​Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» роҳкушои ояндаи дурахшон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин мафрмоянд:

«Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад.

Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд, мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем.

Маҳз бо ҳамин мақсад мо солҳои 2020-2040-ро бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон кардем ва бовар дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.

Илова бар ин, зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад.».

Ин иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле саривақтӣ буда, замина барои расидан ба ҳадафи чоруми мамлакат «Саноатикунонии кишвар» ба шумор меравад. Асоси рушди ҳар яккишварро саноат (сабук, вазнин) ташкил мекунад. Бе рушди саноат рушди ҳеҷ як кишвар имкон надорад. Аз ин хотир ба саноаткунонии кишвар авлавияти зиёд медиҳанд, ки ин комилан дуруст аст.

Боиси фараӽмандист, ки бо фармони Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2022, солӽои 2022-2026 «Солӽои рушди саноат» эълон карда шуд, киаз ғамхориӽои Сарвари кишвар-Пешвои миллат нисбати халқу ватан дарак медиӽад.

Зеро, бе саноатикунониикишваррасидан ба ӽадафӽои навбатӣ - аз ҷумла, аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани кишвари азизамон ба душвориӽо муваҷҷеӽ хоӽад шуд. Дар саноатикунонии кишвар соӽаи маориф нақши калидӣ дорад. Маҳз наврасону ҷавонон бояд ба саноатикунонии кишвар шавқу рағбат зоҳир намоянд ва дар ин кор устодони азизу ғамхорба онҳо раҳнамоӣ кунанд.

Пас аз элон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», омӯзгорони фанҳои дақиқро водор месозад, ки донишҳои замонавиро ба хонандагону донишҷӯён омӯзонида, кадрҳои талаботи муосирро тайёр намоянд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки сол аз сол шумораи иштироккунандагони озмуни мазкур аз рӯи наминатсияҳои математика, технологияҳои иттилоотӣ, ихтирокорӣ ва ғайра хеле ва хеле зиёд гардида истодааст.

Банда баъди ташкили ин озмун донишҷӯёнро ба озмуни мазкур тайёр намуда истодаам. Соли 2022 таҳти роҳбарии банда Фозилов Умедҷон Ҷӯрақулович – донишҷӯи бахши дуюми факултети математикаи МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров» ҷойи сеюмро аз наминатсияи математика ва соли 2023 Раҳмонова Мақсадхон Абдумуқимовна – донишҷӯи бахши чоруми факултети математикаи МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров» ҷойи сеюмро аз наминатсияи математика ишғол намуданд.

Соли 2023 дар даври сеюми озмуни мазкур миёни хонандагони мактабҳои мийна ва мактабҳои типпӣ нав ҳамчун аъзои ҳакамон иштирок намуда шоҳиди он гаштам, ки тайёрии хонандагон ба озмун хеле хуб буд ва баромади баъзеашон бо тайёрии ҷидди ба озмун омада буданд.

Бояд зикр намуд, ки маъмулан, асоси илмӽои дақиқро математика, физика, химия, биология ва ғайра ташкил мекунанд.Маӽз, ана ӽамин илмӽо ба мо доирба чор унсури муӽими табиат-обу хоку боду оташ, ки асоси пойдори оламу одамро ташкил медиӽандва олами кайӽону ӽаёт дар дигар сайёраӽомаълумот медиӽанд.Бе донистани илмӽои дақиқ дар зиндагӣ ба бисёр мушкилиӽо муваҷҷеӽ хоӽем шуд. Бинобар ин, зарур аст, ки имрӯз ҷаонон, ки ояндасози ватананд, ба илмӽои дақиқ бештар рӯ оваранд. Дуруст азбар кардани илмӽои дақиқ барои ташаккули шахсияти ҷавонону наврасонва дар онӽо парвариш намуданихислатӽои неку ӽамида,чун таӽамулкорӣ, меӽнатдӯстӣ ва ғайра кӯмак менамояд.Хусусиятӽои ҷустуҷӯӣ, эҷодӣ ва кунҷковӣ доштани супоришӽои математикӣ барои рушди истеъдод, зеӽн ва ҷаӽонбинии толибилмон манфиатовар аст.

Тафаккури математикӣ, ки худяк ҷузъи фарӽанг аст, на танӽо барои рушди илмӽои дақиқ чун риёзиёт, физика, химия, балки барои рушди илмӽои дигар ба мислӣ иқтисодиёт, тиб, ҷуғрофия, сотсиология, баланд гаштани маърифати экологӣ, сарфаву сариштакорӣ ва ғайра мусоидат менамояд.

Имрӯз зарурияти муносибати навба омӯзиши илмӽои дақиқ пеш омадааст. Илмӽои дақиқ дар робитаи мустаӽкам ба вокеият, яъне саноатикунонии кишвар, ки аз ҷавонон чуқур донистани илмӽои дақиқ, кор карда тавонистан бо техника ва технологияи навинро талаб мекунад, бояд таълим дода шавад.

Насли наврасу ҷавон боядарзишҳои муқаддаси истиқлолият ва озодиро дуруст дарк намоянд,моҳияти сулҳу суботро ҳамчун шарти асосии зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистони азиз таблиғ созанд, барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва таҳкими давлатдории миллӣ талош карда, дар раванди бунёди ҷомеаи шаҳрвандии демокративу дунявӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Ҷумаев Бӯстонбек Маҳмадназарович -устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ