​Ҳомии халқу сарҳад!

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарҳанги сулҳофари Пешвои муаззами миллат дар миқёси ҷаҳон шинохта шудаву халқи моро дар дигар манотиқи олам, ҳамчун халқи ваҳдатсаро эътироф намудаанд. Дар ҳақ, ки дар бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтианд. Садри муаззами миллат дар баробари ҳалли мушкилоти Тоҷикистон, таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон ва ғайраҳо ҷалб мекунад. Ниҳоят, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли қазияи Афғонистон, ки ба пойгоҳи терроризму экстремизм табдил ёфта буд, рӯ овард. Ғасби давлат аз ҷониби террористони дирӯза дар давлати ҳамсоя ин албатта нигаронкунанда аст, ки ин вазъият аз нигоҳи Родмарди тоҷик бетараф намегузорад! Зеро он халқ ҳам инсонанду ҳуқуқи баромадан ба озодиву ободӣ баромадан доранд! Ин пешниҳоди Пешвои ваҳдатофарини моро пайдарпай сарони кишварҳои дигари ҷаҳон дастгирӣ доранд, ки боиси ифтихор аст! Ҳақиқатан ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд. Таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ – ин ҳама бо азму иродаи қавӣ ва иқдому ташаббусҳои созандаи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқу давлати моро ба даст омадааст.

Маълуми ҳамагон аст, ки қазияи Афғонистон тамоми минтақаи Осиёи миёна ва ҳатто ҷаҳонро ба тарсу ваҳм овардаву бархе аз мамолики ҳамсоя давлати якхӯрагии толибонро дастгирӣ намудаанд, ки баногоҳ ба давлатии онҳо хатаре наандозад…. Аммо халқи тоҷик бояд боварии комил дошта бошад, ки ободиву осудагии кишвар ҳаргиз вайрон нахоҳад шуд! Тоҷикон дубора ба ноободӣ дучор намегарданд! Зеро вазъи сарҳад ва ҳимояи марзу бум таҳти ҳимояти шабонарӯзии Пешвои ваҳдатофарини халқ ва сарҳадбонон ҳасту агар лозим гардад, халқи осоишта – паҳлавонони ҳузарби тоҷик сипар хоҳанд гашт, ки ин ҳолатро мо дар қазияи сарҳади Қирғизистон шоҳид гардидем! Мо қудрати ҳимояи марзу буми худро дорем!

Шарифзода М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ