Темурхон Мақсудов: рӯзгоре барои ибрат ва ё намирад, гар бирад некноме

Ман дар фаъолияти эҷодиам дар шаҳру вилоятҳо, давлатҳои хориҷи кишвар бо садҳо одамон ҳамсӯҳбат будам. Дар байни онҳо як инсони бузургеро соли 1992 дар дармонгоҳи «Зумрад» дучор омадам, ки ҷони одам буданд. Бовар кунед, ҳамин ки вақти холӣ меёфтам, ба сӯҳбаташон мешитобидам. Ҳамроҳ ба вохӯриҳо мерафтем. Шеърҳои маро бо кайфияте гӯш мекарданд. Дар пайдоиши шеър - ғазали «Ушшоқи Исфара» аз манзараҳои дилфиреб, аз одамони асили Исфара, аз устод Темурхон Мақсудов илҳом гирифтаам. Шукр мекунам ман, шукр кунед Шумо, исфарагиҳо, ки як замоне чунин фарзанди асиле дошта будед.

Лоиқ Шералӣ, соли 1997

Ному пайкори ашхоси хирадманду фарҳехта, ки дар роҳи густаришу инкишофи илм хидмати муассир анҷом додаанд, баъд аз марг низ зинда мемонад. Ба таъбири Саъдӣ: “Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист”. Устоди равоншод, номзади илмҳои филологӣ, Аълочии маорифи ИҶШС, дотсент Темурхон Мақсудов аз зумраи чунин ашхоси номвару номдоранд, ки зодаву парвардаи хоки адабпарвару шоирхези Исфара буда, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошанд.

Пайроҳаи зиндагӣ ва фаъолияти устод Темурхон Мақсудов намоди ибрату омӯзиш аст.

Аз ин ҷост, ки Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ аз устод Мақсудов “Ҷони одам” ном гирифтаанд.

Пажӯҳишоти дотсент Темурхон Мақсудов дар шакли монографияву дастури таълим, чун «Дар бораи воҳидҳои фразеологӣ ва вазифаи синтаксисии онҳо», «Лексика ва фразеологияи шеваҳои тоҷикони Исфара», «Забони адабии ҳозираи тоҷик» ва ғайра манзури аҳли илм шудааст. Осори фавқ дотсент Мақсудовро ба сифати муҳаққиқи борикназари риштаи забоншиносӣ муаррифӣ намуда, то ба имрӯз аз беҳтарин таҳқиқотҳо эътироф мешаванд.

Соли 1977 рисолаи илмии Т.Мақсудов бо таҳрири тозаи муаллиф бо номи “Лексика ва фразеологияи шеваҳои тоҷикони Исфара” дар нашриѐти “Ирфон” аз нашр мебарояд. Нашри ин таҳқиқоти Т.Мақсудов низ аз ҷониби мутахассисон хуш истиқбол мешавад. Аз ҷумла, муҳаққиқи варзидаи шевашиносӣ, профессор А.Ҷӯраев дар рӯзномаи “Маориф ва маданият” тақризе ба нашр расонида, асари мазкурро хишти аввалине медонад, ки “дар кори ба вуҷуд овардани бинои мӯҳташами лексикологияи регионалии тоҷик мустаҳкам гузошта шудааст”. Як нукта шоистаи зикри махсус аст, ки дар замони фаъолияти омӯзгории устод Т.Мақсудов техникаи муосир чун имрӯз вуҷуд надошт. Ин аст, ки Т.Мақсудов бо мақсади ба донишҷӯѐн ба таври содаву фаҳмо дастрас намудани маводи илмӣ аз ҷадвалу нақшаҳо фаровон баҳра бурда, соли 1989 дастури таълимии «Забони адабии ҳозираи тоҷик»-ро низ дар ду қисм ба нашр расонида буданд, ки аз ҷониби устодону донишҷӯѐн хуш пазируфта мешавад. Ин дастур то ба имрӯз аҳамияти худро гум накардааст. Дотсент Т.Мақсудов дар дарозои кору фаъолияти худ дар тарбияву бавоярасонии ҳазорҳо мутахассисони ҷавон саҳм гирифтаанд, ки онҳо дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, ному пайкори устоди худро идомат мебахшанд.

Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло дар китобн таҳти унвони“Гулномаҳои хотираҳо” андешаҳои хешро дар мавриди шахсияту ҳайсияти эшон ба таври зайл баён намудаанд:

  • Дотсент Т.Мақсудов дар дарозои кору фаъолияти худ дар тарбияву бавоярасонии ҳазорҳо мутахассисони ҷавон саҳм гирифтаанд, ки онҳо дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, ному пайкори устоди худро идомат мебахшанд. Устод Т.Мақсудов умри дароз надиданд, вале умри кӯтоҳу пурмазмун ва бобаракатеро аз сар гузаронида, асари хайре ба ёдгор гузоштанд. Ба таъбири дигар, устод ҳикмати дерини ниёгонро, ки мефармояд: “Дар ин равоқи забарҷад навиштаанд ба зар, Ки ҷуз накӯии аҳли карам нахоҳад монд” хуб медонистанд ва зиндагии хешро аз рӯи ҳамин ҳикмат тарҳрезӣ намуда буданд.

Устодону дӯстон ва шогирдон аз устод Темур Мақсудов “Султони майдони маърифат”, “Марди накӯном”, “Инсони наҷиб”, “Фидоии роҳи таълиму тадрис”, “Ифтихори донишгоҳ”, “Машъалафрӯз”, “Устоди бемисл” ном мегиранд.

Ҳарчанд устод Темурхон Мақсудов умри дароз надиданд, аммо кору пайкори неки эшон ва осори арзишманди мавсуф номашонро зинда нигоҳ медорад. Ба таъбире: “Ҷойи ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст”.

P.s. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров як зумра шахсиятҳои бузург, фидоиёни роҳи илм, олимони фарҳехтаву нуктасанҷ ва бузургони илму адаб ба камол расида ва ҳам донишу нерӯи зеҳнии хешро баҳри пешрафту инкишофи ҳамин боргоҳи бузурги таълимӣ истифода намудаанд, ки арзиши омӯзиш ва пайравиро дорад. Маводи мазкур дар доираи бахши “Чароғи маърифат” таҳия шудааст. Бахши “Чароғи маърифат” махсус барои арҷгузорӣ ба хидматҳои устодон ихтисос ёфтааст. Маводи ҷолибу хонданиро дар бораи зиндагӣ ва саҳми устодони асили донишгоҳ метавонед минбаъд дар дар сомонаи www.hgu.tj. пайгир бошед!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ