Мо ба ҳадафҳои ғаразнок роҳ намедиҳем!!!

Илми фалсафа собит месозад, ки амалисозии ҳадафи сӯзанда ҳамеша аз ҳадафи созанда осонтар аст. Ба ин маънӣ гуфтан ҷоиз аст, ки имрӯз душманони давлат ва хиёнаткорон, ки мақсади ғаразноки худро мехоҳанд дар ҷомеа паҳн намоянд, аз ВАО ва ИНТЕРНЕТ истифода мебаранд. Аз баски онҳо ба ҷомеаи тоҷикистонӣ як заррае ҳам ғамхор нестанд, мароми беинсофонаи худ, тухми бадбинӣ, нобоварӣ ба давлату ҳукумат ва сарвари давлати тоҷиконро доранд.

Хушбахтона, имрӯз аҳли ҷомеаи тоҷикистони зиракии сиёсии худро нигоҳ дошта, бо ин омилҳои хатарнок мубориза мебаранд. Сару садоҳо ва ахбори Радиои Озоди, ки дар бобати Паёми Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар дӯш расид, аҳли ҷомеаро нигарон намуд. Зеро иттилои бардурӯғ, иғвоангез, ҳиссӣ бахилию бадбинӣ нисбати давлат ва ҷомеаи тоҷикистонӣ дар ин наворҳо дида ва эҳсос карда мешуд.

Охир як нафаре бо ном Муҳаммад Кабирӣ, ки худ дар давлатҳои номаълум пинҳон асту аз ободии ҷомеаи тоҷикистонӣ ҳарф мезанад куҷо ба ҳақиқат рост аст? Магар ин ба доми фиреб кашидани ҷомеаи нест? Оё чашмони мухолифин нобино аст, ки ин ободии давлати Тоҷикистонро дида наметавонад ё ин, ки намехоҳанд бинанд? Магар онҳо фикр мекунанд, ки мардуми тоҷик то ҳамин дараҷа беақласту ба доми онҳо фирефта мешаванд?

Мо мардуми бонангу номус ҳастем! Барои мо Ватан‑модар, оила, фарзанд, аҳли ҷомеаи дилсӯз бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат дар зинаи аввал меистад! Мо ҳамавақт барои озодии худ, Ватани ободи худ, кӯдакони хушбахти замони истиқлоли худ мубориза хоҳем бурд!

Ҳотамова Муҳайё Ғафуровна - номзади илмҳои фалсафа, муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ