Мулоқот: маърифати ҳуқуқии ҷавонон боло меравад!

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии устодону донишҷӯён, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, пешгирии амалу кирдори номатлуб дар байни наврасон, ҳамзамон таъмини талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, инчунин масъалаҳои умдаи ҷомеа мулоқоти намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Меҳрафкан Мирзоҳофизиён, намояндаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Гуландом Мирзоева бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳ ҷараён гирифт.

Ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳо ва нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ибрози назар кард.

Баъдан маърӯзачиён суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар замони муосир аҳаммияти хоса пайдо менамояд. Гуфта шуд, ки давоми солҳои охир болоравии салоҳиятнокии ҳуқуқии ҷавонон мушоҳида мешавад, ки дар огоҳии баланди онҳо аз мундариҷаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Конститутсия, кодексҳо ва амсоли онҳо зоҳир мегарданд.

Зикр шуд, ки “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 барои расидан ба ҳадафҳои муҳим ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва қабули қонунҳои босифат мусоид хоҳад намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ