​Кафили сулҳу амният!

Вазъи сиёсии ҷаҳон алҳол ноором боқӣ мемонад. Муноқишаҳои давлатҳои ҷаҳон байни якдигар барои мавқеи геополитикӣ раванди мураккаби замони муосир аст, ки дар “амалиёти махсуси ҳарбӣ”-и Федератсияи Россия бар зидди Украина, кӯшиши ғасби ҳокимият дар Ироқу Сурия, талошҳои шаҳрвандӣ дар Судону Либия, Сербияю Косово, нооромиҳои дохилӣ дар Афғонистон ва низоъҳои дигари олам ба мушоҳида мерасанд. Баҳри эмин нигоҳ доштани ҳудуди давлати худ аз хатарҳои бегона сарони давлатҳои бо ҳам дӯсту бародар созмонҳои муайян таъсис медиҳанд, ки ба таҳдидҳои мавҷуда ҷавоби сазовори муттаҳидона дода тавонанд. Чунин созмону ташкилотҳо боиси боздошти нафси бади ғосибон шудааст, ки ҳаёти имрӯза бори дигар онро тасдиқ менамояд.

Таъсиси ташкилоти Созмони АҳдномаиАмниятиДастаҷамъона(СААД), ки бо ташаббуси якҷояи Руссияю Тоҷикистон арзи ҳастӣ намудааст, алҳол сипари тавонои давлатҳои шомили он, аз ҷумла мамлакатҳои Осиёи Марказӣ гаштааст. Маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи манфиатҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат воқеъ гардидаасту мавқеи географии мусоид дорад. Ғайр аз он, Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки беш аз 45 сол низоъҳои дохилиаш хароб намудааст, марзи тӯлониаш беш аз 1,5 ҳазор километра дорад. Баъд аз ба сари қудрати давлатдорӣ омадани ҳаракати ифротии “Толибон” дар Афғонистон вазъ боз ҳам тезутундтар гардида сарзамини он ба макони ҷамъшавии ифротгароёну террористон мубаддал шудааст. Дар қатори созмонҳои дигари ифротгаро ташкилоти террористию экстремистии мамнӯи ҳизби наҳзати ислом дар хоки Афғонистон ба ҷамъоварии нерӯи мухолифин машғул буда хавфи таҳдид ба Тоҷикистони орому осоиштаро дучанд мегардонад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳушдории аҳли башар аз вазъи мавҷудаи пуртаҳлука тамоми маҳорату истеъдоди дипломатиро истифода карда истодааст, ки таҳдиду хатарҳо пешгирӣ шаванд. Мавқеи устуворона ва сулҳхоҳи Тоҷикистонро мамлакатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъона пайваста ҷонибдорӣ намуда, машқҳои таълимӣ ташкил ва баргузор карда истодаанд. Дар ин машқҳои ҳарбӣ сатҳи омодагӣ ва сенарияҳои дигар санҷидамешаванд, ки боиси андӯхтани таҷрибаи бойи зарурӣ мегардад. Таъминоти Қувваҳои Дастаҷамъона бо яроқу аслиҳаи ҳозиразамон низ ҷузъи муҳими ин тадбирҳост.

Бо назардошти вазъи муосири сиёсӣ ва мавҷудияти таҳдидҳо ба марзи кишвари соҳибистиқлоламон шукрона мекунем, ки роҳбарияти олии мамлакат сиёсати муваффақонаи хориҷиророҳандозӣ карда истодаанд. Алҳол, дар симои СААД Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимодро зидди таҳдиду хатарҳои бегона бунёд кардааст ва масъулияти ҳар фарди ватандӯсти содиқ дар сарҷамъиву ваҳдати миллӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебояд ифода ёбад. Мо танҳо нестем ва нахоҳем буд!

Собиров М.С. – дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ