​Хоини миллат аҳду вафо чӣ донад

Қадру манзалати инсон дар ҷомеа алоқаманд ба саҳми ӯ дар пешрафти башарият, дастовардҳои зеҳниву сиёсӣ, адабиву техникӣ ва ҳоказо мебошад. Мусаллам аст, ки фарди дорои хизматҳои арзандаро ҳам давлату миллати алоҳида ва ҳам тамоми башарият эъзозу гиромӣ медоранд ва намунаи ибрат ба дигарон муаррифӣ мекунанд. Дар таърихи ҷомеа нафароне низ вомехӯранд, ки ному насабашон нафратовару манфур, ҳазаровару палидона муаррифӣ гаштааст. Ҷомеа ба аъмоли ҳар фард баҳои ҳаққонӣ додаву якеро Шераку дигареро Кабирӣ шинохтааст. Аввалӣ, агар бо корнамоии қаҳрамонона номи худ дар хотираи ҷомеа сабт гардонидааст, дигарӣ ҳамчун хоини ватанфурӯш, нафари аҳдшикану бевафо, номарди гузаро ба оламиён муаррифӣ гаштааст.

Мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҳамасоласанаи 27-уми июн – Рӯзи ваҳдати миллӣ, санаи ба имзо расидани созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ҷашн мегиранд, ки шаҳодати тантанаи азми қавию талошҳои абармарди таърихӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҷаҳониён Пешвои муаззами тоҷиконро, ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат эътироф кардаанду ба садоқату мардонагии ин абармард эътимоди қавӣ доранд. Хуб медонанд, ки маҳз иродаи матин, устуворӣ дар аҳду вафо ва пуртоқативу дурандешии ин симои барҷастаи таърихӣ давлати Тоҷикистонро аз парокандаву нобудшавӣ эмин дошт. Яздони пок шоҳиди ҳамаи воқеаҳову аъмоли бандаҳояш аст.

Дар радифи гуфтаҳои зикрёфта номаи аъмоли баъзе нафарони зишту манфурро низ ба ёд овардан мақбули маврид аст. Дар Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҷониби мухолифини давлатдорони қонунӣСайид Абдуллоҳи Нурӣ – роҳбари онвақтаи ҳизби наҳзати ислом имзо гузоштааст, ки барои ҳамаи мухолифин ӯҳдадорӣ ва риояи ҳатмиро тақозо менамояд. Вале, таърихи начандон тӯлонӣ гувоҳӣ медиҳад, ки шаъну шарафи роҳбари мухолифин, узвҳои гурӯҳҳои худсохти сиёсӣ, командирчаҳову афроди дигар тавофуту ихтилофҳои зиёд доштаанд.

Хомӯш гаштани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо муқовимати шадиди баъзе палидони ҳайвонсифат ба даст омадааст. Ҳирси молу баднафсӣ, худхоҳиву худпарастӣ, беақливу кӯтоҳандешии баъзе афрод аз ҳиссиёти аҳду вафо, ватандориву миллатдӯстӣ болотар буду онон ғорати мардуми кишварро ҳадафи худ қарор дода буданд. Бо истифодаи феълу атвори қабеҳу ғайриинсонии афроди номбурда хоҷагони ифротзадаи хориҷӣ маблағҳо медоданду онҳоро ба зидди давлат низоъю шӯр меандохтанд. Бадбахтона, дар ин амал муваффақ ҳам буданд. Зеро, палидони баднафси ҳарисро ченак молу мулк, маблағ буду ҳатто омода буданд, ки волидону пайвандон бо пул бадал созанд. Барои ин нафарони бевиҷдони разили думрави Иблис фарқе надошт, ки ҳолу аҳволи мардум, тақдири Ватан, шаъну эътибори миллат куҷо меравад?!.

Хушбахтона, дар заминаи талошҳои пайвастаю хираду заковати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу ваҳдат пойдор гашту чархи таърих мумсикони хунмакро пахшу нобуд сохт. Ҳайҳот, ки тӯдае аз шабушку канаҳои хунмаки иблиссифат боқӣ мондаанду фирори Ватани аҷдодӣ кардаву пайвандони худ шармсор.

Аз як ҷиҳате ҳайрон мешавед, ки чӣ тавр замини поку беолоиши Тоҷикистон чунин палидонро офаридааст?! Ё худ ин ноҷинсон ҳангоми таваллуд худро ба оғӯши шайтон андохтаанд? Охир, чӣ тавр метавон, ки дар оғӯши Ватан зиндагонӣ кунивуваъдаи сидқу вафо диҳиву баъдан кӯшиши табаддулоти давлатӣ кунӣ? Танҳо Иблису иблисзодагон қодир ба ин амаланд, ки палидтарину сиёҳдилтарин нафарон мебошанд. Тӯдаи буқаламунони ватангадо маскуни Аврупо шудаанду барои дарёфти қути лоямут омодаанд, ки бӯҳтонҳои бофта, фитнаҳои сохта, дурӯғу фиребҳои фаҳшона ва амсоли онҳоро ба сӯи макони зодаашон ҳаво диҳанд.

Дар сафи пеши ин ноҷинсони ҳаромзодаи худобехабар Муҳиддин Кабирӣ манфур меистад, ки лаҷоми сухану аъмоли худ ба ихтиёри хоҷагони маблағгузораш супоридаасту беш аз лӯхтаке баҳо надорад. Ин нафари сарсону саргардон ҳуқуқи аз шаҳре ба шаҳри дигар беиҷозат рафтанро надораду бо кадом ҳуқуқи маънавӣ бобати амалҳои давлатдорони кишвар хӯрдагирӣ менамояду носазо мегӯяд. Чоплусони думраваш бошад дар фитнаангезиву бӯҳтонбофӣ ҳамшарику ҳамфеъли Кабирии мунофиқу фосиқ ҳастанд. Одобу рафтори наҳзатиёни палиди ватангадоромеъёрҳамрадифӣ бо зоти ҳамҷинсгароён, аз ҷумла Иқболбии машҳур (дар кӯдакии беғаш Муҳаммадиқболи Садриддин) аст, ки дар ноҷинсӣ соҳибмартаба гаштааст!

Тамоми оламиён тавассути моҳвораву ҳамоишҳои бешумори байналмилалӣ, саёҳати бевосита ва сарчашмаҳои дигари иттилоотӣ бохабар аз дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлоли Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ба ақлу хиради азалӣ матонату садоқат, дурбиниву дурандешӣ, меҳанпарастӣ, ғурури миллӣ ва фазилатҳои дигариинсонии ин абармарди таърихӣ қоиланд, ки дар баҳри пурталотумисиёсати замони муосир Тоҷикистони кӯчак тавонистааст, ки мақому манзалати хосаро соҳиб гардад.

Собиров М.С.- дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ