Маллаев Абдуғаффор Ваҳобович
- Должность:
- Сармуаллим(a)
аз соли 2021 дар вазифаи муаллими калони кафедраи забони олмонии факултети забонҳои хориҷии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» кор мекунад.
*Соли таваллуд: 05 июни соли 1954 *Ҷои таваллуд: шаҳри Ленинобод
*Миллат: тоҷик *Маълумот: олӣ
* Соли 1975 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин хатм кардааст
*Ихтисос: муаллими забони арабӣ, тоҷикӣ ва адабиёти мактаби миёна *Унвони илмӣ: надорад
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, арабӣ, форсӣ, ӯзбекӣ
*Вакили халқ ҳаст ё не: не
*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
*Вазъи оилавӣ: муҷаррад
*Кор ва фаъолияти собиқа:
| Солҳои 1970-1975 | донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин |
| Солҳои 1975-1975 | наттоқи телевизиони Кумитаи давлатии РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ |
| Солҳои 1975-1979 | тарҷумони забони арабӣ дар Ҷумҳурии Сурияи Араб аз тарафи Вазорати нақлиёти ИҶШС |
| Солҳои 1979-1981 | референти БММТ «Спутники Кумитаи вилояти Ленинободи Комсомоли Тоҷикистон» |
| Солҳои 1981-1983 | хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ |
| Солҳои 1983-1984 | инструктори шуъбаи ташфиқот ва тарғиботии Кумитаи вилоятии Комсомоли Тоҷикистон |
| Солҳои 1984-1987 | тарҷумони забони арабӣ дар Ливия аз тарафи Вазорати мудофиаи ИҶШС |
| Солҳои 1987-1991 | иструктори шуъбаи ташкилии партиявии ҳизби комунистии ноҳияи Хуҷанд |
| Солҳои 1991-2000 | муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
| Солҳои 2000-2007 | муовини декани факултети забонҳои шарқ ва сармуаллими кафедраи грамматикаи забони арабии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
| Солҳои 2007-2008 | ҷонишини директори Муассисаи нақлиёти АТП-33 |
| Солҳои 2008-2009 | экспедитори ООО «Меркурӣ» ва нозир оператори ООО «Автодиагностика» |
| Солҳои 2015-2016 | директори Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ |
| Соли 2018-2020 | муаллими калони кафедраи филологияи араби факултети забонҳои шарқи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» |
| Солҳои 2020-2021 | муаллими калони кафедраи грамматикаи забони арабии факултети забонҳои шарқи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» |
| Аз моҳи марти соли 2021 то ҳол | муаллими калони кафедраи забони олмонӣ ва забони хориҷии дуюми факултети забонҳои хориҷии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» |