​Қадршиносии ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ

Рӯзи гузашта як гуруҳ устодон ва донишҷӯёне, ки соли 2023 дар мусобиқаҳои донишгоҳӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш ширкат варзида, ғолибиятро ба даст овардаанд, қадршиносӣ гардиданд.

Ба ғолибон диплом, медал ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми аз 500 то 1000 сомонӣ аз ҷониби ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ва сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Гуфта мешавад, ки соли 2023 донишҷӯён дар Спартакиадаи варзишии донишгоҳӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ низ байни донишҷӯён аз руйи намудҳои футбол ва волейбол ширкат намуда, мақоми аввал ва ҷойҳои ифтихориро соҳиб гаштанд.

Тасвиргузориш аз ҷараёни қадршиносии устодон, донишҷӯён ва дастаҳои варзишӣ бозгӯ мекунад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ