​Амнияти иттилоотӣ ва арзишҳои миллӣ

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чӣ ҳолати ҳассосе қарор доранд ва дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ ва рушду инкишофи худ бо чи гуна таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ рӯ ба рӯ шуданд. Дар замони ҳозира масъалаи амнияти иттилоотӣ, ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо аз ҷанбаҳои асосии амнияти миллии кишвар ба шумор меравад. Ҷаҳони имрӯза дар бархӯрди манфиатҳо ва муборизаи геополитикии давлатҳои абарқудрат қарор дорад, ки ҳар яке ҳадаф дорад, ки тарҳи хешро дар саҳнаи ҷаҳонӣ амалӣ созад. Дар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра, афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа, аз он тақозо менамояд, ки истиқлолияти миллӣ, ҳимояи манфиатҳои халқ ва давлат метавонанд дучори хатару таҳдидҳои ҷиддии хориҷӣ ва дохилӣ гарданд. Боиси тазаккур аст, ки барои ҳалли муаммоҳои мавҷудаи замони муосир қудрати як давлат намерасад ва аз ин ҷо муттаҳидии давлатҳои ҳамҷавор ва минтақаҳои бузург зарур аст.

Дар ин росто кишвари мо низ аз ин хатарҳо бенасиб нест. Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон имконияти васеъву фарохро баҳри амалӣ гардонидани манфиатҳои миллии кишвар шароит фароҳам овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибати байналхалқӣ узвияти хешро дар як қатор созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ дорад, ки ин нуфузи геополитикиро дар минтақа афзун мегардонад. Дар марҳилаи истиқлолияти давлатӣ фаъолияти институтҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ бештар ба назар мерасанд ва дар маҷм ба ташаккули ҷамъияти шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.

Фаъолият ва таъсири васоити ахбори умум ҳамчун шохаи чоруми ҳокимият бештар гардида, он ба сатҳ ва дараҷаи сифатан нав баромад. Инҳо: фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти расонаҳо, роҳ ёфтани арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ, ба мисли озодии сухан ва озодии баён дар ҷомеа ва ғайра. Имрӯз ҳаёт ва фаъолияти инсонро бидуни шабакаи Интернет тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Аз он ахбороти мухталифи маърифатӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, миллӣ, динӣ ва ғайраро дарёфтан мумкин аст.

Ҷаҳонишавӣ бо тамоми тазодҳояш ба ҷомеаи муосири мо марҳила ба марҳила бештар таъсир мерасонад. Дар ин асос мақоми расонаҳои ватаниву хориҷӣ дар фазои иттилоотии кишвар афзун мегардад ва ҳамчунин доир ба амнияти иттилоотӣ бештар баррасӣ карда мешавад. Дар мавриди мубоҳисаҳо ва баррасиҳои муборизаҳои иттилоотӣ, ҳадафҳои геополитикӣ, ҷараёни ҷаҳонишавӣ ва мисоли инҳо истилоҳи амнияти иттилоотӣ истифода карда мешавад. Ҳар як давлат дар ин муборизаву бархӯрдҳо бояд манфиати миллии хеш ва амнияту осоиштагии мардуми худ вазифадор аст, бо ҳар усулу васила таъмин созад. Дар ҳама давру замон ҳам чунин буд. Аз давраҳои қадим то замони муосир масъалаи зикршуда яке аз масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад. Амнияти иттилоотӣ аз давраи пайдоиши давлат дар шаклҳои мухталиф арзи вуҷуд менамояд ва ҳимояи комил, дастрасӣ ва махфияти ахборотро таъмин месозад. Дар санад ва меъёрҳои мухталифи ҳуқуқӣ ба амнияти иттилоотӣ ишора гардидааст.

Дар ҳақиқат, ҷаҳони муосир пур аз мухолифат ва тазод мебошад, ки имрӯз таъсири расонаҳои кишварҳои абарқудрат ба афкори ҷомеаи минтақаҳо ва кишварҳои гуногун, махсусан дар роҳи рушд қарор дошта, бениҳоят зиёд ба мушоҳида мерасад. Яке аз воситаҳои таъсирбахш ба воқеаҳои хунини Сурия, Ироқ, Миср, Тунис, Либия ва амсоли инҳо ҷанги иттилоотӣ дар шабакаҳои интернетӣ мебошад.

Иттилоъ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ба силоҳи муборизаҳо табдил ёфтааст ва ҳеҷ як иттилоот бидуни ҳадаф пахш намегардад. Тавассути технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ дар камтарин фурсат иттилооти дилхоҳ дар олам паҳн мегардад. Албатта, ин комёбии илмӣ-техникӣ барои пешбурди фаъолияти ҳар як инсон манфиатбахш мебошад. Лекин, ҷиҳати манфии ин падида низ ба назар мерасад. Он метавонад, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои миллии ҷомеаро таъсиррасон бошад, дигаргун созад, аз байн барад. Миллати тоҷик дорои фарҳанги куҳан ва ҷаҳонӣ мебошад, ки бо мероси гаронбаҳои хеш ба тамоми ҷаҳониён шуҳрат пайдо кардааст. Набояд, ки ҷавонони имрӯза аз он дур гарданд, фарҳанги бегонаро азхуд намуда, эҳтиром ва нигоҳдошти арзишҳои миллиро аз даст диҳанд. Ҳар як давлати абарқудрат низ кӯшиш менамояд, ки фарҳанг ва ниҳодҳои миллии хешро нигоҳ дорад ва баҳри расидан ба ин мақсад арзишҳои миллиро дар байни наврасон ва ҷавонон талқин менамояд, меомӯзонад ва ба ҳамагон муаррифӣ мекунад. Аз ин ҷиҳат, ҳар як шаҳрванди комил ва бомаърифат бояд манфиат ва арзишҳои миллии давлати соҳибистиқлоли хешро дар мадди аввал гузошта, дар заминаи он фаъолияти ҳамаҷониба хешро бояд ба роҳ монад.

Яке аз хусусият ва вежагиҳои чашмраси замони муосир аз он иборат аст, ки ҳоло мафҳуми - «ҷанги иттилоотӣ» ё «муборизаи иттилоотӣ» сари забонҳост вахеле маъмул гаштааст. Давлатҳо, ҳизбу созмонҳои сиёсию ҷамъиятӣ, гурӯҳҳо ва ҳатто шахсони алоҳида дар муқобили ҳамдигар бо истифода аз шеваҳои мухталифи набардҳои иттилоотӣмуқовиматро вусъат медиҳанд.

Аслан, ҷанги иттилоотӣ барои инсоният нав нест. Баръакс, агар силоҳҳо гоҳ-гоҳ хомӯш шаванд ҳам, аммо ҷангҳои лафзӣ ва набардҳои иттилоотӣ байни давлатҳо ҳеҷ гоҳ қатъ намешуданд. Муаллифони замони қадим дар бораи маъракаҳои таблиғотии мураккаб, ки бо ёрии онҳо сиёсатмадорони аз қадим кӯшиш мекарданд, ки рақибони худро заиф ва рӯҳияи онҳоро бишкананд,муфассал нақл мекунанд.

Аммо аз ингуна ҷангҳои лафзӣ дар асри бистуяк, киасри иттилоотбуда, истифода аз технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсионӣ як ҷузъи ҷудоинопазири ҳаёти башар ба ҳисоб меравад, хеле фаровон истифода мешаванд.

Маълум аст, ки афзоиш ёфтани шумораи истифодабарандагони Интернет аз як тараф ва аз сӯи дигар бо рушди илму техника ва раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ба як аслиҳаи муқтадир табдил ёфтани иттилоот, ҳамакнун онробеш аз пеш боаҳамият кардааст.

Воқеан сухан метавонад ҳам созанда бошад, ҳам сӯзанда. Солҳои охир дар сомонаҳои гуногуни интернет як маъракаи огоҳонаву муғризонаи зидди Тоҷикистон идома дорад. Агар ба унвони маводи ғаразнок ва сирф фармоишӣ назар андозем, чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки гӯё давлати мо ба суботи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ муяссар нагаштааст ва дурнамои инкишофи он норавшан аст.

Ҳадафи асосии ҷанги иттилоотӣ, ки бар зидди Тоҷикистон бурда мешавад, бешак ноором сохтани вазъ дар дохили кишвар ва таҳияю эҷоди вектори зиддитоҷикииафкори ҷамъиятӣ дар кишварҳоимуайян ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ки ба ин тариқа мехоҳанд обрӯю нуфуз ва эътибори байналмилалии кишвари моро халалдор кунанд.

Мутобиқи маълумоти таҳлилии коршиносон беш 80 фоизи маводе, ки аз тариқи сомонаҳои интернет дар муқобили кишвари мо интишор шудаанд, аз тӯҳмату бадгӯӣ, матлабҳои ғаразнок ва пешгӯиҳои бебунёд иборат мебошанд.

Ҷиҳати ҳифзи амнияти иттилоотӣ ва таъмини амнияти миллӣ як қатор ибтикороти самарабахш роҳандозӣ гардад:

  • Ҳодисаҳои ахир, ки дар минтақаҳои марзӣ бо Ҷумҳурии Қиғизистон сурат гирифтанд,дар мавриди пешбурди инъикоси фаврии ин ҳодисаҳо ва бахусус омода кардани ҷавоб ба “ҳуҷумҳои иттилоотӣ” – и рақибон барои ҷомеаи байналмиллалӣ ҳанӯз мушкилот дорем. Маълум гардид, ки барои сари вақт таъмин кардани инъикоси воқеъбинона ва пешниҳоди нуқтаи назари расмии давлат ба ҷомеаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мо бажурналистоникасбӣ, ки ба забонҳои рӯсӣ ва англисӣ сари вақт матлабҳои заруриро омода ва пешниҳод карда тавонанд, ниёз дорем. Аз ин лиҳоз бояд чораҳои таъҷилиро дар ин самт, ба хусус дар мавриди тарбияи чунин кадрҳо дар ягон Донишгоҳи муайяни кишвар, ки базаи моддӣ – техникии мувофиқ дорад, ба таври ҷиддӣ амалӣ намоем;
  • Ҳузури фаъолонаи воситаҳои ахбори оммаи расмии кишварро дар шабакаи Интернет бояд тақвият бахшид. Дар ин замина аз таҷрибаи хуби кишварҳои дигар метавон истифода бурд. Ин амр имкон медиҳад, ки мавқеи сегменти тоҷикии Интернет устувор гардида, дар фазои маҷозӣ оид ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик ва арзишҳои миллӣ маводи бештар ва хонданиву ҷолиб интишор шаванд;
  • Фарҳанги кор бо интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун фанни таълимӣ дар мактабҳои миёна мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки феълан шумораи истифодабарандагони интернет аз шумораи наврасон кам нест. Дар ин замина дар самти ба роҳ мондани омӯзиши фанҳои ҷадид, ба мисли саводи расонаӣ-иттилоотӣ ва рақамӣ тадбирҳои амалиро бояд анҷом дод. Таҷрибаи кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки ин корро метавон дар байни қишрҳои мухталифи аҳолӣроҳандозӣ кард, то ки саводнокии расонаӣ ва рақамии онҳо баланд гардида, ба истифодабарандагони огоҳи Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ табдил шаванд ва худро аз ҳама гуна дасткорӣ (манипуляция)-и фазои маҷозӣ муҳофизат намоянд;
  • Масъалаи ҷорӣ кардани назорати волидайн ба дастрасӣ ба интернет барои кӯдакон ва наврасони то 16 сола масъалаи хеле муҳим аст. Бояд дар ин самт қабл аз ҳама корҳои фаҳмонадиҳӣ ва омӯзиширо барои падарону модарон роҳандозӣ кард, то ки онҳо аз шеваи корбарӣ, истифодаи дурусти барномаҳо огоҳ бошад. Ин кор осон нест, аммо онро сарфи назар кардан низ хавф ва таҳдидҳои муайянро ба бор меорад;
  • Далелсанҷӣ, ки омили муҳими муҳофизат аз таҳдидҳои фазои маҷозӣ мебошад, дар доираи соатҳои тарбиявии мактабҳои таҳсилоти миёна ва коллеҷу донишгоҳҳо мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Ин кор имкон медиҳад, ки дар ҳама гуна ҷанги иттилоотӣ манфиатҳои миллӣ ҳимоя карда шаванд.

Шамил Назарӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ