Меҳри ватанам дар дили ҷӯшони ман аст

“Фаромўш набояд кард, ки- таъкид мекунанд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон- танҳо шахси воқеан ватандўст метавонад дилсўзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад”. Ватан қиматтарин туҳфаи тақдир барои ҳар инсон аст, зеро кас танҳо дар Ватани азизи хеш ба ҳама орзуву омоли наҷиби худ мерасад. Ҳамаи мо бояд шукргузор бошем, ки чунин Ватани ободу зебо, осудаву рӯ ба рушд дорем ва тамоми шароитҳо баҳри расидан ба қуллаҳои мурод барои насли ҷавон муҳайёст.

Насли навраси имрӯза, ки дар чунин як айёми созандагиву бунёдкорӣ, оромиву амният ва айёми гулгулшукуфии Ватан ба дунё омада, камол ёфта истодаанд, бояд ба қадри ин ҳадяи гаронбаҳои сарнавишт: мамлакати тинҷу осуда, Сарвари мамлакати худ, ки пайваста дар пайи ғамхории насли ҷавонаст, бирасанд, Ватани маҳбуби худро дӯст доранд, ҳамеша аз пайи ободию осудагии кишвар камари ҳиммат бубанданд ва ба Ватани азизи худ ва фодор бошанд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун фарзанди содиқу ва фодори миллат пайваста ҳам бо сухан ва ҳам бо амалҳои ҷавонмардонаи хеш собит месозанд, ки Ватанро чун гавҳари ноёб ҳифз намуда, барои рушду тараққиёт, баланд бардоштани нуфузу эътибори он тамоми қувваю иродаи худро равона намудан лозим аст.

Ватандӯстӣ имрӯз як рукни асосии мафкураи миллии Тоҷикистон мебошад. Ин масъаларо гаштаю баргашта роҳбари давлати тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ таъкид менамояд. Месазад, ки нуктаеро аз Паёми Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин бахш ёдовар шавем, ки иброз намуда буданд: “Вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аз шаҳрванди оддӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ таблиғи бедории миллӣ, зиракию ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад”.

Пешвои миллат ба мо тавсия ва супоришоти муайяну мушаххас додаанд,то дар масоили зикргардида кору фаъолият, пажуҳишу омӯзишро бештар намоем ва маъниҳои нобу муассир ба насли наврас бирасонем. Онҳоро чунон тарбия намоем, ки шаҳрвандон ва ватанпарастони асил ба воя бирасанд.

Пешвои миллат барои инкишофу таҳкими бахши тарбияи ватандӯстии насли ҷавон иқдомҳои наҷибу мушаххас намуда, ба воситаи мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ онҳоро дар амал пиёда месозанд. Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии насли ҷавон маҳз бо ибтикори Сарвари давлат таҳия ва қабул гардид ва дар тамоми самтҳои асосии тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии насли ҷавонро фаро гирифтааст.

Дар вазъи соҳибистиқлолӣ афзун гаштани талаботи ҷомеа нисбати камолоти маънавииинсон, хусусан рушду нумӯи худшиносӣ, худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, ҳисси волои меҳанпарастию шаъну шарафи шаҳрвандӣ водор менамояд, ки мо аз пешина дида, бештар нерўи хешро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар намоем.

Пешрафти таълиму тарбия барқарор намудани хусусиятҳои миллӣ, нигоҳдории арзишҳои офаридаи гузаштагон, равнақуривоҷи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, ватанпарастӣ ва фаҳмиши арзишҳои умумибашариро тақозо менамояд. Ин чунин маънодорад, ки ахлоқи миллӣ, эътиқод, анъанаҳо ва хусусиятҳои ба миллат хос буда, ки пештар ба онҳо кам эътибор дода шуда, барои иҷрои ин вазифа омӯзгорон тамоми қувваю ғайрати худро сафарбар бояд кунанд.

Ҷавонони имрӯзаҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олии миллати тоҷик бо азму иродаи қавӣ ба хотири пешрафти ояндаи Ватани маҳбубамон саъю талош карда, дар бештари соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Онҳо дар вазъияти ҷаҳонишавӣ фаъол гарданд ва дар арсаи ҷаҳонӣ миллати худро муаррифӣ намоянд. Қобили қайд аст, аксарияти ҷавонони кишвар дар паи таҳсил, интихоби касбу ҳунар ва азхуд кардани техникаву технологияимуосир талош намуда, дар дохилу хориҷи кишвар илму донишҳои муосирро аз бар намуда истодаанд.

Ҳар як шаҳрванди кишварамонсаъю талоши пайваста ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои миллии давлат, ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан, субботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа ва ваҳдати миллиро вазифаи аслии хеш медонад. Пешвои миллат таъкид намудаанд: ”Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтаринва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламонва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем”.

Дар таърихи давлату давлатдорӣ ва шоҳсолорӣ кам касоне мисли Президенти мо Эмомалӣ Раҳмон ба дунё омадаанд. Ин абармарди миллат, забардасти миллат, тоҷдори миллат ва Пешвои миллат тавонист бо нерӯи созанда, ақли солим, далерию ҷасурӣ, матонату кордониаш миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад.

Халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ манзараҳои мудҳиши солҳои ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш нахоҳанд кард. Мардуми Тоҷикистон дар хоки давлати Афғонистон муваққатан кӯч баста рафта буданд, бо кӯшишҳои зиёд васаъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргардонида шуданд. Мӯйсафеде дар даст асо, қомати хамида дошт ва базӯр қадам мемонд, баробари аз қатора берун шудан ба замин хам шудабо дастони ларзонва дидаҳои ашкбор кафи дасти худро ба замин гузошта, хоки онро ба чашмонуабрӯвонаш молида мебӯсад, ки бинанда беихтиёр дар чунин лаҳза ашк мерезад.

Ҷасорат, матонат, ҳисси баланди масъулияти роҳбарӣ ва эҳтирому садоқат ба Ватан, сарзамин, хоку бум Эмомалӣ Раҳмонро маҷбур намуд, ки шабонарӯзӣ меҳнат намоянд, дар сатҳҳои баланди байналмилалӣ баромад кунанд ва Ватани азизашро аз вартаи марг ва гирдобҳои даҳшатбори сиёсӣ озод намоянд.

Овардани чунин далелҳо хеле зиёданд, ки омӯзгорон ва падару модарон ба шогирдон ва фарзандон нақл мекунанд. Барои амалӣ ва самарабахш натиҷабардорӣ кардан бачагонро аз хурдсолӣ дар руҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, садоқат ба Ватан ва ғояҳои олии муқаддасоти кишвар парвариш намоем.

Дар ташаккули ҳар фарди солим ва тарбияи он шароиту муҳит, муносибат бо олами атроф, ташкили дурусти ҳаёт, фаъолиятҳои гуногун аҳамияти махсус доранд. Халқи тоҷик ба оянда боварӣ дорад, бо чашми умед менигарад, ки насли ҷавон баҳри баланд гардидани обрӯю эътибори кишвар дар байни давлатҳои дигар садоқатмандана меҳнат хоҳанд кард.

Аз ин рӯ, ватандӯстӣ, муҳаббати беандоза нисбат ба Ватан ва ифтихор доштан аз он тӯли қарнҳодар қалби халқи бонангу номуси мо як хел садо медиҳад. Дар ҳақиқат хушбахт касест, ки дар Ватани азизи худ ба камол мерасад, илму дониш, касбу ҳунар меомӯзад, дар пайи ободии он хизмат карда, аз чунин кишвари азизаш, аз чунинПешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунад.

Боиси ифтихор ва фараҳмандии миллати тоҷикон аст, ки имрӯзҳо фарзанди фарзонаи миллат, инсони қавиирода ва ватандӯст бори гарони раҳбариву ҳукуматро бар ӯҳда дошта, бо бадиву зиштӣ ҳамеша пайкор мекунад, саросари ҷаҳони ҳастиро бо нури аҳуроӣ меорояд, ростиро сармашқи кори худ карда, камолоти маънавӣ ва ахлоқиро тарғиб менамояд, порсоию покӣ ва андешаи некро манбаи асосии саодатмандию ҷовидонии инсон шуморида ҷони худро фидои ин миллату ин меҳан намуда истодааст.

Шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кулли ҷомеа, бахусус ба наврасон ва ҷавонон, мояи ифтихор ва намунаи ибрат аст.

Тошева Х.Б. – сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумии МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ