​Конференсияи илмӣ-анъанавӣ: Ироаи 30 маърӯза аз ҷониби устодону донишҷӯён

Дар кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣконференсияи илмӣ-анъанавӣ дар ду бахш: устодону олимони ҷавон ва донишҷӯён доир шуд.

Дар маҷмуъ, дар ҳар ду бахш 30 маърӯза шунида шуданд.

Маърӯзаҳо ба мавзуъҳои таълим, оила, наврасон, ҳолатҳои эмотсионалӣ, зеҳни эмотсионалӣ, тарбия ва ташаккули насли наврас, худбаҳодиҳӣ, ташаккули шахсият, нақши омӯзгор, мавқеи муҳити солими психологии оила, низоъ, мушкили худидоракунӣ ва худташкилдиҳӣ бахшида шуданд.

Муаллифони беҳтарин маърӯзаҳо сазовори мақоми намоён гардиданд, ки дар назар аст, дар ҷамъбасти ҳафтаи илм қадр мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ