​Хониши сиёсӣ: “Паёми Пешвои миллат - қутбнамои ҷавонон”

Дар факултети забонҳои хориҷӣ таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат - қутбнамои ҷавонон” хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар доираи ин ташаббус мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Маҳмудзода Бахтиёр ва муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа Ҳотамова Муҳайё иштирок ва маърӯза намуданд.

Чорабиниро декани факултет профессор Абдуллоева Меҳринисо ифтитоҳ бахшида, ҳадаф аз ин ҷамъомадро шарҳи муҳтавои Паёми Пешвои миллат ва татбиқи он дар раванди фаъолият ва таълим унвон намуд.

Таъкид гардид, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қутбнамои миллат буда, мардуми кишварро сӯйи муваффақият ва дастовардҳо ҳидоят мебахшад.

Дар доираи ироаи маърӯзаҳо нуктаҳои Паём, масоили марбут ба таъмини рушди илму маориф, дастгирии ҷавонон ва имконияту имтиёзҳои Ҳукумати мамлакат мавриди зикр ва баррасӣ қарор гирифтанд.

“Пешвои муаззами миллат зикр доштанд, ки мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, зеро ҷавонони даврони соҳибистиқлоли Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд” – қайд шуд дар доираи хониши сиёсӣ.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ