​Конститутсияи Тоҷикистон - қомуси муқаддас

Дар ҳақиқат, мо таърихи Конститутсияҳоро омўзем, қабули конститутсия дар таърихи халқҳои ҷаҳон ҳодисаи хеле маъмул ва ибратомўз мебошад. Он ҳанўз соли 1787 дар ИМА қабул шуда буд. Дар Аврупо соли 1791 дар Франсия қабул карда шудааст. Чунин санад дар Русия соли 1918 баъди ғалабаи Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр ба вуҷуд омад. Ба ин маънӣ, аввалин конститутсияи шўравӣ дар даврони шўравӣ Конститутсияи РСФСР мебошад, ки дар асоси он конститутсияҳои дигари ҷумҳуриҳои шўравӣ таҳия шуданд. Дар Осиёи Миёна аввалин бор Конститутсияи РАСС Туркистон 30 апрели соли 1918 дар Съезди У кишварии Туркистон қабул гардид. Дар солҳои ҳокимияти шўравӣ Конститутсияи СССР (1918, 1924, 1936, 1977) қабул карда шуда буд.

Дар Тоҷикистон 5 маротиба Конститутсия қабул карда шуд (1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994) Ҳар яке онҳо талоботи замон буда, аҳамияти таълимию тарбияв ва илмӣ дорад. Имрўзҳо дар тамоми минтақаҳо, ташкилоту муассисаҳова ҷамъомадҳои гуногун омўзиш, таҳлил ва хулоса бардориҳо аз Қонун ва ҳуҷҷатҳои дар рўзҳои охир қабул карда шуда бо маром ва бо як шавқи хавас давом дорад. Агар ҳамчун корманди масъули мақомати мактаби олӣ таҳлил кунем қонунҳои зиёде қабул шудаанд, ки ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ мусоидат ва барои рушди бонизоми иқдисодӣ, асосҳои молиявии давлат хизмат менамоянд.Дар ин раванд тағйиру иловаҳо ба Конститутсия пеш аз ҳама барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи тоҷик мусоидат мекунад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи нахустини Маҷлиси намояндагон даъвати амалкунанда таъкид доштанд, ки дар шароити вазъи тағйирёбандаи ҷаҳонӣ таъмини сулҳу суботи сиёсӣ ва ободии ояндаи Ватан, пешрафти бомароми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, эҳтироми меъёрҳо ва муқаррароти қонунгузорӣ, ҳимояи манфиатҳои олии миллию давлатӣ аз фаъолияти бомароми мақоми олии қонунгузори кишвар вобастагии амиқ дорад. Аз ин рў, ҳангоми қабули қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ манфиатҳои миллӣ, фарҳангӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа дар мадди аввал гузошта мешавад. Аз он ҷумла, 20 январи соли 2016 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки “муҳайё намудани шароити ҳарчӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад”. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия воридшуда ҷиҳатиамалӣ намудани ин мақсади олӣ хизмат менамоянд.

Конститутсия вобаста ба нафъ ва талаботи ҷомеа рушд мекунад. Тағйир ёфтан, такмил додани ҳар як Конститутсия нишонаи фаъол будани қонуни асосии давлат ва рушди қонунгузорӣ аст. Мақсади асосии тағйиру иловаҳо ҳифзи соҳибихтиёрии давлат дар замони ҳозира мебошад. Он ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқи озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд. Мо олимон медоним, ки Конститутсияи мо аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ҳамчун яке аз конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон эътироф гардидааст, Конститутсияи мо соли 1994 қабул шуда, дар давоми 29 сол барои пешрафти ҷомеа хизмат намуд. Солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиротҳои воридгардида ин меъёрҳоро боз ҳам мукаммал намуда, тибқи онҳо ҷомеа ба марҳилаи навбатии инкишофи худ ворид гардида буд.

Масалан, дар қомусномаи як муҳимтаринилова “Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ў аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад”, меъёре, ки мувофиқи он як шахс ба вазифаи Президенти бештар аз ду мўҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад, нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад. Судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои ВМКБ, валоят ва шаҳри Душанбе дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ў аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 5 сол, Суди конститутсионӣ 7 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошад ва дигар тағйиру иловаҳоро овардан мумкин аст. Хулоса аз ин иборат, ки пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар шароити ҷаҳони муосир ин иқдоми амри зарурист, зеро он моҳияти миллӣ дорад.

Дар ин раванд давлатҳои мутараққии дунё бо ақидаи миллии худ ба пешравиҳои инқилоби ноил гардиданд ва мо ҳам чунин ақидаи миллиро дорем, Он дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл ифода шудааст “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунёвӣ ва ягона мебошад”. Тағйири иловаҳо ба Конститутсия воридшуда аҳамияти таърихӣ ва илмӣ дорад, аммо мазмуни асосии Конститутсияро (моддаи якум) тағйир надодааст. Ин аз ҷиҳати ҳуқуқӣ рушди қонунгузорӣ аст ва аҳамияти таърихӣ дорад.Барои ҳамин ҳам конститутсияи Тоҷикистон - қомуси муқаддас буда, омўзиши Конститутсия дар ҳамаи мақомотҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ, ташкилоту корхонаҳо ба роҳ монда шавад!

Эркаев Сафар Абдулхайрович–д, иштирокчии Иҷлосияи ХУ1 тақдирсоз, отсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров,

Эркаева Мухтасар-омўзгори фанни таърих ва ҳуқуқӣ гимназияи № 1 ш.Хуҷанд,

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ