Пешвои миллат – шахсияти ормонии насли даврони истиқлол

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз дар рўзҳое, киТоҷикистон дар гирдоби кашмакашҳои дохилӣ буд, ҳамчун роҳбари хирадманду дурандеш на фақат дар фикри нуқта гузоштан ба ҷанги бародаркуш ва истиқрори сулҳ дар кишвар буданд, балки тақдири ояндаи миллатро ҳам дар назар доштанд ва яқинан медонистанд, ки маҳз ҷавонони баору нанги даврони истиқлол ояндаи дурахшони ин миллату давлатро дар даст хоҳанд дошт ва ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт хоҳанд кард.

Таърих дар муддати кўтоҳ нишон дод, ки дар ҳақиқат Пешвои миллат дар ин самт дуруст пешбинӣ карда буданд, зеро он кас дар андешидани ин тадбири хирадмандона маҳз бо такя ба гузаштаи фарҳангии миллати озодаҷону покизаимон сазовори боварии насли ҷавону навраси солҳои оғози истиқлол гардида, дар дили падару модари онҳо ҳамчун сарвари худоназаркарда ҷой гирифтанд. Ин буд, ки волидайни даврони истиқлол фарзандони навзодашонро бо ихлосу иродати тамом, мисли Қаҳрамони Тоҷикистон, ки бо хизматҳои бемисл миллату давлатро аз вартаи нобудӣ раҳонидаву ба сўи ояндаи дурахшон раҳсипор кард ва орзуву умеди он, ки фарзанди барўманду фарзона ба камол расад, Эмомалӣ ном гузоштанд. Имрўз маҳз ҳамон ҷавонони саодатманди даврони Истиқлоли давлативу миллии тоҷикон дар поёни садаи ХХ ва оғози садаи ХХI, бори ояндаи миллатро бо андешаву муҳаббати пок ба Ватан–Модар ва Пешвои миллат бар дўш доранд ва Тоҷикистон ба онҳо бовар карда метавонад.

Шахсияти беназиру нотакрори Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоришоту суханрониҳо ҳамчун намояндаи барҷаставу баргузидаи миллати тоҷику халқҳои маскуни Тоҷикистон дар минбарҳои баланди созмону ташкилотҳои байналмилалӣ намунаи ибрати насли наврасу ҷавони кишвар шудааст.

Нақши Пешвои миллат дар рушди сиёсати давлатии ҷавонон, на танҳо ҳамчун як сиёсатмадори варзида, балки ҳамчун як падари ғамхору дилсўзи як оилаи бузурге бо номи Тоҷикистон ниҳоят зиёд аст ва ҳамаи онро дар ин навиштаи мухтасар ғунҷонидан ғайриимкон мебошад.

Дар моддаи якуми боби аввали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" мафҳуми “сиёсати давлатии ҷавонон” чунин шарҳу тавзеҳ ёфтааст: “Системаи ягонаи тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва тарбиявӣ мебошад, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ва шаҳрвандон, бо мақсади таъмини таълиму тарбия, ташаккулу камолоти ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва истифодаи пурсамари иқтидори онҳо ба манфиати ҷамъият таҳия ва татбиқ мегардад” [2].

Тавре аз шарҳу тафсири мафҳуми “сиёсати давлатии ҷавонон” бармеояд, эътибору эътимоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қишри ҷавони кишвар рўз то рўз, сол то сол дучанд шуда истодааст.

Барои баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҷомеа бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011, № 480 Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дарҶумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 тасдиқ гардид, ки ин ҳам далели гуфтаҳои болост.

27-уми май Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини Шўрои миллии кор бо ҷавонон, ки худашон онро роҳбарӣ мекарданд, ба корҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавононро таъкид намуда, оид ба корҳои дар рушди сиёсати давлатии Тоҷикистон ба анҷомрасида, чунин изҳор карданд: Дар ин давра «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2018», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» қабул гардиданд, ки ҳамаи онҳо, дар маҷмўъ, барои татбиқи самаранокисиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда, мавқеи ҷавононро дар ҷамъият боз ҳам устувор гардониданд”.

Пешвои миллат дар ҳар суханронӣ ва паёмҳои хеш бо дили пур ва боварии комил ҷавонони даврони истиқлолро ифтихори миллату давлат мешуморанд, ки ин бахти баланди ҷавонони хушбахт аст. Аммо хушбахтӣ ва саодатро бояд қадр кард ва эҳтиёт намуд. Ин аст, ки Пешвои миллат дар паёмашон дар хитоб ба насли ҷавон бо як ҷумлаи эҳсосбарангезу путаъсир таъкид намуданд: «Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи ҷумҳурии мо буда, ягон масъалаи умдаи зиндагиро бе иштирок ва назардошти манфиати онҳо пеш бурдан номумкин аст» [3, с. 22].

Зиракиву бедории миллӣ ҳамеша дар ҳофизаи миллати мо, ҷо дошта, моро аз гирдобҳои ҳалокатбори таърихӣ наҷот дода, ба соҳили муроди Истиқлол расонидааст.

Пешвои миллат чун ҳамешагӣ дар самти дастгирии ҷавонон бо боварии қатъӣ иқдому ташаббуси ғамхорона нишон дода, соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон карданд. Ин эълон авҷи рушди сиёсати давлатии ҷавононро дар Тоҷикистон бозгў карда, ҳамзамон дар чашми мардуми олам саҳми фарзанди фарзона ва ормонии миллату давлати Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баръало ба ҷилва меорад.

Мо, дар давоми чор моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ мушоҳида мекунем, ки чӣ қадар ҷавонон бо рўҳияи баланди ватандўстиву меҳанпарастӣ ба сиёсати фарҳангпарварони Ҷаноби Олӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон такя карда, фаъолнокии худро дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон нишон дода истодаанд.

Дар шаклгирии мафкураи ҷавонони кишвар фаъолияти намунавию ибратбахш, шахсияти беназиру нотакрори Пешвои миллат басо нақши муассир дошта, онҳоро дар роҳи садоқат ба Ватан, эҳтироми арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия мекунад.

Дар ҳар давраи таърих миллати тоҷик барои худ раҳнамову роҳбари намунае аз миёни тўдаи мардуми ватандўсту меҳанпараст баргузидааст, ки вай халқро аз тирагӣ ба сўи равшанӣ ҳидоят намуда, заминае мусоид баҳри зиндагии шоиста, озодии комил, фарҳангу тамаддуни пешрафта фароҳам овардааст.

Оғози садаи ХХI – асри инқилоби технологиву иттилоотӣ дар сояи Парчами парфишони давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон қомати худро чун пайкараи Исмоили Сомонӣ дар маркази пойтахти тоҷикон – шаҳри Душанбе баланд мебардорад, Пешвое муаззам дорад, ки ба ҷавонон бо чашми эътимод менигарад, ба онҳо дарси хештаншиносӣ меомўзад. Симои ин сиёсатмадори барҷастаи оғози асри ХХI, шахсияти бемисли таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар як муддати кўтоҳкишварашро бо такя ба нерўи хиради азалӣ аз вартаи муҳлики ҷанги бародаркуш бароварда, онро ба қатори мамлакатҳои рў ба тараққӣ даровард, симои маънавиест, ки ҷавонони саодатманд аз дидани он сер намешаванд ва ҳама орзуи як бор бо ў рўбарў нишастану суҳбат кардан, ё лоақал сухане аз забони ў дар васфи худ шунидан доранд. Ҷавонони орзуманди ҳамсоли Истиқлоли Тоҷикистон ин чеҳраи таърихиро ҳамчун доҳиву роҳбари маънавии беҳамтояшон мешиносанд, ҳар сухани ўро ба оби зар дар лавҳи дилу ақли худ менависанд, аз рўи он амал мекунанд, зеро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона шахсияти ормонии насли даврони Истиқлоли Тоҷикистон мебошанд, ки дар дилу дидаи наврасу ҷавон ва тамоми аҳолии кишвар ҷо шудаанд.

Юсупова Ф.А. - н.и.п., дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии информатика

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ