​Наҳзатиёни махов!

Ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати Ислом, ки алҳол аксарияти мамлакатҳои олам фаъолияашро мамнӯъ эълон кардаанд, созмонест, ки сирф аз аблаҳу нобакорон таркиб гирифтааст. Аз аввали таъсисёбӣ бо ҳар баҳонаю сабабҳо мардуми оддиро ба арзишҳои динӣ даъват намуда пинҳонӣ бар зидди давлат шӯр меандохтанд. Солҳои 90 – ум ошкор гардид, ки палидони наҳзатӣ аслиҳаи бисёре ҷамъ кардаву бо яроқи оташфишон даст ба ғасби ҳокимияти давлатӣ заданд. Дар саҳнаи сиёсати дохиливу хориҷӣ наҳзатиён баръало танҳо иғвоангезиву дасисабозӣ мекарданду забони ноби тоҷикиро як сӯ гузошта бо лафзу эронӣ сухан мекарданд. Мардумро ба муқовимат зидди ҳокимияти расмӣ даъват мекарданду ҳисси баланду имони устувори диндории халқро истифода мебурданд. Аввалан пинҳонӣ, баъдан ошкоро мақсадашон дастёбӣ ба ҳокимиятро баён мекарданд. Оқибат худи ин ҳаромзодагони худозада арзишҳои олии дини мубини Исломро паймол намуда ба куштор, ғорату фаҳш, нашъаҷаллобӣ ва амалҳои дигар даст заданду касофати ин палидони ифротӣ ба ҷанги шаҳрвандиву харобиҳои бузург овард.

Аз иншои амалҳои фитнакорони наҳзатӣ метавон дарк намуд, ки барои ин муртадони ландаҳур дини муқаддаси Ислом беш аз ниқобе чизи дигар набудааст. Муайян гаштааст, ки фаъолияташон ҳеҷ рабте ба дини Ислом надошту надорад. Худи балозадагони бадбахти наҳзатӣ низ нуқтаи болозикрро тасдиқ намуданду номи созмони ифротии худ ба “Паймони миллӣ”(алҳазар) тағйир доданд.

Имрӯзҳо, гӯё мусичаҳои бегуноҳ бошанд, воқеаҳои солҳои 90 – уму оғози асри XXI – ро сарфи назар карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва кӯчаҳои Аврупо бо барномаву ҳамоишҳо даъвоҳои беасоси низоми сиёсӣ мекунанд. Ин палидони бадбахт бо дастури хоҷагони аҷнабии маблағгузор бо иғвою дасиса, фитна, фиребу найрангу ҳунарҳои дигари қаллобона бар сӯйи Ватани нотакрорамон сангпартоӣ мекунанду аллакай ҷасорате пайдо карданд, ки аз нидоҳои имкониятомези мушона ба пешниҳоди танзими баъзе меъёрҳои ҷомеарошурӯъ намоянд. Дур аз сарзамини аҷдодӣ, бо ҳидояти хоҷагони ифротзада бо қалби хиёнатпеша ва дасту даҳони ғарқи хун, чӣ ҳуқуқи маънавӣ доранд, ки эроде бигиранд? Охир саропо мутеи нафс шудаанду мақсаду маромашон қонеъ кардани нафси шайтонӣ асту бас!?

Ноҷинсони наҳзатии палид бо дахолат ба мушкилотҳои ҷомеа на роҳи ҳал меҷӯянду баръакс, чун “тӯтии бетамиз” такрор бо такрор чирккобӣ мекунанд. Худ палидолуданду чиркзада, мехоҳанд амсолашон бештар бошад. Аммо, итминон дорам, ки дигар нафарони соддалавҳро гумроҳи ғояҳои ифротии худ карда наметавонанд. Зеро, насли ҷавони даврони дастрасии том ба технологияҳои иттилоотӣ мағзро аз пӯчоқ ҷудо карда метавонанду фирефтаи найрангбозони сиёсатмадортарош нахоҳанд шуд.

Вазифадорем, ки ҳушёриву зиракии сиёсӣ аз даст надиҳему муқовимат бар наҳзатиёну ифротгароёни дигарро сипари боэътимоди ояндаи кишвар бисозем!

Собиров М.С.-дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ