​Мулоқот: Паём - муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ

Бо тасаббуси шуъбаи тарбияи донишгоҳ ва Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҷиҳати таблиғи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби васеи устодон ва кормандон мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот намояндагони гурӯҳи таблиғоти оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паём таъкид намуданд, ки “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунандаи самти сиёсату давлатдорӣ буда, ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад”.

Бо такя ба нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни ироаи Паём баён гардида буд, ҳозирин иброз доштанд, ки “Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлол - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд. Аз ин рӯ моро мебояд ба қадри неъматҳои истиқлол бирасем ва барои насли ояндаи худ як давлати ободу осуда ва пешрафтаро ба мерос гузорем.”

Зимнан таъкид рафт, ки Паём- ин санади муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ буда, соҳибистиқлол будани давлатро собит месозад. Агар истиқлол муқаддастарин дастовард, неъмати бебаҳо, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободию саодатмандӣ, суботу осоиштагӣ ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо бошад, пас Паёми Пешвои миллат низ яке аз муҳимтарин рамзҳои давлати соҳибистиқлоли маънидод гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ