ДДХ: таъсиси Ассотсиатсияи омӯзгорони ҷавон

Имрӯз дар толори калони раёсати Донишгоҳ ҷаласаи машваратии нахустини “Ассотсиатсияи омӯзгорони ҷавон”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарварии ректор профессор Усмонзода Аюб Ислом баргузор гардид.

Ректори Донишгоҳ ба кори ҷаласа ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳар суханронии худ таъкид медоранд, ки бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта маҳз тавассути ташаккули илму маорифи пешрафта, ба роҳ мондани таълиму тарбияи мақсадноки ба арзишҳои миллӣ асосёфта, баланд бардоштани сатҳи касбияти омўзгорон, муҳайё сохтани шароити муосири таълим дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, заҳмати содиқонаи аҳли маориф имкон дорад. Аз ин рӯ, ҳадафи ташкили Ассотсиатсияро баланд бардоштани савияи дониш, малакаю маҳорати педагогии омўзгорони ҷавон тавассути машваратҳои инфиродӣ, онлайн-семинарҳо, семинар-тренингҳо, форумҳои омӯзгорони ҷавон, иштироки мунтазам ба дарси устодони собиқадор ва ба талаботи стандартҳои таълимӣ мувофиқ намудани натиҷаҳои таълим унвон намуд.

Сипас, муовини ректор оид ба таълим профессор Меҳриниссо Абдуллоева суханронӣ намуда, афзуд, ки нерўи созандаи ҷавонон, ба хусус, омўзгорони ҷавон дар рушду нумўи самтҳои мухталифи ҷомеа ва пешрафти ҳар давлату миллат аз муҳимтарин омилҳо маҳсуб меёбад, ки дар ин маврид Пешвои муаззами миллат таъкид медоранд: «Масъулонро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии донишҷўён тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд». Иқдомҳои иловагӣ дар шаклу навъҳои мухталиф метавонанд дар татбиқи гуфтаҳои Пешвои миллат заминагузор бошанд.

Гуфта шуд, ки раванди ҷаҳонишавии системаи таълим ва идоракунии сифати таҳсилот тақозо менамояд, ки барои баланд бардоштани савияи донишу малакаи донишҷў нахуст бояд дараҷаи касбияти омўзгор такмил дода шавад. Дар амал татбиқ намудани ин ҳадаф тақозо менамояд, ки иртиботи касбию кории омўзгорони ҷавони Донишгоҳро бо назардошти самтҳои фаъолияташон барқарор намуда, бо табодули касбият ва маҳорати муштаракашон раванди таълимро боз ҳам босамар ба роҳ монем.

Дар идома профессор Шавкат Шаропов дар мавзуи "Хусусиятҳои салоҳиятмандии касбӣ-педагогии омӯзгори макотиби олӣ дар марҳалаи муосир" ва Хайрулло Сабурӣ дар мавзуи "Зарурияти замонавии такмили савияи касбии омӯзгорони ҷавони макотиби олӣ: муаммо, мушкилот ва дурнамо" маърӯза ироа намуданд.

Вазифаҳои асосии Ассотсиатсияи омӯзгорони ҷавон аз инҳо иборат мебошад:

- иҷрои корҳо дар ҷодаи таъмини сифати таҳсилот, роҳандозии усулҳои самараноки баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ ва мадании омӯзгорони ҷавони Донишгоҳ;

- ба роҳ мондани чорабиниҳо баҳри рушди усулҳои самараноки ташкили раванди таълим ва тадқиқотҳои илмӣ;

- фароҳам овардани шароит барои муколамаи байни омӯзгорони соҳибтаҷриба ва ҷавон;

- муттаҳид кардани иқтидорҳои зеҳнӣ ва эҷодии ҳар як аъзои Ассотсиатсия.

Дар интиҳо таъкид рафт, ки соли таҳсили 2023-2024 дар Донишгоҳ “Соли рушди сифати таҳсилот” эълон гаштааст ва таъсис ёфтани Ассотсиатсияи омӯзгорони ҷавон барои пешбурди раванди таълим ва ҳамзамон баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот мусоидат хоҳад намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ