Асосҳои педагогию психологии ҳамкории мактаб ва оила дар роҳи пешгирии ҷиноятсодиркунии ҷавонону наврасон

Додобоева М., Ӯзбекова М.

Проблемаи таълиму тарбияи насли наврас ва ҳаллу фасли он яке аз масъалаҳои доғи рӯз буда, он ҳамкории пайвастаи мактаб, оила ва ҷомеаро тақозо менамояд. Бо назардошти он, ки имрӯз дар асосҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа тағйиротҳои сифатӣ ба вуҷуд омадааст, шаклу услуби таълим ва тарбия низ ба нигоҳи нав ниёз дорад.

Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромаду вохӯриашон бо аҳли зиё, намояндагони мақомотҳои давлатию ҷамъиятӣ пайваста ба таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, дар ҳалли ин масоил ояндаи дурахшон ва пешрафти Тоҷикистони навинро таъкид менамоянд. «Тарбияи кӯдак- зикр намуданд Пешвои миллат – аз оила оғоз гардида, дар натиҷаи ҳамкории мактаб ва оила густариш меёбад». (4. С 96;)

Имрӯзҳо маҳз ҳамин сегонаи муштарак, робитаи онҳо дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва олами маънавии насли наврас таъсири ногусастание хоҳад гузошт.

Дар «Тавсиянома дар бораи мақоми омӯзгор дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори мушовири Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми июли соли 2011 тасдиқ гардидааст, омадааст: «Омӯзгор ҳангоми таълиму тарбияи шогирдон ба падару модарон, парасторон ё шахсони онҳоро ивазкунанда ҳамкорӣ мекунад, онҳоро бо раванди тарбияи таълимгирандагон ҷалб менамоянд. Омӯзгор сари вақт падару модарон ва ё парасторони онҳоро аз ҳолати таълиму тарбияи фарзандон огоҳ менамоянд. Омӯзгор ҳақ надорад иттилоотҳоеро, ки таълимгиранда, падару модар ё ҳамкорон ба ӯ бовар карданд, ба истиснои ҳолатҳои пешбинишудаи қонунгузорӣ, ба шахсони дигар ошкор намоянд. Омӯзгор ба падару модарон ва ё парасторони онҳо оид ба мушкилоти фарзандонашон маслиҳатҳо медиҳад, дар бартараф кардани ихтилофоти байни падару модар ва кӯдакони онҳо ёрӣ мерасонад. Муносибатҳои мутақобилаи байни омӯзгор ва падару модар, инчунин парасторони онҳо тибқи принсипҳои эҳтирому боварии ҳамдигарӣ, некхоҳӣ, боодобӣ ва беғаразӣ ба роҳ монда мешавад.» (2, 96-97).

Бояд зикр намуд, ки омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас аз ҳамаи самтҳои консепсияи миллии тарбия самаранок истифода бурда, махсусан ба тарбияи ахлоқӣ, ватандӯстӣ, ҳуқуқӣ, оилавӣ, меҳнатии шогирдонаш диққати махсус диҳад. Қайд кардан зарур аст, ки соҳаи маориф, таълим ва тарбия аз соҳаҳаҳои дигари фаъолият бо он фарқ мекунад, ки таълим ва тарбия кори якрӯза, моҳона ва ё солона набуда, он амали ҳаррӯзаи устодон, мактаб, оила ва ҷомеаро тақозо мекунад. Як лаҳза дер мондан аз зуҳуроти нави ҷомеа метавонад ба раванди таълиму тарбия таъсири манфӣ расонида, дар фаҳмиши зуҳуротҳо, таркиби ҷаҳонбинӣ, афкору ғояҳо мушкилотҳои нав эҷод менамоянд. Аз ин хотир, зарур аст, ки омӯзгор ва тарибиятгар, оила ва мактаб бо бахшҳои мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ҳамкорӣ намуда, дар ниҳоди хонандагон пайваста ғояҳои худшиносӣ, меҳанпарастиро ҷо намоянд. Ин ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, дар бобати пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон тақвият дода шавад. Ин масъала имрӯзҳо яке аз маъалаҳои ҳалталаби замон гардидааст.

Дар байни наврасон ва ҷавонон торафт роҳ додан ба ҳуқуқвайронкунӣ, даст задан ба ҷиноятҳои вазнин, шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстримистӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар кори таълиму тарбия ба камбудӣ ва нуқсонҳои муайян роҳ дода мешаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуқтаро ҳангоми суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои навбунёди муассисаи таълимоти миёнаи умумии № 59-уми деҳаи Гулбӯттаи ноҳияи Рӯдакӣ бори дигар мавриди таҳрир қарор дода, зикр намуданд, ки «Тибқи таҳлилҳо ва маълумоти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, вазъи риояи қонунҳо дар ноҳия ташвишовар мебошад ва шумораи ҷинояткорӣ тамоюли зиёдшавӣ дорад. Агар соли 2016 нисбат ба соли 2015 ёздаҳ фоиз (11%) зиёдтар ҷиноят содир шуда бошад, танҳо дар ҳашт моҳи соли 2015 содиршавии ҷиноятҳо қариб ҳабдаҳ фоиз (17%) зиёд шудааст» (4, 4). Зимни суханронӣ Пешвои миллат иброз доштанд, ки тайи чор соли охир 168 нафар сокинони ноҳия барои ҷалб ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгароӣ гунаҳкор дониста шуда, нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ кушода шуда, 36 нафар сокинони ноҳия дар мактабҳои динии давлатҳои хориҷӣ таҳсили худро ғайриқонунӣ идома дода истодаанд. Боиси таассуф аст, ки дар байни онҳо ҷавонон низ ҳастанд. Робита ба ин давлату ҳукумати кишвар дар бобати пешгирии ҷинояткорӣ дар байни аҳолӣ ва аз он ҷумла, дар байни толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни макотиби олии кишвар чораҳои мушаххас андешида, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни онҳо сол аз сол пурзӯр менамоянд.

Дар ин бобат қабул карда шудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз апрели соли 1997 «Дар бораи тарбияи ҳуқуқӣ ва сиёсати ҳуқуқӣ дар Ҷуҳурии Тоҷикистон» ва «Консепсияи миллии тарбия» аз моҳи марти соли 2006 аҳамияти калон дорад. Қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон» аз санаи 2-юми августи соли 2011 дар мустаҳкам кардани ҳамкории мактабу оила иқдоми нав гардид.

Бояд зикр намуд, ки ҳаёт, пешрафти ҷомеа тақозо менамояд, ки ҳадафҳои дар ин санадҳо баёнгашта, дар амалияи соҳаи маориф ва ҳаёти ҷомеа инъикоси воқеии худро ёфта, дар пешгирии ҳуқуқвайронкунии наврасону ҷавонон мусоидат мекунад.

Бо татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти иҷтимоӣ дар 25 соли охир сатҳи камбизоатӣ аз 81 % соли 1999, соли 2016 то ба 30% коҳиш ёфта, дар бобати аз ҷавобгарии ҷиноатӣ озод кардани наврасону ҷавонон барои содир намудани ҷиноятҳои характери иҷтимоӣ дошта чораҳои мушаххас андешида шуда, нисбати онҳо чораҳои характери тарбиявӣ дошта татбиқ карда шуданд. Ин асос барои пешгирӣ кардани ҷиноятҳо дар байни наврасону ҷавонон аҳамияти хоса пайдо намуда, он ба пешгирӣ намудани як қатор ҷиноятҳои потенсиалӣ мусоидат намуд.

Дар айни замон, проблемаи ба созмону ташкилотҳои террористӣ пайвастани ҷавонон яке аз проблемаҳои ташвишовари рӯз гардида, аз ҷаҳонбинии танги як идда ҷавонон, аз набудани ҳисси худогоҳии миллии онҳо, марказҳои террористии ҷаҳонӣ онҳоро ба мадори нангини амалиётҳои зиддиинсонии худ ҷалб кардан мехоҳанд.

Чи тавре ки медонем, моҳи марти соли 2006 бо қарори суди Олии Тоҷикистон як қатор ташкилоту созмонҳои миллӣ ва байналмиллалӣ ба монанди «Ал-қоида», «Ҳизби таҳрир», «Таблиғ», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳаракати толибон», «Салафия», «Лашкари Тайба», «Тоҷикистони озод» ва ғайраҳо ташкилотҳои террористӣ эълон шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишварамон манъ карда шуданд.

28-уми сентябри соли 2015 барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ба қатори ин ташкилотҳо Ҳизби назҳати исломӣ низ дохил карда шуд. Роҳбарони зархариди ин ташкилотҳо дар тамоми гӯшаҳои ҷаҳон тухми адовату кинаи зиддиинсонӣ кошта, махсусан ба ояндаи инсоният – наврасону кӯдакон омилҳои қатлу кушторро амалӣ намуда, ба тафаккур, ҷаҳонбинии онҳо таъсири манфии воқеъбинона расониданӣ мешаванд. «Бадбахтӣ он аст – менависад олими сиёсатшинос С. Ятимов, ки - дар ин масир, хадамоти махсуси кишварҳои мавриди назар аз имконоти худи мусулмонон истифода мекунанд. Аз ҳамин лиҳоз, гоҳо бояд ба инобат гирифт, ки рафтори ғулом на ҳама вақт рафтори худи ғулом аст» (Г.Лихтенберг).

Маҷаллаи «Шнигели»-и Олмон дар як таҳлили воқеъбинона вобаста ба ҷавонони мусулмон менависад: «Аҷаб қавманд монанд ба соат. Онҳоро пур мекунанд. Рафтан мегиранд ва намедонанд: барои чӣ? (3, 7). Аз ин хотир, моро зарур аст, ки насли наврасро дар руҳияи хештаншиносӣ, садоқат ба падару модар, ба фарзандон, ба оила, ба марзу бум ва Ватани азизамон ҳидоят намоем, нагузорем ки насли имрӯза фирефтаи ғояҳои бегона гардида, ба аҳли хонавода ва Ватани аҷдодии худ хиёнат ва разолатро раво бинанд.

Дар шароити кунунӣ бо назардошти ба ҳисоб гирифтани манфиатҳои миллӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ аз ҳама гуна идеологияи бегона, бояд тамоми чораҳои зарурӣ андешида шавад, зеро ашхоси аз решаву насаби хеш кандашуда, одатан, аз хотираи таърихи гузаштаи пурифтихор ва мероси фарҳанги худ бенасиб монда, чун махлуқи худпараст ба камол мерасад ва гирифтори тафаккури ғуломона мегардад.

Барои пешгирӣ кардани ҷиноятсодиркунии наврасону ҷавонон, аз роҳи хато баргардонидани онҳо, бояд меҳвари ягонаи тарбия бо иштироки тамоми қисми ҷомеа, мактаб ва оила ба вуҷуд оварда шавад, ки он бояд ба тарбияи ҳаматарафа мусоидат намояд.

Бояд гуфт, ки ин қувваи бузурги таъсиррасон ба ташаккули ҷаҳонбинии насли наврас ҳар яке дорои хусусиятҳои ба худ хос буда, дар ҳамбастагӣ меваи пурбор хоҳад овард .

Оила маконест, ки дар он ҷо кӯдак ба дунё омада, лафзи модарӣ, меҳри падарӣ ва кӯмаки якдигарро ҳис ва эҳсос мекунад. Ӯ сарчашмаи алифбои тарбияро маҳз аз оила мегирад.

Чӣ тавре, ки педагогҳои барҷастаи замон ба монанди А. П.Макаренко, В.А Сухомлинский ва дигарон зикр намуда буданд, маҳз дар оила инкишофи равонӣ, ҷисмонӣ ва маънавии кӯдакон шакл гирифта, хиштҳои нахустини бинои меҳру муҳаббат, ҳамдилӣ, ташаккули ҷаҳонбинии кӯдакон гузошта мешавад.

Мактаб маконест, ки кӯдак маҳз дар он ҷо бо характерҳои гуногуну мутақобила рӯ ба рӯ гашта, нахустин пешрафту камбудиҳоро ҳис намуда, «ман»-и худро дар шароити ҳаёти коллективии худро амалӣ намуда, бо унсурҳои гуногунҷабҳаи тарбия аз наздик ошно мегардад. Ҷомеа маконест, ки кӯдак бо ҷаҳони маънавӣ, ахлоқӣ ва равонии калонсолон ошно гардида, бо тазоди номаълуми муносибатҳои байниҳамдигарии одамон аз наздик ошно гашта, дар ниҳоди ӯ ҷиҳатҳои хулосабарорӣ, муқоисакунии зуҳуротҳо ташаккул меёбад.

Робитаи самараноки ин се ниҳоди муштарак ба ташаккули ҷаҳонбинӣ, ҳисси манфиатҳо ва масъулиятшиносии кӯдакон таъсири ҳаётан муҳим мерасонад.

Пайвасти ин ниҳодҳо ба ҷаҳони равонӣ ва маънавии кӯдак таъсири ногусастаниро расонида, тасаввуроти ӯ дар бораи некиву бадӣ, адолату беадолатӣ, меҳру кина, масъулият ва фориғболӣ, садоқат, хиёнат ва ғайра сифатҳои инсонӣ шакл мегирад. Нодида гирифтани ин сифатҳо ба кори тарбия зуҳуроти халаловарро ворид мекунад, ки ба он тамоман роҳ додан мумкин нест. Пайвасти ин ниҳодҳо ва натиҷагирӣ аз онҳо ҳамон вақт мусбӣ ба анҷом мерасад, ки агар ҳар сеи ин ниҳодҳо вазифаи худро ба пуррагӣ анҷом диҳанд.

Дар оила маҳаки асосии тарбия дар ибрати шахсии волидон, дар ягонагии қавлу амали онҳо бошад, дар ҷомеа қувваи таъсиррасон доштани талаботҳо ҷои намоёнро ишғол мекунад.

Дар сурати сари вақт ошкор, муҳокима кардани зуҳуротҳои номатлуб дар байни аҳолӣ, ҷавонону наврасон аз тарафи мақомотҳои дахлдори давлатӣ ва ба он ҷалб кардани ҷамоатчигӣ метавонад ба кори тарбия таъсири мусбӣ расонад.

Вобаста ба ин масъала, мехоҳем, якчанд таклифу дархостҳо ва хулосаи худро иброз намоям:

Кори тарбия ҷабҳаи фаъолияти доманадор буда, он характери доима ва бефосила дорад.

Аз мақомотҳои дахлдори давлатӣ пурсида мешавад, ки дар самти ташкили ҳамкории мактаб, оила ва ҷомеа қувваи роҳбарикунандаи ҳамоҳангсозӣ дар пешгирии ҷиноятсодиркунии наврасон ва ҷавонон гардида, дар амалӣ сохтани барномаҳо, қонунҳои марбута оид ба таълим ва тарбия, қоидаҳои дохилимуассисавӣ ва алалхусус, санадҳои зерқонунии соҳаи маориф ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»
мусоидат намоянд.

Аз равоншиносон ва роҳбарони синфҳо пурсида шавад, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар бораи ҳолати равонии хонандагон, ба ҳисоб гирифтани хонандагони душвортарбия, мустаҳкам кардани алоқаи мактаб ва оиларо дар асоси талаботи мавҷуда ба роҳ монанд.

Аз маъмурияти муассисаҳои таълимӣ пурсида мешавад, ки фаъолияти университетҳои падару модаронро самаранок намуда, ба машғулиятҳо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони оилаҳои намунавиро ҷалб намоянд.

Ба тарбияи ҳуқуқию сиёсии хонандагон диққати махсус дода, дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бораи моҳият ва мазмуни фаъолияти ҳаракату созмонҳои динию экстремистӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа роҳандозӣ карда шавад.

Дар ҷамъомадҳо вобаста ба баромадҳои телевизионӣ оид ба масъалаҳои марбут ба пешгирӣ кардани ҷиноятҳо дар байни наврасону ҷавонон баҳсу музокираҳо таҳия карда шуда, дар муассисаҳои таълимӣ як рӯзи ҳафта ба рӯзи донишҳои ҳуқуқӣ ва таърихӣ бахшида шавад.

Бо хонандагони душвортарбия ва сарварони оилаҳои носолим корҳои иловагии фардӣ гузаронида шуда, натиҷаҳои он бо мақомотҳои дахлдори давлатӣ мавриди таҳлил қарор дода шавад.

Ба комиссияҳои кор бо ноболиғони шуъбаи корҳои дохилӣ ва маҳалли зист пайваста кор бурда, вазъи оилаҳои носолим ва фарзандҳои душвортабияи онҳо мавриди таҳлил ва хулосабарорӣ қарор дода шуда, нисбати онҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар ҷамъомад ва маҷлисҳои падару модарон, падару модароне, ки дар кори тарбия ба саҳлангорӣ роҳ додаанд, муҳокима ва оид ба онҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Таҷрибаи гумшударафта – гӯшаи «Падару модарони намунавӣ» бо акси ин ашхос тарғиб ва ташвиқ карда шуда, бо тавассути воситаҳои ахбори омма таҷрибаи онҳо дар байни мардум паҳн карда шавад.

Хулоса, ҳамкории бевоситаи мактаб, муассисаи таълимӣ, оила ва аҳли ҷамоатчигӣ дар амалӣ гаштани ҳадафҳои Консепсияи миллии тарбия ва самтҳои мухталифи он мусоидат намуда, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, шуур ва маданияти ҳуқуқи насли наврас, пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон нақши муҳимро касб менамояд. Мақсад ва мароми ҳар як чорабинӣ оид ба пешгирии ҷиноят дар байни наврасону ҷавонон ҳадафнок мебошад ва ҳангоми амалӣ намудани он хусусиятҳои синнусолӣ, равонӣ ва сатҳи иҷтимоии онҳо ба инобат гирифта мешавад. Дар сурати иҷрои чунин талаботҳо, тарбия метавонад натиҷаҳои дилхоҳ дода, барои ба камол расидани шахсони масъулиятшинос, дардошно ва пешқадами ҷомеа мусоидат намояд.

Адабиёт:

  • Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе 2006.
  • Паёми Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонба Маҷлиси Олӣ ва дигар вохӯриҳо.
  • «Садои мардум». 5.10. 2017, № 118 (3755).
  • Ҳамкории мактабу оила-омили муассири пешрафти таълиму тарбия // Масъалаҳои маориф, 2014, №4, - с. 96.
  • Ҳамкории мактабу оила-омили муассири пешрафти таълиму тарбия // Масъалаҳои маориф, 2014, №4, - с. 97-98.
  • Ятимов С. Илм ва амният. // «Ҷумҳурият». 30.05.2017, № 107 (23188).

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ