Тақвияти ватандӯстӣ – омили муҳими ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити таҳдидҳои замони муосир

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров имрӯзҳо дар факултетҳои донишгоҳ ҷиҳати фаҳмонидани моҳият ва аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва бедор кардани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон ва тақвияти он дар замири ҷавонон мулоқоту вохӯриҳо ва хонишҳои сиёсӣ бо омӯзгорону донишҷӯён ба роҳ монда шудааст.

Вобаста ба ин, санаи 22-юми декабри соли 2023 дар толори раёсати донишгоҳ хониши сиёсӣ дар мавзӯи "Тақвияти ватандӯстӣ – омили муҳими ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити таҳдидҳои замони муосир" бо иштироки Қаҳҳорова Муноҷот, муовини Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, Фирдавс Фахриддинзода, муовини Раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Исмоилов Хайёмиддин, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ доир гардид.

Гуфта шуд, ки мақсад аз баргузории чорабинии мазкур пеш аз ҳама маҷмуи тадбирҳое, ки баҳри дар тафаккури шаҳрвандон тарбия намудани дарки зарурати бошууронаи хизмати фидокоронаю беғаразона ба Ватан зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ, меҳнатӣ ва ҷамъиятӣ, муҳаббат ба кишвари маҳбуб, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, риояи қонун, ахлоқи ҳамида, фарҳанги умумӣ, мавқеи амиқи шаҳрвандӣ, омодагии доимӣ барои адои қарзи конститутсионӣ ва уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, ифтихор аз дастовард ва анъанаҳои ниёгон равон карда шудааст.

Зикр карда шуд, ки мавзӯи имрӯза хеле муҳим ва мубрам буда, бидуни суботи сиёсӣ пешрафтҳо дар ҳаёти ҷомеа ғайриимкон мебошад. Маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон суботи сиёсӣ ба амал омад ва Тоҷикистон тайи солҳои Истиқлоли давлатӣ ба пешрафтҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ ноил гардид.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд. Воқеан, имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи кишвар ва умеди фардои дурахшони давлату миллат эътироф шудаанд, ки албатта чунин таваҷҷӯҳ пеш аз ҳама аз ҷавонон масъулиятшиносиро талаб менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ