расонанд, балки сабақҳои таърихро барои имрўз ва ояндаи кишвар корбаст намоянд.

Устод Айнӣ хусусан ба саҳеҳии навиштаҳои худ роҷеъ ба давраи салтанат ва ҳаёти амир Абдулаҳад ва амир Олим, ки худ муосири эшон буд, ҳаргиз шубҳа намекунад ва қотеона мегўяд: «Аммо вақоеи айёми авохир, яъне аҳди амир Абдулаҳад ва амир Олим, ки дар асри шахси ин муҳаррири оҷиз гашта ва дар як қисми он мудхалият дошта, бояд ҷои чуну чаро набошад. Маазолика аҳволи хусусии амирони охириро ба дастхати эшон ва ароизи маъмуриашон таъйид кардем».

Дар ин суханони устод Айнӣ муҳимтарин нуктаҳои илман асосноки тадқиқи таърихи миллӣ тазаккур ёфтаанд. Аввалан, С.Айнӣ навиштаҳои мутахассисони хориҷиро дар боби таърихи мамолики Шарқ яктарафа мешуморад, зеро онҳо асосан ба васиқа - ба ҳуҷҷат такя мекунанд ва дар асоси он хулоса мебароранд. Бинобар он «аҳволи хусусии аҳолии Шарқ… аз назари аҷониб пўшида мемонад».

Сониян, С.Айнӣ дар масъалаи таҳқиқи таърихи халқ ба маводе, ки аз байни мардум ҷамъ меоранд, аҳамият доданро зарур мешуморад, он санадҳоеро муҳим ва арзишманд маҳсуб мекунад, ки «ки аз даруни хонаи худ гирифтаем».

Ниҳоят, С.Айнӣ дар ҷараёни воқеаҳо иштирок доштани худи таърихнавис ва нисбат ба равандҳои таърихии ҳаёти халқ, аз он ҷумла амирон, мудохила намудани ўро зарур медонад. Дар он сурат, ба андешаи С.Айнӣ, тадқиқи таърихи халқ ва амирон ҳаққонӣ таҳқиқ хоҳад шуд. Устод С.Айнӣ ҳамин гуна дастурҳои илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷик ва рўзгори фалокатбори амирони манғитро ҳам дар китоби худ «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» ҳам дар хотираҳои худ аз гузашта [1,221-238] пеш гирифта буд, ки инро метавон сабки хоси таърихнигории ў донист: таърихи бо шавоҳиди шахсӣ.

Ҳамин хусусият дар осори илмии Б.Ғафуров, бахусус дар китоби бузурги ў «Тоҷикон», равшан ба назар мерасад. Асари мазкур таърихи халқи тоҷик ва тамоми соҳаҳои онро фаро мегирад, ки то ба ў ҳеҷ як донишманд дар Тоҷикистон чунин корро анҷом надода буд. Дар ин тадқиқот риштаҳое ҳастанд, ки аз устод С.Айнӣ пазируфтани баъзе вежа­гиҳои тарзи таҳқиқро нишон медиҳанд. Таҳлили илмӣ ва холисонаи фаъолияти сарварони халқу давлат, фазилатҳои сиёсӣ, ташкилотчигӣ, сифатҳои ахлоқӣ, одатҳои хусусии онҳо аз ҳамин ҷумлаанд.

Усули тадқиқу тасвир дар осори таърихии С.Айнӣ маҳз дар ҳамин аст, ки қаҳрамонони ў ва фаъолияти мавсуф, аз ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии замони зиндагии эшон ҳаргиз ҷудо нест, балки дар робита бо он шароит ривоҷ меёбад.

Дар романи «Ғуломон» зисту зиндагии мардум ва муборизаи тундутези синфҳою табақаҳои ҷамъият ба муқобили ҳамдигар дар мисоли авлодҳову наслҳо таҷассум ёфтааст. С.Айнӣ дар вақти тасвири воқеаҳо ва хислати образҳо ба яке аҳамият дода, дигареро аз пеши назар дур намесозад. Балки воқеа ва симои шахсиятҳоро ба ҳам марбут нишон медиҳад. Вақоеи таърихӣ ҳамчун махсусияти давру замон ва муҳиту макон на танҳо хислату характерҳоро ба вуҷуд меоваранд, балки боиси ташаккули шахсияти қаҳрамон низ мегарданд.

С. Айнӣ ҳаёти синфҳои ҷомеаро ҳақиқатнигорона тасвир кардааст, ролу мақоми онҳоро дар ҷамъият ҳамчун таърихшинос дуруст нишон додааст. Нависанда вобаста ба шароити таърихӣ ва мақоми синфҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ гоҳо истисморгаронро ва баъзан ранҷбаронро ба мадди аввал мегузорад.

Чунин ба назар мерасад, ки С. Айнӣ ҳамеша ду мавзуъро ба таври мувозӣ таҳқиқ менамояд: яке мавзӯи таназзули феодализм ва таърихан аз саҳни ҷамъият шармандавор баромада рафтани истисморгарон ва дигаре мавзуи бедории синфӣ ва худшиносии миллӣ. Ин масъалаи иҷтимоиро С. Айнӣ хеле амиқ ва саҳеҳ тадқиқ кардааст. Устод С. Айнӣ бори аввал пас аз ду Инқилоб заволи иҷтимоии дороёни замонро дида, дар наср ғояи ҳамчун синф барҳам хӯрдани онҳоро нишон додааст. Дар эҷодиёти вай ғояи шикаст хӯрдани як синф аз тарафи синфи дигар, яъне маҳв шудани синфи ғуломдору кулакҳо батадриҷ инъикос гардида, ғояи мазкур пурра ташаккул ёфт ва дар романи «Ғуломон» дар шакли олии бадеӣ ифода гардид.

Воқеияти зиндагии тўлонӣ ва дигаргунии ҳаёти иҷтимоӣ ба С. Айнӣ имконият дод, ки ӯ қисмати таърихии муҳити он замонро бо тамоми ҷузъиёташ пурра дарк намояд ва ҳаёти ғуломону ғуломдоронро муфассалу ҳаққонӣ тасвир созад. С. Айнӣ душманро ҳақиру нотавон нишон намедиҳад, балки қувваю иқтидор ва авҷу қатъи замони феодалиро ба намоиш мегузорад.

Нависанда дар тадқиқи бадеии таърих ва тасвири образи шахсиятҳои таърихӣ, истифодаи ҳуҷҷат, санад, нома ва факту рақамҳоро истисно намекунад, балки дар роҳи тасвири мукаммалу боэътимоди ҳаёт ногузир мешуморад.

Ин буд, ки Б.Ғафуров аз Зардушт гирифта то сарварони давлати Сомониён, сипас аз Искандари Мақдунӣ сар карда, то Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, аз подшоҳони салҷуқӣ то амирони манғит, аз муборизаи ватанхоҳонаи Спитамену Муқаннаъ то Темурмалику Восеъ фаъолияти сиёсии тамоми дўстон ва душманони халқи тоҷикро дар робита бо хислатҳои шахсии эшон тавсиф мекунад ва нақши мусбат ё манфии ҳар кадоми онҳоро дар таърих ва тақдири халқи тоҷик ба исбот мерасонад.

Қаҳрамонони халқӣ ба монанди Абўмуслим, Муқаннаъ, Маздак, Восеъ, дигаре сарварони қаҳрамон, фидокор, ватанхоҳи давлатӣ, ҳамчун Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, ниҳоят зиёиёни сарсупурдаи миллӣ ба монанди Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Аҳмади Дониш. Қаҳрамонони номбурда ва дигар шахсиятҳои бузурги воқеӣ, ки дар дигаргунсозӣ, инқилоби фикрӣ ва худшиносии миллии халқи тоҷик нақши бориз гузоштаанд, чи дар таърихномаҳои гузашта ва чи дар осори илмии донишмандони муосири тоҷик баҳои шоиста гирифтаанд. Ҳатто дар давраи шўравӣ, ки васфу тасвири қаҳрамонони замони феодалӣ мамнўъ буд, шароити нави таърихӣ тақозо мекард, ки таҷрибаи фаъолияти ватанхоҳӣ ва озодихоҳии онҳо дар асарҳои илмӣ ва адабӣ истифода бурда шавад.

Муҳаққиқ диққати хонандаро ба ҳамин факт ҷалб менамояд, ки халқи тоҷик ва фарзандони шуҷоатманди ў дар ҷараёни тараққиёти таърихии худ ҳеҷ гоҳ сифатҳои инсонии худро аз даст надодаанд, пайваста роҳи сулҳ, оштӣ, бародарӣ ва дўстиро ҷустуҷў кардаанд, созанда, ободгар, эҳёкунандаи ҳаёт ва суннат­ҳои деринаи миллӣ будаанд. Ин яке аз муҳимтарин вежагиҳои омўзиши таърихи халқ аст, ки нависандагони тоҷик дар асарҳои таърихии худ ба инобат гирифтаанд.

Муносибати илмӣ ба мероси миллӣ аз ҷумлаи муҳимтарин масъалаҳое маҳсуб мешавад, ки риояи он ҳам ба олим, ҳам ба нависанда шарт ва зарур аст. Б.Ғафуров аз китобхонаҳои ҷаҳон истифода кард ва мероси хаттии аҷдоди тоҷиконро таҳқиқу ҷамъбаст намуда, роҳи саҳеҳи омўзиш ва тадқиқи мероси миллиро нишон дод. Ў дар ҳар як давраи тараққиёти таърихии халқи тоҷик дар кадом сатҳ қарор гирифтани мероси илмию адабии тоҷиконро бо камоли ҷиддият мавриди тадқиқ қарор додааст. Бахусус муаррих оид ба қаҳрамонони миллии халқи тоҷик, хусусан Темурмалик, Шерак, Спитамен, Муқаннаъ дар мақолаҳои худ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо мақсади бедор кардани эҳсоси миллӣ ва ватанпарастии халқ бисёр навиштааст ва суханрониҳо кардааст. Профессор Усмонҷон Ғаффоров дар ин хусус менависад: «Бобоҷон Ғафуров аз ибтидои ҷанг қувваи тавоно доштани қалами аҳли адабиётро фаҳмида, ба онҳо барои офаридани асарҳои ҳарбӣ–ватандўстӣ маслиҳатҳо медод. Чунончи, устод С.Айниро ба ин кори хайр ҳидоят кардааст, ки зимни он «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ва «Исёни Муқаннаъ» навишта шуд. Дар ин бора устод С.Айнӣ дар мактуби аз 23 апрели соли 1942 ба унвони шоир Муҳаммадҷон Раҳимӣ навиштаи худ чунин қайд карда буд: «Аз темаҳо (мавзўъҳо) - е, ки Ғафуров таклиф карданд, барои ман Ибни Муқаннаъ мувофиқ аст. Чунки ман дар ин бора дер боз тадқиқот дорам».

Шоир Абдусалом Деҳотӣ дар яке аз мактубҳои шахсиаш ба унвони устод Айнӣ дар ин мазмун навишта буд. Масъалаи дар адабиёт ва санъат зинда кардани номи гузаштагони диловари халқи тоҷик (мисли Ибни Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ ва ғайра) бардошта шуд ва рафиқ Ғафуров борҳо ин мавзўъро ба ҳама пешниҳод кард».

Устод Айнӣ аввалин маротиба дар бораи Темурмалик дар очерки «Тирози ҷаҳон» (1936) маълумоти хеле мухтасар дода дар радифи «мардуми… сахтҷон, меҳнатдўст ва қаҳрамон»-и Хуҷанд Темурмаликро низ ба сифатҳои мазкур муносиб шуморида буд [1,126]. Баъд, чунон ки маълум шуд, бо маслиҳату машварати Б.Ғафуров ва дигар дўстону шогирдонаш очеркҳои таърихии «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик»-ро эҷод кард. Нависанда сарчашмаю маъхазҳои таърихӣ, асарҳои адабӣ ва ривояту ҳикоятҳои халқиро дар бораи Муқанаъ ва Темурмалик ба ҳамдигар муқоиса карда, он нуктаҳоеро, ки ҳақиқати таърихӣ ва симои воқеии ин ду қаҳрамон ва одамони муҳити онҳоро ба назар намоён мекунанд, мавриди баррасӣ ва тасвир қарор медиҳад. Чунон ки худи устод С.Айнӣ мефармояд, танҳо бо ҳамин роҳ «мақсад, маънӣ ва натиҷа» ба даст меояд.

Симоҳои таърихӣ Муқаннаъ, ки садаи VIII дар Осиёи Миёна мардуми Ватандўсту миллатдўсту озодихоҳро дар гирди худ ҷамъ намуда, бар зидди истиллои арабҳо ва бар муқобили рафтору кирдори онҳо муборизаи беамон бурда буд, Темурмалик – қаҳрамони Хуҷанд, ки ба сифати ҳоким ва сарлашкари ҷаррор дар қарни XIII алайҳи муғулҳо донишу малака ва қувваи муборизонаи худро равона кардааст, дар таърих ҳамчун қаҳрамонони халқ шинохта шуданд.

С.Айнӣ роҳи асосноки илмии таърихиро ҳамчун яке аз вижагиҳои тадқиқи сабабҳои ба вуқўъ омадани шўриши Муқаннаъ ва шароити таърихии ба Осиёи Миёна лашкар кашидани чингизиён ва омилҳои асосии ҷанги қаҳрамононаи Темурмалики Хуҷандӣ ва ёрони ўро алайҳи муғулҳои ғосибу ғоратгар нишон медиҳад, ки минбаъд ин равишро бисёр муаррихон пайравӣ карданд. Устод С.Айнӣ агар дар очерки «Исёни Муқаннаъ» қабл аз ҳама аҳволи ҷамъиятӣ ва сиёсӣ дар Хуросон ва Мовароуннаҳри пеш аз истилои арабҳо, ҳуҷуми арабҳо ба Хуросон ва Мовароуннаҳр, ихтилолҳое, ки дар Хуросон ва Мовароуннаҳр рўй додаанд, хуруҷи Абўмуслими Хуросонӣ, исёни Сунбоди Маҷус, исёни Шарик ибни Шайх дар Бухоро ва вазъиятҳои ба ҳамин монанди эътирози шадиди оммаҳои халқро нисбат ба ҳуҷуми арабҳо ба ин сарзаминро тадқиқ карда бошад, дар заминаи ҳамин воқеаҳо ба вуҷуд омадани Исёни Муқаннаъро ба риштаи тасвир мекашад. Сипас, тарҷумаи ҳоли Муқаннаъ ва фаъолияти сиёсии вай, хуруҷи рўирости Муқаннаъ, зиндагиномаи Муқаннаъ дар қалъаи Сиём ва хотимаи кори ў, инчунин натиҷаҳои исёни Муқаннаъро нишон медиҳад.

Ҳамин усул дар очерки таърихии «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» низ ба мушоҳида мерасад, ки зуҳуроти дурахшони баёноти илмӣ дар тадқиқи бадеии таърих ва кору пайкори фарзандони ватанхоҳи халқ ба шумор меояд. С.Айнӣ дар даромади сухан ба тадқиқи илмӣ ва бадеии шароити таърихии замони зуҳури Темурмалик ва корномаҳои қаҳрамононаи ў алайҳи истилогарони муғул чунин ишораро лозим медонад: «Пеш аз он ки мо воқеаи қаҳрамони халқи тоҷик - Темурмалики хуҷандиро тасвир намоем, ба мо лозим аст, ки дар бораи аҳволи онрўзаи Мовароуннаҳр, Хуросон ва Хоразм ва дар хусуси ҳодисаҳое, ки пеш аз ҳуҷуми Чингизхон дар ин сарзаминҳо рўй додаанд, ба тарзи кўтоҳ маълумот диҳем, то ки хонанда дар куҷо ва дар чи гуна шароит рўй додани ин воқеаи таърихиро тасаввур карда тавонад».

С.Айнӣ аввал аз ҳама дар бораи аҳволи иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ободии кишвар, маданияти Мовароуннаҳр, Хуросон ва Хоразм, аҳволи замони Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ ва мамлакатдории ў пеш аз ҳуҷуми Чингизхон ба ин сарзаминҳо дар асоси маъхазҳои мўтаъмади таърихӣ ва адабӣ таваққуф менамояд. Сипас қаҳрамониҳои Темурмаликро алайҳи муғулҳо дар Хуҷанд ва берун аз он тасвир мекунад.

Устод С.Айнӣ дар тасвири образҳои қаҳрамонони марказии асари худ ва ҳамсафу пайравони онҳо ҳамеша санъаткорони замони нав будани худро ба хубӣ медонист, бинобар ин вижагиҳои давраи шўравиро ба назар гирифта, нисбат ба замони гузашта нигоҳи танқидӣ дошт, хислатҳои шоиста ва хуши қаҳрамонони худро тазаккур медод, дар офариниши образи онҳо меъёри азамат ва маҳдудияти шахсиятҳоро риоя мекард. Бахусус нависандаи тоҷик фаъолияти қаҳрамонони худро ба тасвир оварда, чунин вижагиҳо ва самтҳои қаҳрамонони худро барҷастатар, равшану возеҳтар нишон дод, ки он сифатҳои барҷаста дар роҳи тараққиёти минбаъдаи таърихии халқи тоҷик ва адабиёти ин миллат нақше бозида тавонад.

Замирахон Ўлмасова доктори илми филология, профессор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ