​Ватандӯстиву ватандорӣ қарзи шаҳрвандист

Ба вазъи ҳозираи кишвар ва тамоми ҷаҳон ноустувории арзишҳои меъёрӣ, вайроншавии асосҳои ватандӯстӣ, кӯшишҳои қалбакисозии далелҳои таърихӣ, ба тарзи нав фаҳмидани тақдир ва мавқеи Ватан, пайдоиши ватанпарастии сохтакоронаи бемазмуну бемундариҷа, ки ба сафарбаркунии оҷилӣ равона шудааст, таҳдид менамояд. Равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ – иқтисодӣ дар ҷамъият ба афзоиши таваҷҷӯҳ ба таъриху географияи кишвари худ, ҷустуҷӯйи мазмуни нави мафҳуми Ватан водор менамоянд.

Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои аввалини таҳсилот ин дар муҳассилин тарбия намудани сифатҳои баланди шаҳрвандӣ, ҳисси қарзи ахлоқиву шаҳрвандӣ, масъулиятнокӣ нисбати ояндаи мамлакат мебошад.

Дар “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” омадааст: “Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва аз ҳама муҳимтарини тарбия мебошад, ки он дар мафҳумҳои диёр, макон, кишвар, сарзамин, Ватан ифода меёбад. Ҳамаи унсурҳои дигари тарбия ба ҳамин унсури тарбия иртибот доранд ва садоқатмандии шаҳрвандро ба ватани хеш дар назар дорад. «Фаромӯш набояд кард, ки — таъкид мекунанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад. Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд».

Муҳтавои тарбияи ватанпарастӣ ҳамчун унсури таркибии тарбияи миллӣ дар Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфта, аҳамияти татбиқи он дар ташаккули тафаккури ватанпарастии шаҳрвандон, садоқат ба Ватан, ифтихори миллӣ, эҳтиром ба муқаддасот, рамз ва ёдгориҳои табииву таърихии кишвар, тайёр будан барои адои қарзи шаҳрвандӣ ва уҳдадориҳои конститутсиониро инъикос менамояд. Дар Консепсияи мазкур таъкид меравад, ки ҷамъият ҳамон вақт қодир аст вазифаҳои фарохи миллиро ҳаллу фасл намояд, агар системаи умумии арзишҳои ба эҳтироми гузаштагон, маданияту фарҳанг, саҳифаҳои таърих, табиати кишвар нигаронидашуда бартарӣ дошта бошад. Консепсияи миллии тарбия дар қатори вазифаҳои асосии системаи таҳсилот тарбияи ватандӯстону ватанпарварони кишвар, шаҳрвандони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дуниявию иҷтимоӣ, ки ҳуқуқу озодиҳои шахсро пеш мегузорад, муайян менамояд. Баъзан, дар воқеъқатори мушкилотҳои мухталифи таҳсилот ба масоилираҳнамунсозии хонандагону донишҷӯён ба ватандӯстиву ватандорӣ, ҳамчун арзиши миллӣ диққати кофӣ равона карда намешавад, гарчанде ҷавонон бештар ба инкишофи эҳсосоту арзиш, маънавию ахлоқӣ, тарбияи шаҳрвандӣ ниёз доранд ва мароқ зоҳир менамоянд. Маҳз дар давраи таҳсилдар ҷавонон арзишҳои маънавӣ ва ахлоқӣ ташаккул меёбанд, муносибатҳои баҳодиҳанда ба ҳодисаҳои мухталифи воқеият шакл мегиранд, дарки чуқур ва амиқи масъалаҳои мураккаби иҷтимоӣ – сиёсӣ ба назар мерасад.

Барои арзёбии ин нишондиҳанда мо таҳлили маълумоти пурсишномаи "Ватандӯстӣ чист? "- ро истифода кардем, ки майли ватандӯстӣ ва дараҷаи таваҷҷӯҳи донишҷӯёни курсҳои болоӣ ба тақдири Ватан таҳлил карда шавад.

Бо ҳамин мақсад бо якчанд гуруҳи академии факултети геоэкология ва туризм пурсишнома гузаронида шуд, зеро андешаҳои донишҷӯёни курсҳои болоӣ дар ин бора е ҷолиб аст.

Донишҷӯёни муосир изҳор доштанд, ки бо кишвари худ, Ватани азизи худ ифтихор доранд. Бояд қайд кард, ки посухҳои пурсидашудагон бо эҳсосоти хеле баланд буд, онҳо Ватанро "як пораи қалб" ва ватандӯстиро - "муҳаббати беназир" номиданд, омодагии худро барои ҳифзи Ватан, табиати беолоиши он изҳор намуданд, ба мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар тоза нигоҳ доштани муҳити зист, ширкат дар аксияҳои экологии тозагии маҳал ишора карданд. Андешаҳои ҷолиб ин буд, ки "муҳаббат ба Ватан бояд на дар сухан, балки дар амал зоҳир карда шавад", "ҳар як ватандӯсти ҳақиқӣ бояд дар ҳаёти фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва экологии кишвар ширкат варзад." Аксарияти донишҷӯён худро ватандӯст номиданд ("Ман кишварамонро бо тамоми обу хокаш, қуллаҳои барфпӯшу осмонбӯсаш, сокинони меҳмоннавозу сарбаландаш дӯст медорам", "Ватан – ин ман ва ман ин Ватан мебошам”). Яке аз донишҷӯён ба саволи гузошташуда бо истифода аз мисраъҳои шоири ширинкалом Мирзо Турсунзода, ки ба Ватан бахшида шудааст, чунин посух додааст:

“Ватан, дар ҳар куҷо омад, ба сар форам ҳавои ту,

Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.

Агарчӣ дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд,

Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту”.

Натиҷаҳои бадастомада муносибати эмотсионалӣ ва арзишмандро нисбат ба Ватани худ, минтақа, ҳисси ватандӯстӣ ва мавқеи фаъоли шаҳрвандии донишҷӯёни муосирро нишон медиҳанд.

Нодирахон Дадобоева - сардори маркази бақайдгирӣ ва машварат,дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ