​Қадришносии мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд

Санаи 31-уми январи соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар рафти ҷаласа фаъолияти Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни маросими тантанавӣ ба муносибати таҷлил аз 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали Раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мавҷуда Бобоева ба як қатор фаъолони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят Ифтихорнома ва Сипосномаи Раиси вилоят, Раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмазодаро тақдим намуд.

Дар доираи ин ибтикорот мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Хайёмиддин Исмоилов бо Сипосномаи Раиси вилоят қадршиносӣ гардид.

Зикр шуд, ки ин иқдом дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадршиносии хизматҳои шоиста, саҳмгузорӣ дар тарғиби ғояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои меҳнатӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ роҳандозӣ гардид.

Дар идома Мавҷуда Бобоева зимни тақдими Сипоснома таъкид намуд, ки дар сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ намудани хизматҳои ҷавонони фаъол ва онҳое, ки бо меҳнати софдилона дар таҳкими ғояҳои ватандӯстӣ саҳми шоиста гузоштаанд, мавқеи хоса дорад.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ, Хайёмиддин Исмоиловро ба муносибати сазовор шудан ба Сипосномаи Раиси вилоят, Раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд муборакбод намуда, дар самти иҷрои рисолати минбаъда муваффақиятҳои нав ба навро таманно дорем.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ