​Мулоқот: таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва тавсеаи дониши сиёсии ҷавонон

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо намояндагони ниҳоди қудратӣ дар вилояти Суғд мулоқот сурат гирифт, ки дар он беш аз 200 нафар устодону донишҷӯён фаро гирифта шуданд.

Дар кори мулоқот сардори шуъбачаи БДА шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд подполковники милитсия Шарифзода Зокир ва сардори шуъбаи ташфиқот ва тарғиботи Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон майори милитсия Ҳакимзода Ҷаҳонгир иштирок намуданд.

Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони раёсати донишгоҳ мулоқотро ифтитоҳ бахшида, таҳкими маърифати ҳуқуқӣ, тавсеаи дониши сиёсӣ ва мусоидат ба коҳиш ёфтани кирдорҳои номатлуб миёни ҷавононро ҳадафи меҳварии ин ибтикор унвон намуд.

Дар мавриди омилҳои асосии афзоиш ёфтани кирдорҳои ношоиста, аз ҷумла ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ миёни ҷавонон подполковники милитсия Шарифзода Зокир маърӯза намуд. Ҳамзамон, сабаб ва пайомадҳои шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ дар идомаи суханронии номбурда мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Риояи тартибот ва қоидаҳои роҳу нақлиёт ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш мавзуи дигари мулоқот буд, ки перомуни он аз ҷониби майори милитсия Ҳакимзода Ҷаҳонгир ибрози назар шуд.

Аз донишҷӯён даъват шуд, ки дар раванди таълим ва ҳам берун аз он қоидаҳоро риоя намуда, дар самти мубориза ва пешгирӣ аз таҳдидҳои муосир фаъолнокӣ зоҳир намоянд.

Суолу ҷавоб ва табодули афкор миёни иштирокчиён идомабахши мулоқотбуд.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Хайёмиддин Исмоилов ба масъулини мақомот ҷиҳати равобити судманд ва мусоидат ба тавсеаи сатҳи огоҳии ҷавонон миннатдорӣ баён намуда, омодагии раёсати донишгоҳро барои ҳамкории мунтазам бо мақомоти қудратӣ дар самти пешгирии ҷавонон аз кирдорҳои ношоиста ва зуҳуроти номатлуб иброз намуд.

Хотиррасон менамоем, ки чунин дар доираи фаъоляити шуъбаи кор бо ҷавонон мунтазам ба роҳ монда шуда, дар факултетҳои донишгоҳ низ паёваста роҳандозӣ мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ