​Хониши сиёсӣ: Илму маориф дар меҳвари Паём

Ҷиҳати шарҳи нуктаҳои Паём дар як қатор факултетҳои донишгоҳ хониши сиёсӣ доир шуд. Аз ҷумла, чунин ташаббус дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, психология ва таҳсилоти томактабӣ ва бо иқдоми кафедраи умумидонишгоҳии информатика дар хобгоҳи №3 ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи хониши сиёсӣ маърӯзаҳо ироа шуда, табодули афкор сурат гирифт.

Таъкид шуд, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи мукаммали равнақу ривоҷи мамлакат, роҳҳои ба даст овардани истиқлоли озуқаворӣ, энергетикӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, вазифаҳои муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ муайян шуданд.

“Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дорои мазмуну муҳтавои хеле пурарзиш, ҳадафрас ва таҷассумгари вазъи кунунии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мамлакат, дурнамо ва паёмадҳои хушоянди фардои миллат, орзуву омоли халқи тоҷик дар роҳи бунёди Тоҷикистони ободу озод ва шукуфону мутаррақӣ мебошад” – зикр шуд зимни ироаи маърӯзаҳо.

Гуфта шуд, ки Паёми Роҳбари олии давлат бояд барномаи мукаммали корӣ барои ҳар як бошандаи кишвар бошад, зеро он ҳамчун дастури роҳнамо ба хотири ободию осоиштагӣ, муттаҳидию сарҷамъӣ, ваҳдату ягонагӣ, рушди бомароми иқтисодию иҷтимоии мамлакат нигаронида шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ