​Маърифати ҳуқуқӣ-кафили рушди ҷомеаи муосир

Таҳти чунин унвон дирӯз дар толори раёсати донишгоҳ бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии устодону донишҷӯён, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагон аз шуъбаи минтақавии Бонки миллӣ, Раёсати адлияи вилояти Суғд ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Мудири шуъбаи тарбия дотсент Маҳмудзода Бахтиёр чорабиниро оғоз бахшида, иштирокдоронро бо барномаи он ошно сохт.

Баъдан Абдулфайз Атаев - бозраси дараҷаи якуми шуъбаи минтақавии Бонки миллӣ дар мавзуи “Ҳимояи ҳуқуқи ситеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ” маърӯза намуд. Мавсуф доир ба иҷрои нишондиҳандаҳо ва нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявӣ муфассал маълумот ироа намуд.

Дар идома Ҷумазода Мухбира – сармутахассиси шуъбаи сабти ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Суғд перомуни мавзуи баррасигардида ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ба рушди ҷомеаи муосир мусоидат хоҳад намуд.

Гуфта шуд, ки давоми солҳои охир болоравии салоҳиятнокии ҳуқуқии ҷавонон мушоҳида мешавад, ки дар огоҳии баланди онҳо аз мундариҷаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Конститутсия, кодексҳо ва амсоли онҳо зоҳир мегарданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ