Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ

Таҳти чунин унвон бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” дар толори раёсати донишгоҳ хониши сиёсӣ бо иштироки намояндаи шуъбаи дин, танзими анъна ва ҷашну маросимҳои МИҲД Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонони вилоят Бахтиёр Исматҷонов ва устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом доир ба масъалаи тақвияти фаъолияти идеологӣ – сиёсӣ дар самти мубориза бо зуҳуроти экстремисти террористӣ суханронӣ намуда, қабул гардидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”-ро аз ҷумлаи ибтикоротидигари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзёбӣ намуд. Зикр шуд, ки қабули ин санади муҳим ба сиёсати дурбинонаву хирадгароёнаи Ҳукумати мамлакат дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандўстии ҷавонон робитаи амиқ дорад.

Баъдан, Бахтиёр Исматҷонов доир ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон сухарнои намуда таъкид дошт, ки ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз танҳо ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва бомаърифту ватандӯст метавонанд муаррифӣ намоянд.

Дар идомаи Меҳрафкани Мирзоҳафиз доир ба нақши ҷавонон дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва риояи танзими ҷашну маросимҳо суханронӣ намуда, афзуд, ки маҳз ҷавонони донишманд ва бомаърифат метавонанд ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо ва зиёдаравиҳо гарданд.

Мақсад аз роҳандозии чунин хонишҳои сиёсӣ, пеш аз ҳама таълиму тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандустиву ватанпарастӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, пос доштани хотираи неки абармардон, пешгири намудани ҷавонон аз ҳар гуна кирдорҳои ношоиста, аз ҷумла терроризму экстремизм, пешгирии касалиҳои сироятӣ ва баланд бардоштани зиракии сиёсии ҷавонон дар раванди ҷаҳонгароӣ маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ