Тарбия насли наврас ва тарғибу ташвиқи фарҳанги тоҷик вазифаи мост

Паёми Роҳбари ҳар давлат ин яке аз нишонаи асосӣ, атрибутҳоиасосии давлати соҳибистиқлол, санади муҳими давлатдорӣ, рамзи истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбад, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, вазъият, рушду дастовард, фаъолияти давлат дар як марҳилаи муайян муаррифӣ гардида, он дорои аҳамияти муҳими байналхалқӣ мебошад. Ин чунин дар Паёми Роҳбари давлат хатти ояндаи ҳаракати кишвар, ҳадафҳои стратегии он, арзишҳои аслӣ ва барномаҳои асосии рушди сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоии он ба таври равшану возеҳ нишон дода мешаванд, ки аҳамияти хоси консептуалӣ ва дурнамоӣ дорад.

Паёми ҳарсолаи Роҳбари давлати тоҷикон, Асосгузори сулҳ ва ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ аз чунин самтҳои рушди мамлакат иборат буда, баёнгари фаъолияти давлат дар он аст.

Паёми имсола, яъне соли 2023 милодиро Сарвари давлат аз набзи вазъият, руҳияи воридшавии кишвар ба соли нав оғоз намуда,сипас музаффариятҳои дар панҷсолаи охир ба даст овардаро ба таври муфассал баён дошта, сониян вазъият ва самтҳои асосии рушди кишварро бо факту рақамаҳоисершумор арзёбӣ намуд.

Дар самти иҷроиши ҳадафҳои стратегии давлат: дастрасӣ ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар- ишора ба он дошт, ки ба расидан ба ҳадафҳои мазкур кўшишҳо ба харҷ дода шуда истодаанд. Масалан, табдил ёфтани кишвар ба содиркунандаи барқ, камарзиш будани барқ барои ҳалқ-ин расидан ба ҳадафи истиқлолӣ энергетикӣ мебошад: «Дар дунё аз ҳама арзонтарин қувваи барқ дар Тоҷикистон мебошад», изҳор дошт Роҳбари давлат.

Самти соҳаи иҷтимоӣ яке аз самтҳои асосӣ дар Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки он ба зиндагии мардуми кишвар робита дорад. Нуктаҳо нисбати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, саҳми аҳли илму адабуваилм дар он барои мо, устодон, раҳнамо, дастури асосӣ дар фаъолияти таълимиву тарбиявӣ, илмиву фарҳангӣ мебошад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханронии худ таъкид менамояд, ки тарбияи аввалини насли наврас дар оила ба вуқўъ мепайвандад. Дар Паёми навбатӣ низ инро дафъатан таъкид менамояд: «Фикри фарзандонамонро кунем, шароит муҳайё кунем, дониш диҳем, зеро бесаводии миллат ин бадбахтии давлат аст… Ҳамаи мо бояд тарбия кунем, фақат коғаз надиҳем, ақл, дониш диҳем», инчунин: «Дар оилае, ки савод набошад, чӣ гуна фарзандон таълиму тарбия мегиранд».

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дар қисмати ўҳдадориҳои онҳо оварда шудааст, ки: «-фарзандро дар рўҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ аз шахсӣ тарбия намоянд; - маърифати ахлоқӣ, эстетикӣ ва экологии фарзандро ташаккул диҳанд; фарзандро дар рўҳияи эҳтиром ба худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъанаҳо ва фарҳанги миллии худ ва халқҳои дигар тарбия намоянд.»

Нишондодҳои мазкур ба мо низ тааллуқияти бевосита дорад. Дар таълиму тарбияи донишҷуён, ки оянда сарварони оила ҳастанд, мо, устодони донишкадаҳо бояд ин нуктаро такрор ба такрор ба онҳо талқин намоем.

Суханҳои Президенти кишвар Эмомали Раҳмон: «Илми тоҷик ишкишоф ёфтанаш даркор. Олимони ҷавонро тарбия кунед. Ҳамаи озмунҳое, ки ман ташкил кардам, ҳадафаш ҳамин аст», бовоситаи ба мо, олимони ҷавон нигаронида шудааст, ки он моро водор месозад, ба рушди илм диққати алоҳида зоҳир намуда, навовариҳои тоза ба тоза ба он ворид сохта, дар ҳаёти иҷтимоии мамлакат саҳми арзанда гузошта бошем.

Шоистаи зикр аст, ки солҳои охир бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарҳанги қадимаи халқи куҳанбунёди тоҷик таваҷҷўҳи алоҳида зоҳир гардида истодааст. Ба ҷаҳониён собит карда шудани он, ки шаҳрҳои бостонии Саразм, Ҳисор, Кўлоб, Хуҷанд, ёдгориҳои меъмории Мақбараҳои Муҳаммад Башоро, Хоҷа Нақшрон, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, бозёфти қадимтарини навиштаҷотҳои ирфонӣ бо забони ноби тоҷикӣ ва катибаҳои «Қуръони Карим» бо хати куфии шукуфо, инчунин мусаввараҳои деворӣ, гаҷкориҳо бо тасвирҳои набототӣ, ҳандасӣ ва зооморфӣ аз асримиёнагии Ҳулбук, мусаввараҳои девории Панҷакенти қадим ва шаҳри Бунҷикат, муҷассамаи Буддо аз ёдгории бостонии Аҷинатеппа, Қалъаи Ямчун, Маъбади Зонг, ёдгории меъмории Карон, бозёфти «Хазинаи Амударё» аз ҳудуди шаҳраки эллинистии Тахти Сангинва монанди инҳо қатрае аз сарватҳои гаронбаҳои таърихию фарҳанги халқи тоҷик мебошад ва ҳамчун муқаддамоти нодири мероси фарҳанги ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд.

Дар бештари Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти эҳёи таърихию фарҳанги миллати тоҷик борҳо қайд гардида буд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии моин эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад ва моро зарур аст, ки ёдгориҳои худро ҳифз намоем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем.

Дар Паёми соли 2023 низ Сарвари давлат дафъатан таъкид гардид, ки ба Феҳристимуқаддамотии «Роҳи абрешим»-и ЮНЕСКО ҳамчун мероси ҷаҳонӣ шомил гардидани 15 ёдгории таърихии тоҷикон - ин нишон аз ҷузъи таркибӣ ва созандаи таъриху фарҳанги волои башарӣ будани миллати кўҳанбунёди тоҷик буда, пайвандгари саҳифаҳои таърихии чандҳазорсолаи миллати бузург аст ва боиси ифтихору сарбаландии мост.

Аз ин лиҳоз, яке аз воситаҳои ҳифзи осори гузаштаи ниёгон ин тарғиби таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик ва худшиносии миллӣ мебошад вамо, устодони кафедраи «Фарҳангшиносӣ», кўшиш ба харҷ медиҳем, то донишҷўён аз таърихи арзишҳои бузурги миллии тоҷикон бархурдор гашта, дар ҳифзи онҳо ва рушду такомули анъанаҳои миллӣ саҳмгузор бошанд.

Омўзгорони кафедраи умумидонишгоҳии фарҳаншиносии МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров”

Акилова М.М. ва Салимов Э.М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ