Эмомалӣ Раҳмон – ташаббускори ғояҳои ҷаҳонии обу иқлим

Илм собит намудааст, ки тағйирёбии сайёраи мо бори аввал нест. Аммо тағйирёбии кунунии он бештар бинобар фаъолияти худи инсон ба амал омада истодааст, ки таъсири манфии худро ба ҳар як сокини замин хоҳад расонд. Худ тасаввур намоед рушди бемайлони ҷаҳони муосир агар аз ҷиҳате хуб бошад, аз ҷониби дигар бар зарари табиатест, ки мо дар он зиндагӣ мекунем ва он моро мехӯронад мепӯшонад, табобат мекунад, гарму сард менамояд ва ниҳоят зинда медорад. Ва имрӯз носипосӣ ва беэҳтиётии сокинони ана ҳамин табиат аст, ки он ба беморӣ гирифтор шудаасту ниёз ба даво ва муолиҷа дорад ва аз бошандагонаш муносибати оқилонаю ғамхорона ва эҳтиёткоронаро тақозо мекунад.

Ба андешаи ман мо сокинони хушбахти яке аз кишварҳои сайёраи замин ҳастем. Чун Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоятгар ва роҳнамои хирадманди мо буда, ҳатто ҷомеаи ҷаҳонӣ ташабусскорӣ ва ояндабинии эшонро эътироф намудааст. Дар зарфи 31 сол Тоҷикистони ҷангдидаву осебхурдаро ба як мамлакти мустақили рӯ ба тараққӣ табдил додан, ҳадафҳои стратегии бузурги давлатро татбиқ намудан ва бар замми ин барои ҳал намудани проблемаҳои глобалӣ саҳми худро гузоштани Президенти мо далели гуфтаҳои болост. Ба иқдомҳо ва ташабусҳои созандаву бунёдкорона ва ояндабинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ нанамудан ғайри имкон аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 узви СММ гардидааст ва бо сарварии Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз кишварҳои фаъоле мебошад, ки ба масъалаҳои глобалӣ бетраф нест. Дар баромади аввалин худ Пешвои миллат агар аз давлатҳои узви СММ кӯмак барои таъмини сулҳу субот ва оромиро дар кишвар хоҳиш намуда бошанд, дар суханрониҳои минбаъдаи худ барои ҳаллу фасл намудани муаммоҳои сайёра пешниҳоду ташаббусҳои худро иброз кардаанд, ки дар ҳама маврид муфид арзёбӣ гаштааст. Бояд гуфт, ки об барои тамоми мавҷудоти зинда дар рӯи замин як чизи муҳим аст. Тибқи сарчашмаҳо дар маҷмӯъ, дар рӯи замин тақрибан 1400 миллион км3 об мавҷуд аст. Об 71% сатҳи ҷаҳонро фаро мегирад. Қисми зиёди оби замин ба уқёнуси ҷаҳонӣ тааллуқ дорад – оби шӯр барои кишоварзӣ ва нӯшидан мувофиқ набуда, масъалаи таъмини сайёра бо оби тозаи нӯшокӣ мақсади 6 –уми СММ аст, ки дар ҳалли он нақши Тоҷикистон бузург дониста шудааст. То имрӯз СММ бо ибтикори Тоҷикистон якчанд қатъномаро марбут ба об қабул кардааст. Аз ҷумла, соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза”, соли 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, соли 2013 “Соли байналмилалӣ ҳамкорӣ дар соҳаи об”, ва солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” мебошад.Қобили зикр аст, ки иқдомҳои марбут ба об дар ҳалли мушкилоти мавҷуда заминаҳои хубе фароҳам овардааст. Аз сарчашмаҳо маълум гардид, ки маҳз бо шарофати Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” дар тамоми ҷаҳон аҳолии ниёзманд ба оби тозаки нӯшоки 700 миллион нафар кам гардидаст, ки яке аз пешравиҳои мо низ ба ҳисоб меравад.

Имрӯз инсоният барои беҳтар кардани ҳаёти худ ба кашфиётфҳои бузурге ноил гардидаистодааст, ки ҳатто барои ҳисоби онҳо кас ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавад. Аммо нуктаи дигареро ҳам бояд ба назар гирифт, ки бархе аз онҳо бар зарари сайёраамон мебошад. Яке аз муаммоҳои муҳими сайёра ин зиёд гардидани партовҳои газҳои гулхонаӣ аст, ки тибқи таҳқиқотҳои олимон ин ба системаи глобалии иқлим аз ҷумла тағйири гармӣ, намнокӣ, обу ҳаво, гардиши ҳаво ва уқёнус таъсири манфии худро мерасонад, ки яке аз оқибатҳои манфии он обшавии пиряхҳо мебошад. Ин сабаб шуда истодааст, ки ҳатто пиряхҳои бузурги Антарктида, Гренландия об шудааистода, ки ба тамоми соҳаҳои мавҷуда оқибатҳои нохуш ба бор хоҳанд дод. Нуктаи муҳими дигар ин аст, ки оби тоза асосан дар пиряхҳо ҷойгир аст.

Ин масъала ба тамоми сайёра аз ҷумла ба давлати мо низ сахт марбут аст, чун Пиряхҳои Тоҷикистон 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил дода, онҳо низ об шуда истодаанд. Бузургтарини онҳо ин пиряхи Федченко мебошад, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир ҳаст. Обшавии пиряхҳо боиси нигаронии тамоми кишвар гардида, дар робита ба он Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки “Имрӯз захираҳои об зери таъсири ҷиддии тағйирёбии иқлим қарор доранд. Намунаи возеҳи ин падидаро дар обшавии босуръати пиряхҳои Тоҷикистон, ки то 60 фоизи заҳираҳои обии Осиёи Марказӣ ташкил медиҳанд, мушоҳида менамоем. То имрӯз аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон як ҳазораш пурра аз байн рафтааст.”

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади навбатии худ дар Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид масъалаи мазкурро яке аз умдатарин мушкилоти ҷаҳонӣ арзёбӣ намуда, даъват ба амал оварданд, ки “Соли 2025 – соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардад. Ин ташаббуси Пешвои миллат аз ҷониби 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд, ки санаи 14-декабри соли 2022 аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид “Соли 2025 – соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ҳамчунин рӯзи 21 март ҳамчун рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд. Бар замми ин пешниҳод шуд, ки дар назди СММ Фонди бовари байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Бояд гуфт, ки масъалагузориҳои асосноки Президенти Тоҷикистон дар бартараф кардани муаммоҳои аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳонидошта, дар натиҷаи таҳқиқи жарф, таҳлилҳои зиёд ва омӯзишҳои ҳамаҷониба мебошад.

Ин ташаббуси 5-уми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ҳифз ва истифодаи захираҳои обӣ дар тамоми дунёст ва бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби давлатҳои сайёра бо ҳисси эҳтиром ва дилгармӣ ба ояндаи кишварамон дастгирӣ меёбанд. Бо назардошти ин ташаббус соли 2025 дар пойтахти Ватани маҳбубамон шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо доир мегардад ва аҳамияти таърихии пешниҳоди сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби коршиносону муҳаққиқони байналмилалӣ ба таври возеҳ доир ба ин масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президент чанд сол инҷониб масъалаҳои мазкурро мадди назар доштанд.Давлат тибқи пешниҳоди Созмони байналмилалии ҳавошиносӣ ва Шурои байналмиллалии илм дар бораи гузаронидани “Соли байналмилалии қутби соли 2007-2008” Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-ноябри соли 2007 таҳти рақами 587 “Дар бораи гузаронидани Соли байналмилалии қутби соли 2007-2008 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул намуд, ки таҳқиқи ҳамин муммоҳоро фаро мегирад. Ҳамчунин 3 сентябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим, ки дар Женева баргузор гардид, суханронӣ карда, вазъи тағйирёбии иқлимро дар Осиёи Марказӣ таҳлил ва баррасӣ карданд, ки дар он проблемаи нигоҳдории пиряхҳо ва истифодаи самаранокии захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ таҳлил шуда, таъкид гаштааст, ки ҳалли самаранокии ин проблема ба кӯшиши якҷояи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ вобастагӣ дорад.Ҳамчунин 16-17-уми декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Копенгаген дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Консепсияи қолабии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим иштирок доштанд, ки дар он сарони беш аз 100 кишвари қудратманди ҷаҳон ширкат намуданд.

Воқеан, бо назардошти гармшавии иқлим таъсири ҷиддӣ ва босуръати обшавии пиряхҳо дар сайёра мушоҳида гардида, ин омил дар як вақт ба пастшавии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, камшавии захираҳои обӣ, норасоии оби ошомиданию ирригатсионӣ дар баъзан аз кишварҳои дунё сабаб мегардад.

Пешниҳоди созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки дар баробари дигар сарватҳои табиии барои зиндагии инсон арзишманд дар масъалаи истифода ва ҳифзу нигаҳдошти манбаъҳои обӣ бетаваҷҷуҳ набошанд ва ҳамчун сармояи асосӣ барои зиндагии инсонҳо тадбирҳои созандаро рӯи кор гиранд.

Тоҷикистон дар саргаҳи обҳои зулол ва минтақаи дорои пиряхҳои бузурҳаҷм ҳамеша дар фикри самараноку мақсаднок истифода гардидан ва ҳифзи ҷаҳонии ин манбаҳост ва тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода қадамҳои устувор мегузорад. Ҳамин аст, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳон кишвари моро таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори ҳалли масоили об дар сатҳи ҷаҳон мешиносанду эҳтиром мекунанд.

Айни ҳол дар кишвари мо 14509 пирях мавҷуд аст, ки дар маҷмуъ 8 фисади умумии ҳудуди мамлакатамонро ташкил медиҳад ва пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии обҳои Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар маҷмуъ 60 дарсади обҳои давлатҳои Осиёи Миёна аз ин сарчашмаҳои табиӣ иборат мебошанд. Кишвари мо аз нуқтаи назари ҷойгиршавии марзию маъмурӣ захираҳои бузурги обиро доро буда, бо ин нишондод бузургтарин иқтидори истеҳсоли энергияи сабзро соҳиб аст. Махсусан, сохтмони иншоотҳои гуногуни соҳаи гидроэнергетика, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат роҳандозӣ гардида истодааст, мақсаду ҳадафаш истифодаи самараноки сарчашмаҳои обӣ буда, дар як вақт ба қонеъ намудани эҳтиёҷоти аҳолии дохили кишвар ва дигар давлатҳо ба неруи арзони энергияи барқ нигаронида шудааст.

Аз далелҳои болозикр мо ба хулосае меоем, ки масъалаҳои глобалӣ ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат буда, ки гувоҳӣ ояндабинӣ ва ташаббускориашон мебошад. Мо метавонем бо итминони комил гӯем, ки иқдомҳои Пешвои миллат дар бартараф кардани масъалаҳои актуалии сайёра ҳадафнок ва наҷотбахш мебошанд.

Пешвои миллат зимни суханронии навбатии худ, дар мавриди омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки моҳи марти соли 2023, таҳти раёсати Тоҷикистону Нидерланд баргузор мегардад, ишора намуданд: “ Тоҷикистон ва Нидерланд ба ҳайси ҳамраиони Конфронс кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки онро на танҳо аз лиҳози замонӣ, балки аз лиҳози натиҷаҳояш низ таърихӣ гардонанд”.

Дар раванди ин сарвари кишвар доир ба ин масала нуктаҳои калидие ба монанди дар ҷои 130-юм қарор доштани Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ, яъне аз рӯи нишондиҳандаи паст дар сафи пеш қарор гирифтан, ба нерӯи барқ таъмин намудани аҳолии Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои барқароршаванда

Сарвари кишвар аз давлатҳои мутараққии ҷаҳон даъват намуданд, ки ба кишварҳои қафомонда ва рӯ ба тараққӣ дар бартараф намудани оқибатҳои гармшавии иқлим кӯмакҳои молиявию техникии худро зиёд намоянд.

Дастгирии ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи эълон гардидани «Соли 2025-соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нуфузу эътибори давлати соҳибистиқлоли моро дар сатҳи ҷаҳонӣ ба маротиб боло бардошта, ин рӯйдоди таърихӣ бори дигар собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари пешгом бетаваҷҷуҳ нест ва дар ин самт ҳамеша тадбирҳои имконпазирро мавриди баррасию иҷро қарор медиҳад.

Нурматов Ш.Ш. - докторант PhD Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ