​Муаррифии китоби “Масъулияти фарзанд дар назди волидайн”

Дар толори бинои № 5-и донишгоҳ бо иштироки устодон ва донишҷӯёни факултетҳои таърих ва ҳуқуқ ва филологияи рус муаррифии асари тозанашри дотсент Саидмурод Ҳоҷиев таҳти унвони “Масъулияти фарзанд дар назди волидайн” баргузор гардид.

Декани факултети таърих ва ҳуқуқ дотсент Ҷабборзода Иброҳим доир ба ҳадафи мулоқот ва аҳамияти тарбиявии китоби тозанашр дар тарбияи насли наврас ибрози назар намуд.

Доктори илмҳои филологӣ Мусо Олимҷонов, мудири кафедраи забони тоҷикӣ доир ба раванд ва зарурияти таълифи асари мазкур ва аҳамияти тарибявии он сухан нумуд.

Муаллифи асар дотсент Саидмурод Ҳоҷиев аз ривояту ҳикояҳои шавқовари тарбиявии вобаста ба масъулияти фарзанд дар назди волидайн, ки дар китоб оварда шудааст, нақл намуд.

Бо суолу ҷавоб ва табодули афкор мулоқот анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ