​Мулоқоти судманд ҷиҳати баррасии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон

мрӯз дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти судманд ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”

бо иштироки Қаҳҳорова Муноҷот - муовини Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, Фирдавс Фахриддинзода - муовини Раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд ташкил ва баргузор гардид.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Исмоилов Хайёмиддин мулоқотро ифтитоҳ бахшида, ҳадаф аз ин ташаббусро таҳкими маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, баррасии мавзуъҳои умдаи ҷомеа ва пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб унвон намуд.

Таъкид гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.

Гуфта шуд, ки мақсади тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандон, тарбия намудани шаҳрвандон дар руҳияи муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат дар заминаи фаъолияти баланди ҷамъиятӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан, таҳкиму таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори давлат маҳсуб меёбад.

Аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати мубориза бо таҳдидҳои муосир фаъолнокӣ нишон дода, ба қонунҳои мазкур эҳтиром ва ҷиҳати татбиқи он саҳм гузоранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ