​САБАҚҲОИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШЎРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар давраи бисёр носозгори халқи тоҷик, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони як марҳилаи хунунатбор ёд мешавад, нақши Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарфароҳам овардани шароити инкишофи мутаносиби ҷомеа, ташаккул додани самтҳои асосию стратегии мамлакат, бунёди ҷомеаи демократию мутамаддин хеле калон мебошад. Зеро қувваҳои бадгуҳари дохилию хориҷӣ дар ин марҳилаи бисёр ҳассос ният доштанд, ки миллатро пароканда ва оқибат нобуд созанд. Моҷарои сиёсӣ талафоти зиёди ҷонию молӣ, хисороти бузурги иҷтимоӣ ва маънавӣ овард. Пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонид. Қонуншиканӣ ва бесарусомониҳо ҳукми воқеӣ пайдо намуданд. Хушбахтона тири душманон ба хадаф нарасид. Дар раванди мазкур мақом ва нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барҷаста аст. Он ба омили тақдирсоз табдил ёфта, дар таҳия ва амалӣ гардонидани мақсадҳои стратегӣ нақши муассир гузоштааст.

Зимни суханронии худ дар иҷлосия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сарвари давлат ба ин масъала ишора карда, чунин иброз доштанд: «Ман кори худро аз сулҳ оѓоз хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳарчи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард». Ин суханҳо дар қалби мардуми тоҷик ҷой гирифт. Он нишон аз боварии мардум ба сарвари давлат ва роҳбарияти кишвар буд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонвоќеаи бузургест дар таърихи навини кишвар, ки ҳамтонадорад. Маҳз ба шарофати он ба ҳаётиосоиштавусозандагӣ расидем. Ҳар қадаре ки вақт моро aз ин иҷлосияи тақдирсоз дур мебарад, ҳамон андоза аҳамияги бузурги таърихию сарнавиштсози он барои давлату халқи Тоҷикистон бештар айён мегардад.

Дар иҷлосия манфиатҳои умумимиллӣ аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллӣ боло гузошта шуда буд ва тамоми комёбиҳо дар давлатдории навини Тоҷикистон ба иҷлосия сахт пайваста гардид. Иҷлосия тавонист кишварро аз вартаи ҳалокат берун созад, рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеаро таъмин намояд.

Метавон чунин асоснок намуд, ки Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки дар таърихи навинни кишвар маќом ва наќши махсусро касб намудааст ва нишон дод, ки раванди идораи ҷомеа тавассути сиёсати бузург ва илман асоснокшуда дар инкишофи мутаносиб таъсири муайянкунанда мерасонад. Иҷлосияи мазкур миссияи махсусеро анҷом дод ва ба даъватҳои давраи рушди марҳилаи моҷарогароии ҷомеа ҷавоби сазоворе гардид, ки намунаи ибрат ва маводи омўзишиy натиҷагириҳои амиќ аст.

Барпо гардидани Иҷлосияи XVI ШўроиОлии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукми зарурат буд. Ҷомеаи тоҷикистонӣ чунин имкониятро ҳатман бояд истифода менамуд ва тавассути он мамлакатро аз вартаи ҳалокат раҳоӣ мебахшид. Дар воќеъ низ чунин зарурат ва амали муҳимро дарк намуда, мардуми Тоҷикистон кушишитаѓйири муносибатҳо ва ҳалли масъалаҳои муќовиматборро намуд.

Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои гирифтани пеши ҷанги ҳамватанӣ даъват гардида буд, рисолати таърихии хешро ба ҷо овард. Дар рафти муҳокимаи масъалаҳо дар заминаи муносибати компромиссу консенсус аҳли маҷлис тавонист ќарорҳое ќабул намоянд, ки ҷавобгўи талаботу манфиатҳои мардуми Тоҷикистон бошад. Иҷлосияи мазкур тавонист ба ҳалли масъалаи асосии пешрафти кишвар муваффаќ гардад. Пеш аз ҳама ба давраи беҳокимиятӣ, ки чанд муддате идома дошт, хотима бахшид. Эмомалӣ Раҳмон Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат роҳбри нави Шўрои Олии Тоҷикистон, ки моҳиятан салоҳиятҳои сардори давлатро дошт, интихоб гардид. Эмомалӣ Раҳмои тавонист, ки дар муддати кутоҳтарин неруи мутаҳаррику созандаеро дар шакли Ҳукумати Тоҷикистон ташаккул диҳад ва идораи самараноки ҷомеаро такмил созад.

Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври қатъӣ ба ҳалли моҷарои мусаллаҳона ва аз ҳолати ҷанги ҳамватанӣ берун кашидани мамлакат машѓул гардид. Қарорро дар бораи оштии миллӣ ва хотимаи муќовиматҳо таҳия ва ќабул намуда, бо ҳамин роҳу воситаҳо ҳалли моҷароро пайдо кунонид. Ҳамин буд, ки муколама ва музокиротро воситаи асосӣ ва ягонаи ҳалли моҷаро ќабул намуданд.


Саидзода Диловар Абдулаҳад-муовини ректор оид ба илм ва инновансияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ