​Террорист миллату мазҳаб надорад

Имрӯзҳо ки вазъи ҷаҳон ва минтақаҳои алоҳида душвору пурпечутоб аст, нисбати мафҳуми терроризм ва террористу экстремист байни давлатҳо духӯрагиву бетарафиҳо ҷой дорад ва ин амалу мавқеъгирӣ барои реша давонидану густариши ифротгарӣ ва ба амалҳои нопоку даҳшатангез даст задани ҷавонони гумроҳ мегардад, мо бояд дар огоҳонӣ, ошкорсозӣва пешгирии ин амалҳои номатлуб сарҷамъона мубориза барем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози таъсисёбии давлати соҳибистиқлоламон нисбат ба масъалаи терроризм ва экстремизм муносибати оштинопазир дошта, имрӯзҳо Тоҷикистон дар сафи муборизони фаъоли муқовимат ба ин падидаҳои хатарафзо қарор дорад. Зеро мардуми тоҷик фоҷиаи даҳшатовари ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро пасисар намуд, ки омилҳои асосии он маҳз ифротгароии динӣ, дахолати созмонҳои тундрави хориҷӣ ва ба гумроҳӣ бурдани мардум буд. Сарвари давлат дар баромадҳояшон чандин маротиба таъкид доштанд, ки террористу экстремист давлату миллат ва мазҳаб надорад. Нафароне, ки фирефтаи ҳалқаҳои экстремистӣ, хадамотҳои ҷосусии давлатҳои абарқудрат ва созмонҳои террористию экстремистӣ мегарданд, чунон манкурт (зомбӣ) мешаванд, ки дигар давлату миллат ва волидони худро фаромӯш мекунанд ва рӯирост аз онҳо даст мекашанд.

Амалҳои террористиро хоинону ҷосусон аз рӯи нақшаҳои махсуси тарҳрезикардаашон ба анҷом мерасонанд ва ҳеҷ гоҳ роҳбарони асосӣ дар амали террористӣ бевосита иштирок намекунад ва ҳамеша дар паси парда мемонанд. Барои иҷрои ин амалҳои нангину даҳшатбор сарварону ташкилкунандагони гурӯҳҳои тундрав бо роҳҳои гумроҳ кардан, фиреб, дасисабозиву шантаж, бо таълимоти ифротии динӣ манқурт кардан, ваъдаҳои пулию амволӣ шахсони осебпазир, дониши хуби динию дунявӣ надошта, бо мақомот мухолифатдошта, муҳоҷирони меҳнатӣ, ашхоси ночор ва дармондаро моил месозанд.

Имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимоии интернет воситаи асосии шомил намудани одамон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ гардидааст, ки хатари онро мо бояд бозудӣ дарк намоем ва наздикону пайвандони худро аз ин хатари оммавӣ эмин нигаҳ дорем. Дар шабакаҳои “Фейсбук”, “Телеграм”, “Инстаграм”, “”Вайбер”, “Ватсап” “Ютуб” ва ғайраҳо, ки нав ба нав дар интернет пайдо шуда истодаанд, бо риояи қоидаҳои “тиллоӣ” боядистифода барем. Ҳангоми интихоби дӯстон дар шабака бояд аз одамони ношиносу шубҳаовар худдорӣ намоем. Пеш аз ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ (группа) онро хуб омӯзем, зеро ифротиён сараввал ягон гурӯҳи маърифатӣ ё фарҳангию иттилоотӣ таъсис медиҳанд ва баъди пайдо намудани иштирокчиёни зиёд маводҳои хусусияти террористию эксртемистӣ доштаро ба он ворид месозанд. Пеш аз ба зери расм, матн ё навор шарҳ (комментария) навиштан, маъқул донистан (лайк), ё ҳамовозӣ кардан (сердечка), бояд сараввал мазмуну муҳтавои онро дақиқ фаҳмида, ҳангоми хусусиятҳои ифротӣ, ҷудоиандозӣ, кинаву адовати миллию наҷодӣ, динию мазҳабӣ ё зидди сохтори конститутсионии давлат будани мазмуну мӯҳтавояш, агар тавонем, мутахассис бошем, дар шарҳ (коментария) нодурустии онро нависем ва исбот намоем, дар акси ҳол бояд аз ин амалҳо ҳатман худдорӣ намоем. Шарҳ дода ҷонибдорӣ кардан, маъқул донистан (лайк), ё ҳамовози кардан (сердечка) ба маводҳои хусусияти террористию экстремистидошта, ё ҷойгир намудани чунин маводҳо дар шабакаҳои интернетӣ, тибқи моддаи 3071 қисми 2, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ ва сафедкунии оммавии экстремизм бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет ҷиноят эътироф гардида, барои содир намудани он аз панҷ то даҳ сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар карда шудааст.Барои саривақт ошкор ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои хусусияти эксремистӣ дошта ҳангоми дар “Телеграм”, “Инстаграм”, “”Вайбер”, “Ватсап”-и Шумо пайдо шудани гурӯҳ, ки касе шуморо ҳамроҳ намудааст ва маводҳои диниву ифротӣ дорад дарҳол бояд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод. Бо ин амалатон Шумо пеши роҳи ифротгароӣ, ки оянда ба терроризм мебарад, гирифта метавонед.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳалномаи Суди Олӣ фаъолияти 28 ташкилотҳои экстремистию террористӣ манъ карда шудаанд ва рӯйхати онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷуд аст. Ҳама гуна робита бо ин ташкилотҳои мамнӯъ ва нафарони ба онҳо робитадошта ҷинояткор ҳисобида мешаванд.

Мутаассифона то ҳол ҳолатҳои гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ вуҷуд доранд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар (ш. Душанбе, 9.03.2024) зикр намуданд, ки “Дар даҳ соли охир дар мамлакат 6680 ҷинояти дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шуда, 11 ҳолати амали террористӣ ва сӯиқасд ба он пешгирӣ гардидааст”. Ин далелу рақамҳо моро водор месозад, ки дар гирифтани пеши роҳи ин ҷиноятҳои нангин бетараф набошем. Дар робита ба ин Сарвари давлат волидайн, оила, устодони тамоми зинаҳои таҳсилот, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқро вазифадор намуданд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ, маърифатӣ, тарбиявӣ ва дигар тарзу усулҳои муассири пешгирӣ кардани ифротгароӣ, хурофотпарастӣ, қонуншиканиро роҳандозӣ намуда, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои амалӣ андешанд.

Бо назардошти оқибатҳои фоҷиабору даҳшатафкан доштани ҷиноятҳои марбут ба экстремизм ва терроризм ба амнияту суботи мамлакат, оромиву осоиштагии шаҳрвандон бояд тамоми сокинони кишвар, зиёиён, хизматчиёни давлатӣ якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ошкору пешгирӣ намудани он софдилона, бо масъулияти баланди ватандориву ватандӯстӣ дастаҷамъона мубориза баранд.

Ҷабборзода И.Р. н.и.т., декани факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ