​Нақши буҷети давлатӣ дар рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон:мулоҳизаҳо дар партави паёми Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон

Дар низоми молияи ҳар як кишвар, низоми буҷет меҳвари марказии молиявиро ташкил мекунад, ки бо истифода аз механизм ва абзорҳои он як қисми иқтисодиёти миллӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Низоми буҷетӣ дар ташаккули маблағҳои буҷетие, ки дар иқтисодиёт, корхонаҳо ва шахсони алоҳида саҳми арзанда дорад, яке аз сарчашмаҳои асосии ташаккули даромади корхонаҳои давлатӣ ва пардохти музди меҳнати коргарон ба ҳисоб меравад. Вобаста ба масъалаи мазкур, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмисолона ба аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, чунин қайд намуданд: “Барои нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодӣ, таъмин намудани устувории молияи давлат, афзоиши даромад ва баланд бардоштани самаранокии буҷет заминаи зарурии қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, корҳо дар самти мукаммал гардонидани низоми миллии молия ва андоз идома доранд”.

Дар Паёми имсола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масълаҳоибуҷети давлатӣ чунин қайд намудаанд: “Даромади буҷети давлатӣ 102,5 % таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 млрд сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022 5,3 млрд сомонӣ зиёд мебошад. Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат қисми даромади буҷети давлатӣ ҳар сол зиёд гардида, соли 2023 ҳаҷми он нисбат ба соли 2017 1,6 баробар афзоиш ёфт”.

Ҳамчунин, зимни баромади худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти иҷтимоии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намуда, иброз доштанд, ки “Бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 млрд сомонӣ соли 2017 ба 18,5 млрд сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид. Дар ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кӯмакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва ӯҳдадориҳои дигар зиёда аз 21,9 млрд сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2023 4 млрд сомонӣ равона карда шуд. Ҳукумати мамлакат барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар оянда низ тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад”.

Дар ин давра дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 млрд сомонӣ амалӣ карда шудааст”.

Буҷети давлатӣ пеш аз ҳама иннақшаи молиявии давлат ба ҳисоб рафта, дар он роҳҳои ташкил, ҳисоб, тақсимот ва истифодабарии маблағҳои буҷетӣ дарҷ гардидаанд. Маблағҳои буҷетӣ ин ҳаракати маҷмуи воситаҳои пулиро ифода мекунанд, ки дар иқтисодиёт саҳми хелекалон доранд. Таҳқиқи воситаҳои пулӣ, ҳамчун маблағҳои буҷетӣ усули навӣ таҳлил ба ҳисоб меравад, ки тамоми ҷузъиётҳои ҳаракати воситаҳои пулиро бо истифода аз усулҳои риёзӣ, амсиласозӣ вадивверсификатсия пурра омӯхта меомӯзонад. Чунин усул имкон медиҳад, ки мо нуқтаи аввалияи ҳаракати пулиро аниқ намуда, гирдгардиши онро метавонем пурра омӯхта, ба тағйирёбии он, аз як шакл ба шакли дигар, гувоҳ бошем. Инчунин, таҳлили ҳаракати пулӣ, ҳамчун маблағҳои буҷетӣ шароит фароҳам меорад, ки ҳар як марҳилаи гирдгардиши пулро омӯхта, хароҷотҳои умумиро дар шакли ифодаҳои риёзӣ ба даст орем, ки онҳо бо усулҳои махсуси идоракунӣ муфид гардонида мешаванд, ки ин самаранокии баланди гирдгардиши пулро таъмин мекунад.

Пешниҳод гардидааст, ки дар асосии он, ҳамчун мисол сохтори воридотии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намоем. Нишондиҳандаҳои маблағҳои воридотии дар ҷадвалӣ 1 оварда шудааст.

Ҷадвали 1

Сохтори маблағҳои воридотии буҷети давлатии

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2018-2022

Номгӯи нишондиҳандаҳо

(ҳаз.сомонӣ)

Солҳо

2018

2019

2020

2021

2022

Афзоиши мусбӣ

(бо %)

1

Воридоти андозӣ

14743919

16317704

15654903

18802035

20463521

39

2

Воридоти ғайриандозӣ

1772983

179582

1196097

1397965

1463479

-18

3

Грантҳо барои дастгирии буҷет аз ҳисоби созмонҳои байналмилалии молиявӣ

405000

300000

1230000

300000

665000

64

4

Қарзҳо

1764612

2539774

1826995

2340191

3241800

84

5

Грантҳо

1509865

1701959

1720074

2537414

4696832

210

6

Маблағҳои махсуси муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ

1555910

1732331

1949463

2268190

2472220

58

Сарчашма: Қонуни ҶТдар бораи “Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2018-2022, Ахбори МОҶТ.

Барои дуруст ба роҳ мондани таҳлили минбаъдаи сохтори маблағҳои буҷетӣ, аниқ намудани сарчашмаи асосии ташаккули маблағҳои буҷетии воридотӣ, бо истифода аз маълумотҳои дар ҷадвали 1 оварда шуда, вазъи қиёсии сарчашмаҳои даромади буҷети давлатиро нисбати даромади умумии буҷети давлатӣ ҳисоб мекунем. Натиҷаи таҳлили вазъи қиёсии сарчашмаҳои даромади буҷети давлатӣ нисбати даромади умумии он дар диаграммаи 1 оварда шудааст.

Ҳисобҳо нишон медиҳанд, ки дар ташаккули маблағҳои буҷети воридотӣ ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми андозҳои хело назаррас мебошад. Чунин таносуб на балки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳатто дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба монанди Амрико, Ҷумҳурии Федералии Олмон, Англия ва дигар давлатҳои саҳми андозҳояшон дар ташаккули даромадҳои буҷетӣ аз 75% то 90% ташкил медиҳад.

Диаграмма 1. Вазъи қиёсии сарчашмаҳои даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати даромади умумии он (бо %)

Афзоиши мусбии андозҳо, ҳамчун сарчашмаи асосии даромади буҷети давлатӣ да давраи 2018-2022 39% ташкил медиҳанд. Аммо, ҳисобҳои диаграмма нишон медиҳанд, ки вазъи қиёсии онҳо дар соли 2018, нисбати даромадҳои умумии буҷети давлатӣ 87,1% ташкил намуда, дар соли 2022 ин нишондиҳанда ба 62% коҳиш ёфтааст. Яъне, дар ин давра, саҳми андозҳо, ҳамчун пардохтҳои ҳатмии давлатӣ ба 25,1% коҳиш ёфтааст, ки натиҷаи сиёсатҳои андозӣ ва марҳила ба марҳила рушд кардани иқтисодиёти миллӣ мебошад.

Дар соли 2018, вазъи қиёсии онҳо нисбати даромадҳои умумии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10,4% - ро ташкил кардааст. Ҳамчунин, дар соли 2019 нишондиҳандаи мазкур 7,3% - ро ташкил кард, ки нисбати соли 2018 3,1% кам гардидаанд. Таҳлили нишон дод, ки дар солҳои 2020 - 2022 ҳаҷми чунин пардохтҳо поён рафтааст. Барои дастгирии буҷети давлатӣ грантҳои махсус ҷалб карда мешавад, ки дар ҳаҷми умумии даромадҳои буҷети давлатӣ на он қадар саҳми арзанда дорад. Танҳо, дар соли 2020 вазъи қиёсии онҳо нисбати даромадҳои умумии давлатӣ 5,2 % ташкил дод. Дар солҳои таҳлилӣ аз 1% то 2,3% - ро ташкил кард. Дар ин росто, барои дастгирии молиявии буҷети давлатӣ, қарзҳои дохила ва беруна ҷалб карда мешаванд, ки вазъи қиёсии онҳо нисбати даромади умумии буҷети давлатӣ дар солҳои 2018-2019 10,4% -ро ташкил мекунад, ки дар соли 2020 ба 7,7% расидааст, яъне ҳаҷми қарзҳо 2,7% нисбати даромадҳои умумии давлатӣ кам гардиданд. Дар соли 2022 бошад, нишондиҳандаи мазкур 9,8% ташкил кард, ки аз афзоиши он шаҳодат медиҳад.

Сарчашмаи дигаре, ки дар самти дастгирии молияви равона мегарданд, ин грантҳо ба ҳисоб мераванд, ки ҳисоби диаграмма нишон медиҳанд, ки вазъи қиёсии онҳо мунтазам афзоиш ёфта истодааст. Яъне, вазъи қиёсии онҳо, нисбати даромади умумии буҷети давлатӣ аз 8,9% то 14,2% расидааст, ки 5,3% зиёд шудааст. Сарчашмаи охироне, ки даромадҳои буҷетиро ташкил медиҳад, ин маблағҳои махсуси муассисаҳо мебошад, ки вазъи қиёсии онҳо гуногун арзёбӣ карда мешавад. Масалан, дар соли 2018, вазъи қиёсии онҳо нисбати даромади умумии буҷети давлатӣ 9,1% ташкил медод, ки дар соли 2022 ин нишондиҳанда ба 7,4% коҳиш ёфтааст.

Ҳамин тавр, вазни қиёсии сарчашмаҳои асосии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули маблағҳои буҷетӣ саҳми арзанда доранд. Яке аз сарчашмаҳои асосие, ки даромади буҷети давлатиро таъмин намуда, ба ташаккулёбии маблағҳои буҷетӣ мусоидат мекунад, ин воридотҳои андозӣ мебошанд.

Обидҷонов Фаридун Ҷаборович - омӯзгори кафедраи молия ва андоз

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ