​Худогоҳу худшинос бояд буд!

Давраҳои охир ҳаёти сайёра суръати хеле баландро доро гаштааст. Ихтирову истифода гардидани техника ва технологияҳои муосир имкон медиҳад, ки молу маҳсулот аз як минтақа ба дигарӣ бе мамониат дар муҳлати кӯтоҳ интиқол ёбад, ҳаҷми бузурги маблағҳо дар лаҳза гардиш кунад, аз як гӯша ба гӯшаи дигари сайёра дар тамос бошанд ва амалҳои амсоли онҳо амри воқеӣ гаштааст. Дар қатору осону пурмаҳсул гардонидани ҳаёти фарди алоҳида ва ҷомеа дар умум технологияҳои замонавӣ барои баъзе афрод воситаи паҳнкунии тарғиботҳои норавою зидди башарӣ шудааст. Масалан, ифротгароён ва террористон бо истифодаи алоқаи мобилӣ, шабакаи Интернет ва ғайра мафкураи одамонро заҳролуд ва боиси ошӯбу зиддиятҳои зиёд ба муқобили давлатдории расмӣ гашта истодаанд.

Ҳаёти ҳамарӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷараёнҳои гуногунро дорост. Баъзе ҳолатҳо садамаи нақлиёт ,истеҳсолот, каҷравиҳои баъзе мансабдорон, амалҳои зараррасон ба муҳити зист ва ҳоказо дар гӯшаҳои мухталифи сайёра ба амал меоянду тамоми олам тавассути расонаҳои иттилоотӣ аз он бохабар мешаванд. Ин албатта ҷанбаи ҳаёт асту онро наметавон инкор кард. Вале, баъзе нафарону ҳизбу ҳаракатҳои палиди муғриз аз онҳо ошӯбу ғавғо, ҳангома эҷод намуда ба ғаразҳои сиёсии худ ноил шудаи мехоҳанд, ки амали ғайриинсонист ва ҳам мебояд қотеъёна маҳкум карда шавад.

Дар ин радиф метавон изҳор кард, ки баъзе лаҳзаҳои ҳаёти ҷомеа то давраи пайдо шудани интишороти расмӣ, аллакай дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода мешаванд ва шарҳҳои мухталифи беасос ба вуҷуд меоварад. Зеро, аксарияти “шорехон” аз асли воқеа бехабаранду онро якпаҳлӯ талқин мекунанд. Боздошти нафаре бо ҷурми қаллобӣ, садамаи нақлиёт, моҷарои оиладорӣ, тағйироти кадрӣ дар муассисаҳо ва ҳоказоро мардум бидуни ғаразе аз ҳисоби норасоии маърифату фарҳанги иттилоотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой медиҳанду аз оқибати он андеша ҳам намекунанд. Фикр намекунанд, ки барои тӯдаи муғризи ифротӣ чунин маълумотҳои рӯякӣ манбаи интиқод бар давлатдории расмӣ шуда метавонад.

Ифротзадагон ба монанди наҳзатиёни палид таҳти сардории Мухиддин Кабирии муртад, маслиҳатгари ҳамҷинсгарои ӯ Муҳаммадиқболи Садриддин, чоплусони думбардори онҳо аз ин маълумотҳои рӯякӣ ҳангомаю ҳарза эҷод карда ба давлату миллат хӯрдагирӣ мекунанд. Ин тоифаи ноҷинси бадзот ҳатто андеша ҳам намекунанд,ки беасосу дурӯғ будани ҳангомаҳояшон баъди чанде рӯё ва ошкор мегардаду шармсор мешаванд. Аслан, рӯи онҳоро на пӯст, балки чарми ғафси хукона пӯшонидаасту нангу номус надоранд.

Ҳайратовар он аст, ки баъзе нафарони муғризу баднафаси дохили кишвар бо бадали чанде маблағи муфт ба наҳзатиёни худозада тавассути шабакаҳои мавҷуда маълумотҳои нав ба нав равона менамоянд. Ҳол он, ки чунин кӯрнамакони носипосро мебояд дарёфт ва ҷазо мувофиқи меъёрҳои қонунгузорӣ андешид. Зеро, маҳз чунин мунофиқон дар сарзамини биҳиштосоямон зиндагӣ, аз ҳавои форам нафас кашида, бо обу хоки макони зист ба воя расидаанду набояд ба осиёби душманони давлату миллат об резанд. Ҳайҳот, ки дар байни ҷомеа нафарони гумроҳу беандеша, бадкинаву бадандеш мавҷуданд, ки ғаразҳои душманонро қонеъ мегардонанд. Мебояд, чунин афроди нопокро мақомотҳои қудратӣ дарёфт, дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд, чунки онон фаъолияти зиддидавлатӣ, зиддимиллӣ доранд.

Баъзан, ҳайрон мешавам, ки чӣ тавр як марди коргар ё деҳқон, дуру бехабар аз ҷузъҳои таркибии сиёсати давлатдорӣ бидуни истиҳола, ғурури миллӣ, нописандии бефаросотона ба душманони давлату миллат маълумот додаву нафси бади худ қонеъ мегардонад. Ҳол он, ки душманони давлату миллат ғарази мутеъ гардонидани ӯ ва аҳли пайвандонашро доранд. Ба чунин “хабаркашон” таъкид менамоям, ки барои наҳзатиёни палиди маккор шумоён беш аз рифола қадр надоред! Истифода мебаранду мепартоянд, вале доғи хиёнат ба Ватан шумову авлодатонро садсолаҳо думбол мегирад. Бар ивази каме маблағ виҷдону Ватан нафурӯшед!

Маблағи ночиз ба хабаркаш муддате чанд мерасаду мушкилотҳои ҳаётиашро ҳал намекунад. Вале, хиёнати ӯ тамоми умр азоби виҷдон медиҳад. Ҳатто, дар олами сонӣ Парвардигор ба “хабаркаш” беш аз оташи ҷаҳаннам мукофоти дигар ваъда накардааст.

Бинобар ин, тамоми ҳамватанонро даъват менамоям, ки худогоҳу худшинос, ватандӯсту меҳанпараст бошанд. Ҳушёриву зиракии сиёсӣ аз даст надиҳанд ва ба душманони миллату давлат то қадри тавон муқовимат нишон диҳанд. Зеро, роҳи ягонаи оқилона дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати хирадмандона ва раиятпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асту ҳамаи моёнро ба ояндаи неки дурахшон хоҳад расонид.

Собиров М.С. – дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ