Хониши сиёсӣ: ​Паём - рӯшангари фардои миллат

Таҳти ин унвон бо ибтикори шуъбаи тарбияи Донишгоҳ дар факултети математика хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар оғоз мудири шуъбаи тарбия дотсент Маҳмудзода Бхтиёр маърӯза намуда, афзуд, ки ҳар як нуктаи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои таҳким ва рушди соҳаҳои гуногун ва дар умум ба беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии аҳолии мамлакат равона гардидааст.

Гуфта шуд, ки Паёмҳои Паёми Пешвои миллат дастури муфиду роҳнамое ҳаст, ки ҳар яки моро ба сӯйи ояндаи дурахшон, бунёди ҷомеаи одилона бо азму ирода ва ташаббусҳои наҷибу созанда ва ифтихор аз истиқлол раҳнамун месозад.

Дар идома сармуаллими кафедраи сиёсатшиносӣ, Зилола Комила доири мавзуи баррасигардида ибрози назар намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат чунин иқдом дар тамоми факултетҳои Донишгоҳ роҳандозӣ мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ