Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об ва иқлим баргузор гардида буд, ки дар он Пешвои муаззами миллат чунин ироа намуданд:

Ду масъалаи бисёр ҳам мубрами рӯзномаи муосири рушд, яъне обу иқлимро ба ҳам меорад, истиқбол намуданд. Чӣ таваре ки маълум аст, обу иқлим бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Мусаллам аст, ки тағйирёбии иқлим, пеш аз ҳама, аз ҳисоби таъсиррасонӣ ба захираҳои об ба ҳаёти ҳаррӯзаи мо дигаргунӣ ворид менамояд. Аз дидгоҳи мо яке аз нишондиҳандаҳои асосии раванди мазкур ин обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ мебошад.

Чунин Вазъ низ дар пиряхҳои Помир ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ дар Тоҷикистон намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад.

Пиряхҳо захираи асосии оби соф мебошанд. Обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.

Таҳлили тамоюли таъсиррасонии тағйирёбии иқлим ва афзоиши аҳолӣ нишон медиҳад, ки: агар дар солҳои шастуми асри гузашта таъминоти об ба сари ҳар як нафар аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ солона ба зиёда аз ҳашт ҳазор метри мукааб баробар шуда бошад, имрӯз ин нишондиҳанда зиёда аз чор баробар кам гардида, дар як сол каме зиёд аз ду ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад.

Возеҳ аст, ки ин масъалаи доғи рӯз бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан пешвоёни сиёсӣ қарор дошта бошад.

Дар ин робита Пешвои муаззами миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.

Пешвои муаззами миллат дар ин қарина, ҳамчунин, бори дигар пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки метавонад захираҳои молиявиро аз сарчашмаҳои гуногун ҷиҳати пиёда намудани иқдомоти зарурӣ ва татбиқи ҳадафҳо дар ин ҷода сафарбар намояд, хотиррасон намуданд.

Пешвои муаззами миллат итминон доранд, ки иқдомҳои музкур ва дигар ташаббусҳои ба онҳо монанд, ба ҷунбиши нави сатҳи глобалӣ ҷиҳати андешидани чораҳои зарурии дастҷамъона ва татбиқи амалҳо ба хотири ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ва нобудшавӣ такон хоҳанд дод.

Пешвои муаззами миллат ироа намуданд, ки ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистон захираҳои ғании об дорад. Дар кишвар қариб 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад. Манбаи асосии ин обҳоро захираҳои пиряхии минтақа, ки зиёда аз 60 фоизи онҳо дар қаламрави Тоҷикистон қарор дорад, ташкил медиҳанд.

Дар асри XX дар Тоҷикистон зиёда аз чордаҳ ҳазор пирях ба қайд гирифта шуда буд, ки майдонашон ба 8 фоизи масоҳати умумии кишвар баробар буд.

Мутаассифона, бар асари тағйирёбии иқлим ин пиряхҳо бошиддат об шуда истодаанд. То имрӯз зиёда аз як ҳазор пиряхи Тоҷикистон комилан об шудааст. Ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар дар як муддати нисбатан кӯтоҳ ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардид. Возеҳ аст, ки дар ояндаи миёна муддату дарозмуддат ин раванд метавонад оқибатҳои хеле вазнинро ба бор орад.

Дар баробари ин тағйирёбии иқлим боиси афзоиши чунин падидаҳои фавқулодаи гидрометереологӣ, ба мисли сел, обхезӣ, хушксолӣ, ярч ва тармафароӣ гардидааст. Офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисодиёт ва муҳити зисти Тоҷикистон зарари хело ҳам калон расонида, талошҳои моро ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои рушди устувор ҷиддан коста мегардонанд.

Пешвои муаззами миллат қайд карданд, ки ин гуна таҳдидот хоси дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ мебошанд. Маҳз аз ҳамин сабаб Тоҷикистон дар доираи раёсати худ дар Бунёди байналмилалии наҷоти Арал масъалаи таъсири тағйирёбии иқлимро ба сифати яке аз масъалаҳои афзалиятнок муайян намудааст.

Дар ин зимн мо барои ҷалби таваҷҷуҳи ҳукуматҳои кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба амалҳои фаъолтар ва қабули қарорҳои таъхирнопазир ҷиҳати мубориза бо ин таҳдид саъю талош хоҳем кард.

Дар ин иртибот, дастгирӣ намудани ҳама гуна абзорҳои самаранок дар соҳаи ҳифзи захираҳои обӣ ва иқлими глобалӣ зарур мебошад. Мо муътақидем, ки дар шароити кунунӣ маҳз мавқеъгирии ҳамгироёна метавонад заминаи хуби ҳалли аксари мушкилот, густариши иқтисоди «сабз» ва рушди устуворро фароҳам созад.

Аз нигоҳи мо, дар маҷмӯъ баррасӣ намудани масъалаҳои об, энергетика, амнияти озуқаворӣ, муҳити зист ва иқлим табиатан созгори рӯзномаи то соли 2030 мебошад. Дар баробари ин, чунин мешуморем, ки ба масъалаи маблағгузорӣ ба инфрасохтору навоварӣ бояд диққати махсус дода шавад. Бунёдҳои глобалии вобаста ба иқлим метавонанд ба ин раванд саҳми ҷиддӣ гузоранд.

Мо бар онем, ки ҷиҳати ҳар чӣ бештар оқилона истифода бурдани захираҳои об ва дигар боигариҳои табиӣ суръати баланди рушди технологияҳои нав нақши муҳим хоҳад дошт. Расидан ба ҳадафҳои мазкур, инчунин, бе ҳамкорӣ ва шарикии лозима ғайриимкон аст.

Аз назари мо, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор», барои давраи то соли 2028 барои муттаҳид намудани саъю талоши ҷомеаи ҷаҳонӣ имконоти хуб фароҳам месозад.

Конференсияи байналмилалӣ оид ба шарҳи миёнамуҳлати ин Даҳа, ки Созмони Милали Муттаҳид пас аз ду сол доир хоҳад кард, метавонад дар ҳамоҳангсозии масъалаҳои обу иқлим нақши калидӣ бозад ва ба ҳалли фарогири онҳо бо мақсади расидан ба рушди устувор мусоидат намояд.

Ҳамчунин санаи 22.03.2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” иштирок ва суханронӣ карда, чунин ироа намуданд:

Таъкид гардид, ки чорабинии имрӯза қадами аввал дар роҳи татбиқи қатъномаи нави Созмони Милал оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба шумор меравад.

Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, ки ҳадаф аз баргузор кардани чорабинӣ, қабл аз ҳама, муттаҳид сохтани талошҳои ҷонибҳои гуногун барои муваффақ ва натиҷабахш гардонидани ин ташаббус мебошад.

Ин ҳамоиш, ҳамчунин, барои таҳияи уҳдадории муштараки ҷонибҳо оид ба мавзуъ ва сабти он дар Рӯзномаи амал дар соҳаи об ҳамчун саҳми муносиб дар натиҷаҳои ин Конфронси таърихӣ хидмат хоҳад кард.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ иброз доштанд, ки ҳадафи пешниҳоди эълони “Соли ҳифзи пиряхҳо” ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаи мубрам ва муттаҳид сохтани талошҳо барои андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати коҳиши ин раванд, устувор сохтани ҷомеа ва иқтисоди кишварҳо ба таъсири он мебошад.

Тибқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд.

Пешвои муаззами миллат барои дар сатҳи баланд баргузор кардани ин ҳамоиши байналмилалӣ омодагии ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро иброз намуда, аз кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати ҳамкорӣ дар ин самт даъват ба амал оварданд.

Таъкид гардид, ки мо бояд дар якҷоягӣ бо кишварҳо ва ҷонибҳои манфиатдор Харитаи роҳро барои соли 2025 таҳия намуда, раванди омодагиро ба Соли 2025 ва Конфронси болозикр фарогиру натиҷаовар ба роҳ монем.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки талошҳои якҷояи кишварҳову созмонҳо дар ин самт самараи дилхоҳ хоҳанд дод ва мо соли 2025 дар Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии бахшида ба ҳифзи пиряхҳо дар ҳаллу фасли ин масъалаи муҳим метавонем таҳаввулоти ҷиддиро амалӣ намоем.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асл сиёсатмадори беназири аср ҳастанд, ки мавқеъю нуфуз ва обрӯю эътибори ин шахсияти аср марзҳоро тасхир намуда, қалби ҷаҳонро соҳиб шудааст. Шараф ба Пешвои муаззами миллат. Ифтихорманд ҳастем аз буданатон мӯҳтарам Пешвои муаззами миллат. Шукри беандоза ба Пешвои миллат баро ташаббуси бузургашон. Миллати точик бо чунин Пешвои муаззамаш мефахрад. Ҳар як иқдоми Шумо боиси ифтихор ва сарфарозист, Зиҳи Пешвои Маҳбуби Миллат.

Тоҷики азизи мо ҳамеша соҳиби тоҷ буд, ҳаст ва мемонад. Ифтихорманд аз Президенти муаззамамон ҳастем, ки асолати тоҷдории миллати моро ҳифз намуда, хотираи таърихии ин миллатро эҳё сохтанд. Воқеан бо ташабусҳои байналмилалии Пешвои муаззами миллат Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба як кишвари бузург дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ шинохта шуд.

Мо кулли тоҷикон ифтихормандем, ки бо лидери асри 21 Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомали Рахмон дар таърихи имрузу фардои Тоҷикистон низ сабт мегардем, бо ҳамдастӣ дар шукуфоии мамлакати биҳиштосой омода ҳастем.

Мо бо Пешвои худ ифтихор дорем бо шарофати Шумо ҳамаи Ҷаҳон Точҷикистони азизамро мешиносад.

Ҳазорсолаҳо сипарӣ мешаванд, вале ин ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва ғамхориву меҳрубонии Сарвари давлати тоҷиконро нисбат ба ояндаи насли башар мардуми сайёра фаромӯш нахоҳанд кард.

Ин дастовардҳо ва муваффақиятҳо барои тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ва Ватани азизамон Тоҷикистон мубарак бод!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ