​Ҷавонон зидди терроризм

Таҳти унвони "Ҷавонон зидди терроризм" бо иқдоми кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа чорабинии илмӣ гузаронида шуд.

Ба ташаббуси мазкур донишҷӯёни соли дуюми факултети забонҳои хориҷӣ ва иқтисодӣ ҷалб гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки чорабинии мазкурро омӯзгорони кафедра Халилова Заррина ва Зоҳидова Рухшона ташкил карданд.

Дар доираи чорабинӣ донишҷӯён доир ба сабабҳои шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ маърӯзаҳо намуда, пайомад ва оқибатҳои ин зуҳуротро шарҳ доданд.

Таъкид гардид, ки зиракии сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқӣ кафили таъмини пешгирӣ аз таҳдидҳои муосир буда, нақши ҷавонон дар самти мубориза бо ин зуҳурот муассир аст.

Ҳамзамон, донишҷӯён тавассути варақаҳои иттилоотӣ мавқеи худро ҷиҳати мубориза бо терроризм ва экстремизм шарҳ доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ